ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • kl боби 1 саҳ. 6-11
  • Шуморо ояндаи хушбахтона интизор аст!

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Шуморо ояндаи хушбахтона интизор аст!
  • Донише, ки роҳнамои ҳаёти ҷовидонист
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • ҲАЁТИ ҶОВИДОНӢ
  • ЗИНДАГӢ ДАР БИҲИШТ
  • ЗИНДАГӢ ДАР БИҲИШТИ БАРҚАРОРШУДА
  • МАЪРИФАТ ВА ОЯНДАИ ШУМО
  • «Дар биҳишт вомехӯрем!»
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2018
  • Дӯстони Худо дар Биҳишт зиндагӣ хоҳанд кард
    Шумо метавонед дӯсти Худо бошед!
  • Худо нисбати замин чӣ ният дорад?
    Худо барои мо хабарҳои нағз дорад!
  • Ҳангоме ки маърифати худоӣ заминро пур мекунад
    Донише, ки роҳнамои ҳаёти ҷовидонист
Маълумоти бештар
Донише, ки роҳнамои ҳаёти ҷовидонист
kl боби 1 саҳ. 6-11

Боби 1

Шуморо ояндаи хушбахтона интизор аст!

1, 2. Офаридагоратон нисбати шумо чӣ мехоҳад?

ОҒӮШИ гарми касе ки дӯсташ медорем. Хандаи завқовар бо дӯстон дар сари дастархон. Бозии дилнавози кӯдакон. Чунин лаҳзаҳо ба мо хурсандӣ мебахшанд. Аммо ҳаёт барои бисёр касон пай дар пай мушкилоти сахтро падид меорад. Агар шумо ҳам яке аз онҳоед, маъюс нашавед.

2 Худо мехоҳад, ки шумо хушбахт бошед ва дар шароити беҳтарин ва муҳити зебо зиндагӣ кунед. Ин орзуву хаёл нест, зеро Худо дар ҳақиқат ба шумо калиди ояндаи хушбахтро пешкаш мекунад. Ин калид дониш доир ба Худост.

3. Кадом дониш калиди хушбахтӣ аст ва барои чӣ мо метавонем итминон дошта бошем, ки Худо ба додани ин дониш қодир аст?

3 Сухан дар бораи маърифати махсус меравад, ки аз ҳикмати одамӣ хеле афзалтар аст. Ин дониш дар бораи Худо аст (Масалҳо 2:5). Тахминан 2 000 сол пеш, яке аз нависандагони Китоби Муқаддас гуфта: «Ҳар хона меъмори худро дорад, валекин меъмори ҳама чиз Худост» (Ибриён 3:4). Дар бораи донише, ки Офаридгор дорои онҳост, як лаҳза андеша намоед! Китоби Муқаддас мегӯяд, ки Худо миқдор ва номи ҳамаи ситораҳоро медонад, бо вуҷуди он ки танҳо дар як Галактикаи мо зиёда аз сад миллиард ситораҳо мавҷуданд ва худи галактикаҳо бошанд, ба ақидаи ситорашиносон тахминан сад миллиарданд! (Забур 146:4). Ҳамчунин Худо ҳама чизро дар бораи мо медонад; аз ин сабаб кӣ метавонад ба саволҳои муҳими мо пурратар ҷавоб диҳад? (Матто 10:30).

4. Барои чӣ мо метавонем аз Худо дастуроте барои роҳнамоиямон интизор бошем ва дар кадом китоб ин дастурот мавҷуд аст?

4 Тасаввур кунед, ки ду нафар ба таъмири мошинҳояшон пардохтанд. Яке аз ӯҳдаи таъмири мошин набаромада, асбобҳояшро ба замин гузошт. Дигаре бесаросемагӣ вайронаро таъмир карда, калидро чархонид ва лабханде зад: мошин ба ҳаракат даромад. Ба осонӣ метавон дарк кард, ки кадоме аз онҳо дастурамали корхонаи истеҳсолкунандаи мошинро дошт. Оё мантиқан дуруст нест, ки Худо ҳам ба мо барои зиндагӣ дастур додааст? Чӣ тавре ки шояд бохабар бошед, Китоби Муқаддас мегӯяд, ки он маҳз ҳамон китоб аст, ки дар он роҳнамоии Офаридгор ва ҳамчунин дониш дар бораи Худо дода шудааст (2 Тимотиюс 3:16).

5. Дониши дар Китоби Муқаддас буда, то чӣ андоза боарзиш аст?

5 Агар тасдиқоти Китоби Муқаддас ҳақ бошад, тасаввур кунед, ки чӣ ганҷинаи донише дар он ғунҷонида шудааст! Ин китоб дар Масалҳо 2:1–5 моро тарғиб мекунад, ки хирадро биҷӯем, мисли ганҷҳои зери хокбуда — на дар «замини» тафаккури одамӣ, балки дар Каломи Худо. Агар мо дар Китоби Муқаддас ҷустуҷӯ намоем, ҳатман «дониши Худоро хоҳем ёфт». Азбаски Худо аз маҳдуд будани имкониятҳои мо ва аз ниёзҳои мо бохабар аст, дастуроти ӯ барои зиндагии осоишта ва хушбахтона доштани мо ёрӣ медиҳад (Забур 102:14; Ишаъё 48:17). Илова бар ин, дониш дар бораи Худо хабари хуши ҳаяҷонбахшро пешниҳод мекунад.

ҲАЁТИ ҶОВИДОНӢ

6. Исо нисбати дониш доир ба Худо чӣ итминоне медиҳад?

6 Исои Масеҳ, ки таърихан дар бораи мавҷудияташ хуб маълум аст, ин ҷиҳати донишро дар бораи Худо равшан тасвир кардааст. Ӯ гуфт: «Ва ҳаёти ҷовидонӣ ин аст, ки Туро, ки Худои ягонаи ҳақиқӣ ҳастӣ ва Исои Масеҳро, ки фиристодӣ, бишносанд» (Юҳанно 17:3). Ба худ тасаввур намоед — ин дониш роҳнамои ҳаёти ҷовидонист!

7. Чӣ гуна далелҳо мавҷуданд, ки Худо намехоҳад, то мо бимирем?

7 Ҳаёти ҷовидониро хаёли хом ҳисобида, ба рад намудан шитоб накунед. Назаре ба сохтори бадани инсон афканед, ки ҳайратовар буда, барои чашидан, бӯидан, ламс кардан, шунидан ва дидан офарида шудааст. Ҳамчунин дар замин бисёр чизҳое мавҷуданд, ки ба шарофати узвҳои ҳисси мо хурсандӣ меоранд: ғизоҳои лазиз, навои хушоҳанги паррандагон, гулҳои муаттар, манзараҳои зебо, ҳамнишини дилпазир... Ва мағзи ҳайратангези сарамон қодир аст, ки чунин чизҳоро дарк карда, аз онҳо лаззат бибарем ва он аз ҳар компютери олидараҷа хеле афзалият дорад. Наход шумо гумон кунед, ки хости Офаридгорамон он аст, ки мо бимирем ва ҳамаи инҳоро ба нестӣ барем? Оё хулоса дар бораи он, ки Ӯ мехоҳад, то мо хушбахтона ва ҷовидона зиндагӣ кунем, мантиқан дурусттар нест? Бале, дониш доир ба Худо барои шумо метавонад чунин маънӣ дошта бошад.

ЗИНДАГӢ ДАР БИҲИШТ

8. Китоби Муқаддас дар бораи ояндаи инсоният чӣ мегӯяд?

8 Ҳар он чӣ ки Китоби Муқаддас дар бораи ояндаи замин ва инсоният мегӯяд, бо як калима хулоса метавон кард: Биҳишт! Исои Масеҳ ҳаминро дар назар дошт, вақте ки ба як одами дар дами маргбуда гуфт: «Бо Ман дар биҳишт ҳоҳӣ буд» (Луқо 23:43). Ваъдаи Биҳишт, бешубҳа, ба он одам ҷои зисти хушбахтонаи нахустволидайнамон — Одам ва Ҳавворо ёдрас мекард. Ҳангоме ки Худо онҳоро офарид, комил буданд ва дар боғе, ки Офаридгор барояшон бино карда буд, зиндагӣ мекарданд. Ба маврид он боғи Адан номида шуд, ки маънояш «боғи ҳаловат» аст.

9. Ҳаёт дар Биҳишти гузашта чӣ гуна буд?

9 Чӣ боғи дилпазире! Биҳишти воқеӣ. Байни он алафҳои сабз рӯида ва дарахтон қад кашида буданд, ки меваҳои лазиз медоданд. Одам ва Ҳавво қаламрави худро аз назар мегузарониданд, оби софу болаззатро менӯшиданд ва меваҳоро аз дарахтон мечинданд — чизе барои тарсу ташвиш вуҷуд надошт. Ҳатто аз ҷониби ҳайвонот низ хатаре таҳдид намекард, зеро Худо онҳоро таҳти назорати меҳрубононаи Одам ва Ҳавво қарор дода буд. Илова бар ин, ҷуфти якуми инсонӣ саломатии хуб дошт. То даме ки гуфтаҳои Худоро иҷро мекарданд, онҳо имконияти ҷовидона хушбахт зиндагӣ карданро доштанд. Ба онҳо кори шавқовар супорида шуда буд — дар бораи хонаи биҳиштиашон ғамхорӣ намудан. Инчунин Худо ба Одаму Ҳавво баракат дода, гуфт: «Заминро пур кунед ва онро тасарруф намоед». Онҳо бо фарзандонашон бояд биҳиштро васеъ мекарданд, то оне ки тамоми сайёра зебову дилпазир гардад (Ҳастӣ 1:28).

10. Исо ҳангоми сӯҳбат дар бораи Биҳишт чиро дар назар дошт?

10 Аммо вақте ки Исо дар бораи биҳишт сухан меронд, ӯ мақсади ҳамон ҳодисаҳои кайҳо гузаштаро ба одами дар дами маргбуда ёдовар кардан надошт. Исо дар бораи оянда сухан мегуфт! Ӯ медонист, ки замоне хонаи умумии мо, яъне Замин — Биҳишт мегардад. Ҳамин тавр Худо нияти аввалаашро нисбати одамизод ва замин иҷро мекунад (Ишаъё 55:10, 11). Оре, Биҳишт барқарор хоҳад шуд! Он чӣ гуна хоҳад буд? Бигузор ба ин савол Каломи Худо, яъне Китоби Муқаддас ҷавоб диҳад.

ЗИНДАГӢ ДАР БИҲИШТИ БАРҚАРОРШУДА

11. Бо беморӣ, пирӣ ва марг дар Биҳишти барқароршуда чӣ рӯй хоҳад дод?

11 Беморӣ, пирӣ ва марг дигар вуҷуд нахоҳад дошт. «Он гоҳ чашмони кӯрон кушода хоҳад шуд, гӯшҳои карон воз хоҳад шуд. Он гоҳ ланг мисли гавазн ҷастухез хоҳад кард ва забони гунг тараннум хоҳад намуд» (Ишаъё 35:5, 6). «Худи Худо бо онҳо [бо одамизод] хоҳад буд ... Ва Худо ҳар ашкро аз чашмони онҳо пок хоҳад кард, ва мамот дигар нахоҳад буд; ва гиря ва фиғон ва дард дигар нахоҳад буд; зеро он чӣ пештар буд, гузашт» (Ваҳй 21:3, 4).

12. Чаро метавонем итминон дошта бошем, ки дар Биҳишти оянда ҷиноят, таҷовуз ва бадӣ вуҷуд нахоҳад дошт?

12 Ҷиноят, таҷовуз ва бадӣ абадан аз миён хоҳад рафт. «Бадкешон маҳв хоҳанд шуд ... Боз андак сабр кун, ва шарир боқӣ нахоҳад монд ... назар хоҳӣ андохт ва ӯ нахоҳад буд. Аммо ҳалимон вориси замин хоҳанд буд» (Забур 36:9–11). «Шарирон аз замин маҳв хоҳанд шуд ва хоинон аз он решакан хоҳанд гардид» (Масалҳо 2:22).

13. Чӣ тавр Худо осоиштагиро барқарор хоҳад кард?

13 Дар рӯи замин осоиштагӣ ҳукмфармо хоҳад шуд. Худо «ба ҷангҳо то ақсои замин хотима дода, камонро шикастааст ва найзаро пора кардааст» (Забур 45:10). «Одил нумӯ хоҳад кард ва сулҳу осоиштагӣ фаровон хоҳад буд, то даме ки моҳ фано нашавад» (Забур 71:7).

14, 15. Китоби Муқаддас дар бораи манзил, кор ва ғизо дар Биҳишти барқароршуда чӣ мегӯяд?

14 Ҳар нафар соҳиби манзили хуб ва кори қаноатбахш хоҳад шуд. «Хонаҳо бино карда, дар онҳо сокин хоҳанд шуд ... Онҳо бино нахоҳанд кард барои он ки дигарон сокин шаванд; онҳо нахоҳанд шинонд барои он ки дигарон бихӯранд; зеро ки рӯзҳои қавми Ман мисли рӯзҳои дарахт хоҳад буд ва баргузидагони Ман аз амали дастҳои худ то ба охир истифода хоҳанд бурд. Бар абас онҳо меҳнат нахоҳанд кард ва барои изтироб нахоҳанд зоид» (Ишаъё 65:21–23).

15 Ғизои солим фаровон мешавад. «Ғалла дар рӯи замин то ба қуллаи кӯҳҳо фаровон хоҳад шуд» (Забур 71:16). «Замин ҳосили худро дод; Худо, Худои мо, моро баракат хоҳад дод» (Забур 66:7).

16. Чаро зиндагӣ дар Биҳишт ҳаловатбахш хоҳад шуд?

16 Ҳаёти ҷовидонӣ дар замини биҳиштӣ ҳаловатбахш мешавад. «Одилон вориси замин хоҳанд буд ва дар он то абад сукунат хоҳанд кард» (Забур 36:29). «Биёбон ва саҳрои хушк ба ваҷд хоҳад омад ва чӯл шод хоҳад гардид, мисли гули савсан хоҳад шукуфт» (Ишаъё 35:1).

МАЪРИФАТ ВА ОЯНДАИ ШУМО

17. а) Агар хоҳед, ки дар Биҳишт зиндагӣ намоед, чӣ кор бояд кунед? б) Аз куҷо медонем, ки Худо дар рӯи замин тағироти азиме падид хоҳад овард?

17 Агар хоҳиши дар Биҳишт зиндагӣ кардан доред, нагузоред, ки чизе садди роҳи шумо барои андӯхтани дониш доир ба Худо гардад. Худо ба инсоният муҳаббат дорад ва тағироти лозимиро барои табдили замин ба биҳишт ба амал хоҳад овард. Агар худи шумо низ қудрати поён додани тамоми азобҳо ва беадолатиҳои ҷаҳонро медоштед, оё ба онҳо хотима намедодед? Магар наметавонем инро аз Худо интизор бошем? Китоби Муқаддас дар бораи замоне сухан мегӯяд, ки Худо ба низоъҳои дилхароши ин тартибот хотима дода, онро бо ҳокимияти комилу боадолат иваз хоҳад кард (Дониёл 2:44). Китоби Муқаддас на танҳо дар бораи ин сухан меронад. Вай нишон медиҳад, ки чӣ тавр дар нобудшавии омадаистода зинда монем ва ба ҷаҳони нави пешбинишудаи Худо роҳ ёбем (2 Петрус 3:13; 1 Юҳанно 2:17).

18. Дониш дар бораи Худо чӣ тавр метавонад ҳозир дар ҳаёти шумо инъикос ёбад?

18 Дониш дар бораи Худо аллакай дар ин замон метавонад барои мо муфид бошад. Дар Китоби Муқаддас ба ҳамаи саволҳои амиқ ва изтиробангези ҳаёти мо ҷавобҳо мавҷуданд. Қабули роҳнамоиҳои он дӯстии шуморо бо Худо ривоҷ хоҳад дод. Чӣ имтиёзи бузурге! Дар дили шумо осоиштагие ҳукмрон хоҳад шуд, ки онро танҳо Худо бахшида метавонад (Румиён 15:13, 33). Иқдоми шумо аз бохабар гаштани ҳамаи ин — корест муҳимтарин ва арзандатарин дар зиндагиатон. Аз фарогирии дониш дар бораи Худо, ки шуморо ба ҳаёти ҷовидона роҳнамоӣ менамояд, ҳеҷ гоҳ пушаймон нахоҳед шуд.

19. Дар боби минбаъда кадом савол муҳокима карда мешавад?

19 Мо ба Китоби Муқаддас муроҷиат мекунем, барои он ки маҳз дар он дониш дар бораи Худо мавҷуд аст. Аммо мо аз куҷо медонем, ки ин китоб маҳсули хиради инсонӣ набуда, балки хеле бартар аз он аст? Ин саволро дар боби оянда муҳокима хоҳем кард.

ДОНИШИ ХУДРО БИСАНҶЕД

Чаро дониш дар бораи Худо метавонад шуморо ба хушбахтии ҷовидона бирасонад?

Зиндагӣ дар замини Биҳиштии оянда чӣ гуна хоҳад буд?

Дониш дар бораи Худо ҳозир чӣ гуна манфиат меоварад?

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан