ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • kl боби 7 саҳ. 62-69
  • Худо барои наҷоти инсоният чӣ иқдом кард

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Худо барои наҷоти инсоният чӣ иқдом кард
  • Донише, ки роҳнамои ҳаёти ҷовидонист
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • БАРОИ НАҶОТИ ИНСОНИЯТ ИНТИХОБ ШУДА БУД
  • ЧАРО МАРГИ МАСЕҲ ЗАРУР БУД
  • ФИДИЯ ЧӢ ГУНА ПАРДОХТА ШУД
  • ФИДИЯИ МАСЕҲ ВА ШУМО
  • Фидя — олитарин инъоми Худост
    Таълимоти Китоби Муқаддас
  • Бузургтарин тӯҳфаи Худо
    Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?
  • Миннатдориатонро барои фидия зиёдтар кунед
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2021
  • Исои Масеҳ кист?
    Худо барои мо хабарҳои нағз дорад!
Маълумоти бештар
Донише, ки роҳнамои ҳаёти ҷовидонист
kl боби 7 саҳ. 62-69

Боби 7

Худо барои наҷоти инсоният чӣ иқдом кард

1, 2. a) Чӣ гуна фармондеҳи румӣ кӣ будани Писари Худоро фаҳмид? б) Барои чӣ Йеҳӯва ба марги Исо роҳ дод?

ТАҚРИБАН 2 000 сол қабл, баҳорон, баъди нисфирӯзӣ фармондеҳи румӣ ба се марде, ки бо азоб тадриҷан мемурданд, менигарист. Диққати ӯро яке аз онҳо бахусус ҷалб карда буд — Исои Масеҳ. Исо ба ғӯлачӯб мехкӯб карда шуда буд. Бо фарорасии марги вай осмон дар нисфирӯз ногузир торик мешуд. Лаҳзаи марги ӯ замин бошиддат ларзид ва мирисад хитоб кард: «Ба ростӣ ин Одам Писари Худо буд» (Марқӯс 15:39).

2 Писари Худо! Он сарбоз ҳақ буд. Ӯ ин лаҳза шоҳиди бузургтарин воқеае шуд, ки то ба ҳол дар рӯи замин рух додааст. Боре худи Худо Исоро Писари маҳбуби худ номида буд (Матто 3:17; 17:5). Пас чаро Йеҳӯва марги Писари Худро раво дид? Зеро ба ин васила Худо инсониятро аз гуноҳ ва марг наҷот доданӣ буд.

БАРОИ НАҶОТИ ИНСОНИЯТ ИНТИХОБ ШУДА БУД

3. Чаро интихоби Писари ягоназоди Худо барои наҷоти инсоният бамаврид буд?

3 Ҳамон тавре ки ба мо аз ин китоб аён гашт, Исо то дар рӯи замин таваллуд шудан дар осмон зиндагӣ мекард. Ӯ Писари ягоназоди Худо номида шуд, чунки ӯро Йеҳӯва худ мустақиман офарид. Пас аз он, Худо Исоро барои офаридани мавҷудоти дигар истифода бурд (Юҳанно 3:18; Қӯлассиён 1:16). Исо бо муҳаббати хосе ба одамон муносибат мекард (Масалҳо 8:30, 31). Ҷои тааҷҷуб нест, ки Йеҳӯва Писари ягоназоди худро барои наҷоти инсоният дар вақте ки онҳо ба марг маҳкум шуда буданд, интихоб кард.

4, 5. То ба рӯи замин омадани Исо Китоби Муқаддас чиро дар бораи Насли Масеҳоӣ хабар медод?

4 Вақте ки Худо дар боғи Адан ба Одам, Ҳавво ва Шайтон ҳукм баровард, Ӯ раҳокунандаи ояндаро «насл» номид. Ин насл ё ки зурриёт бо мурури замон бояд зарареро, ки Шайтон Иблис, «мори қадимӣ» расонида буд, бартараф мекард. Ғайр аз ин, Насли ваъдашуда бояд Шайтон ва онҳоеро ки ба вай пайравӣ мекунанд, несту нобуд кунад (Ҳастӣ 3:15; 1 Юҳанно 3:8; Ваҳй 12:9).

5 Дар давоми асрҳо, Худо тадриҷан дар бораи ин Насл, ки ҳамчунин Масеҳ низ номида шудааст, маълумоти бештаре ошкор мекард. Чӣ тавре ки дар ҷадвали саҳифаи 37 нишон дода шудааст, пешгӯиҳои бисёр дар бораи тарафҳои гуногуни ҳаёти заминии ӯ муфассал хабар медоданд. Масалан, барои иҷрои нақши худ дар мақсуди Худо, ӯ бояд ба рафтори ваҳшиёна тоб меовард (Ишаъё 53:3–5).

ЧАРО МАРГИ МАСЕҲ ЗАРУР БУД

6. Мувофиқи китоби Дониёл 9:24–26 Масеҳ бояд чӣ кор мекард ва чӣ гуна?

6 Нубуввате ки дар Дониёл 9:24–26 омадааст, пешгӯӣ мекард, ки Масеҳ — Тадҳиншудаи Худо, нақши бузургеро иҷро мекунад. Ӯ ба замин меояд, «то ки ҷиноят хотима ёбад, ва гуноҳ нест шавад, ва маъсият кафорат шавад, ва адолати ҷовидонӣ барқарор шавад». Масеҳ одамони содиқро аз ҳукми марг бояд раҳоӣ мебахшид. Аммо ӯ чӣ гуна ин корро карда метавонист? Дар пешгӯӣ фаҳмонида шудааст, ки ӯ «талаф хоҳад шуд».

7. Барои чӣ яҳудиён қурбониҳои ҳайвонӣ меоварданд ва ин қурбониҳо нишонаи чӣ буданд?

7 Исроилиёни қадим бо ақидаи кафорат барои гуноҳ шинос буданд. Мувофиқи Шариате, ки Худо ба воситаи Мусо дода буд, онҳо дар ибодати худ мунтазам ҳайвонҳоро ба қурбонӣ меоварданд. Ин қонун ба исроилиён хотиррасон мекард, ки одамон ба кафорат ё ин ки рӯпӯшии гуноҳҳо ниёз доранд. Павлуси ҳавворӣ дар ин хусус хулоса кард: «Бе рехтани хун омурзиш нест» (Ибриён 9:22). Масеҳиён таҳти шариати Мусо қарор надоранд ва ба иҷрои талаботи он аз қабили овардани қурбонӣ ӯҳдадор нестанд (Румиён 10:4; Қӯлассиён 2:16, 17). Онҳо ҳамчунин медонанд, ки қурбонии ҳайвонҳо наметавонад ҳамешагӣ аз гуноҳҳо тоза кунад. Дар асл қурбониҳо намунаи қурбонии арзишмандтар — қурбонии Масеҳ буданд (Ибриён 10:4, 10; қиёс кунед Ғалотиён 3:24). Шояд бипурсед: оё воқеан лозим буд, ки Масеҳ бимирад?

8, 9. Одам ва Ҳавво чиро аз даст доданд ва амали онҳо ба насли онҳо чӣ таъсире расонд?

8 Бале, барои наҷоти инсоният марги Масеҳ зарур буд. Барои дарки ин мо метавонем воқеаҳои дар боғи Адан рӯйдодаро ба хотир биоварем ва ба фаҳмиши он ки Одаму Ҳавво бо исёни худ бар зидди Худо чиро аз даст доданд, саъй кунем. Онҳо имконияти ҷовидона зиндагӣ карданро доштанд! Илова бар он, чун фарзандони Худо онҳо аз муносибати мустақим бо Ӯ бархурдор буданд. Аммо ҳангоме ки ҳукмронии Йеҳӯваро рад карданд, ҳамаи инро аз даст доданд ва гуноҳ ва маргро бар сари одамизод оварданд (Румиён 5:12).

9 Ин амал монанди он буд, ки нахустин волидони мо сарвати азимеро бар бод дода, ба қарз ғӯтиданд. Одам ва Ҳавво қарзи худро ба наслашон ба мерос гузоштанд. Азбаски ҳеҷ яке аз мо комил ва бегуноҳ таваллуд нашудаем, ҳамаи мо гунаҳкор ва миранда ҳастем. Вақте ки мо бемор мешавем ва ё чизе гуфта баъд пушаймон мегардем, мо гаронии мероси гирифташуда — нокомилии инсониро ҳис мекунем (Румиён 7:21–25). Илоҷи ягона он чизи Одам гумкардаро баргардонидан аст. Аммо мо наметавонем ҳаёти комили инсониро ба даст оварем. Азбаски ҳамаи одамони нокомил гуноҳ мекунанд, ҳамаи мо сазовори марг, на ин ки зиндагӣ ҳастем (Румиён 6:23).

10. Барои бозхариди он чизе ки Одам аз даст дод, чӣ чизе зарур буд?

10 Вале оё метавон чизеро ба ивази ҳаёте, ки Одам аз даст дод, пешниҳод кард? Адолати Худо товони баробарқиматро талаб мекунад — «ҷон бар ивази ҷон» (Хуруҷ 21:23). Инак, барои ҳаёти барбодрафта ҳаётро подош бояд дод. Вале на ҳар ҳаёти инсонӣ ба ин талабот мувофиқат дорад. Дар Забур 48:8, 9 дар бораи инсонҳои нокомил гуфта шудааст: «Касе ҳаргиз барои бародараш фидия намедиҳад; кафораи худро низ ба Худо адо намекунад,— чунки фидияи ҷонашон гаронбаҳост, ва он ҳаргиз муяссар намешавад». Пас умеде боқӣ намондааст? Албатта, не!

11. a) Калимаи «фидия» ба забони ибронӣ чӣ маъно дорад? б) Ягона касе ки метавонист инсониятро боз бихарад, кӣ буд ва чаро?

11 Ба забони ибронӣ калимаи «фидия» маблағеро ифода мекунад, ки барои озод кардани гаравгон медиҳанд ва ҳамчунин ба баробарқиматӣ ишора мекунад. Фақат марди комил метавонист чунин фидия диҳад, ки баробар ба чизи гумкардаи Одам буд. Пас аз Одам дар замин ягона марде, ки комил таваллуд шуд, Исои Масеҳ аст. Аз ин сабаб, Китоби Муқаддас Исоро «Одами охирин» номида, моро бовар мекунонад, ки Масеҳ «Худро ҳамчун фидияе барои ҳама дод» (1 Қӯринтиён 15:45; 1 Тимотиюс 2:5, 6). Ва дар сурате ки Одам ба насли худ маргро мерос дод, Исо ба онҳо ҳаёти ҷовидониро медиҳад. Дар 1 Қӯринтиён 15:22 фаҳмонида шудааст: «Чунон ки дар Одам ҳама мемиранд, ончунон дар Масеҳ ҳама зинда мешаванд». Бинобар ин, Исо бамаврид «Падари ҷовид» номида шудааст (Ишаъё 9:6, 7).

ФИДИЯ ЧӢ ГУНА ПАРДОХТА ШУД

12. Кай Исо ба Масеҳ мубаддал гашт ва ин ба равиши зиндагии ӯ чӣ таъсире гузошт?

12 Тирамоҳи соли 29-уми д. мо Исо барои таъмид гирифтан назди хешованди худ Юҳанно омад, то ки худро барои иҷрои иродаи Худо вогузорад. Он гоҳ Йеҳӯва Исоро бо рӯҳулқудс тадҳин кард ва Исо — Масеҳ, яъне тадҳиншудаи Худо гардид (Матто 3:16, 17). Пас аз он, Исо хидмати рӯҳонии худро оғоз намуд, ки он сею ним сол давом кард. Ӯ дар сарзамини худ сафар карда, дар бораи Салтанати Худо мавъиза менамуд ва пайравони содиқро гирд меовард. Аммо чӣ тавре ки пешгӯӣ шуда буд, ӯ ба муқобилати хеле сахт дучор шуд (Забур 117:22; Аъмол 4:8–11).

13. Кадом рӯйдодҳо Исоро, ки исмати худро комилан нигоҳ дошт, ба марг оварда расониданд?

13 Исо ҷасурона риёкории роҳбарони динро фош мекард ва бинобар ин онҳо дар қасди куштани ӯ буданд. Онҳо нақшаи палидонае сохтанд, ки дар он хиёнат, ҳабси ғайриқонунӣ, мурофиа, айбдоркунии бардурӯғ бар ошӯбгарӣ буд. Исоро мавриди зарбу ситам қарор доданд, ба ӯ туф мекарданд, масхара карда бо тозиёнае ки гӯшти бадани ӯро пора-пора мекард, мезаданд. Баъд ҳокими румӣ Понтий Пилат ӯро ба марг дар сутуни шиканҷа маҳкум кард. Ӯро дар сутун мехкӯб карда, ба тамошои умум бардоштанд. Ҳар як нафаси ӯ пуразоб буд, марги ӯ соатҳо тӯл кашид. Дар таи ин озмоишҳои сахт ӯ дар назди Худо вафодории худро нигоҳ дошт.

14. Барои чӣ Худо ба марг ва ранҷу азоби Писари худ иҷозат дод?

14 Инак, 14-уми нисони соли 33, Исо ҳаёти худро «барои фидияи бисёр касон» дод (Марқӯс 10:45; 1 Тимотиюс 2:5, 6). Йеҳӯва аз осмон ранҷу азоб ва марги Писари маҳбуби худро медид. Пас чаро Худо гузошт, ки чунин воқеъ гардад? Чунки Ӯ одамонро дӯст медошт. Исо гуфт: «Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи Худро дод, то ки ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад» (Юҳанно 3:16). Аз марги Исо ҳамчунин меомӯзем, ки Йеҳӯва — Худои адолати комил аст (Такрори Шариат 32:4). Аммо баъзеҳо ба ҳайрат меафтанд, ки барои чӣ Худо ба таври истисно аз принсипи одилонаи худ, ки ҷон дар ивази ҷонро талаб мекунад, чашм напӯшид, яъне чаро ӯ барои гуноҳи Одам ҷуброн талаб кард. Сабаб дар он аст, ки Йеҳӯва ҳамеша мувофиқи қонунҳои худаш амал карда, онҳоро тақвият медиҳад, ҳатто агар ин ба Ӯ хело гарон афтад.

15. Аз он сабаб, ки ҷовидона дар хоби марг будани Исо ноадолатона мебуд, Йеҳӯва чӣ кор кард?

15 Адолати Йеҳӯва ҳамчунин талаб мекард, ки барои Исо оқибати маргаш ба хубӣ анҷомад. Магар аз рӯи адолат мешуд, ки Исои содиқ дар хоби марг абадан бимонад? Албатта, не! Дар Навиштаҳои ибронӣ пешгӯӣ шуда буд, ки Худо намегузорад, ки бандаи амини вай абадан дар қабр бимонад (Забур 15:10; Аъмол 13:35). Исо се рӯзи нопурра дар хоби марг буд ва баъд Йеҳӯва Худо ӯро ҳамчун шахси рӯҳии пурқудрат ба зиндагӣ бозгардонид (1 Петрус 3:18).

16. Исо баъд аз баргаштан ба осмон чӣ кор кард?

16 Исо абадан аз ҳаёти инсонӣ даст кашид, ӯ бар ҳаёти осмонӣ эҳё шуда ва шахси рӯҳии зиндагибахш гардид. Илова бар ин, вақте ки Исо ба осмон ба қудси қудсҳо — муқаддастарин ҷои даҳр, ба назди Падари азизи худ баргашт, вай расман баҳои ҳаёти комили инсонии худро ба Ӯ пешкаш намуд (Ибриён 9:23–28). Баҳои ин ҳаёти гаронқадр акнун метавонист ба манфиати одамони итоаткор истифода гардад. Ин ҳама барои шумо чӣ аҳамият дорад?

ФИДИЯИ МАСЕҲ ВА ШУМО

17. Мо чӣ гуна метавонем дар асоси қурбонии фидияи Масеҳ бахшиши гуноҳҳоро ёбем?

17 Биёед дида бароем, ки дар кадом се маврид қурбонии фидияи Масеҳ аллакай имрӯз метавонад ба манфиати шумо хидмат кунад. Аввалан, ин омурзиши гуноҳҳоро медиҳад. Агар мо ба хуни рехтаи Исо имон оварем, «мо фидияе пайдо кардаем», бале, «омурзиши гуноҳҳо»-ро дорем (Эфсӯсиён 1:7). Аз ин сабаб, ҳатто агар гуноҳи ҷиддӣ содир кунем, мо метавонем аз Худо ба номи Исо бахшиш пурсем. Ва агар мо дар ҳақиқат тавба кунем, Йеҳӯва қимати фидияи қурбонии Писари худро барои мо ба кор мебарад. Ба ҷои он ки барои гуноҳи содиркардаамон моро ба марг маҳкум кунад, Худо моро мебахшад ва бо виҷдони осуда сарфароз мегардонад (Аъмол 3:19; 1 Петрус 3:21).

18. Қурбонии Исо кадом умедро дар мо ба вуҷуд меоварад?

18 Дуввум он ки қурбонии фидияи Масеҳ асоси умеди мо барои оянда аст. Ҳавворӣ Юҳанно дар рӯъё дид, ки «анбӯҳи бузурги мардум, ки онро ҳеҷ кас наметавонист ба шумор оварад», дар фарҷоми омадаистодаи ин тартиботи шарирона зинда мемонад. Барои чӣ дар он вақте ки Худо одамони зиёдеро нобуд хоҳад кард, инҳо зинда мемонанд? Фариштае ба Юҳанно гуфт, ки ин анбӯҳи бузурги одамон «либосҳои худро шуста, бо хуни Барра [Исои Масеҳ] сафед кардаанд» (Ваҳй 7:9, 14). То он даме ки ба хуни рехтаи Исои Масеҳ имон меоварем ва мувофиқи талабҳои Худо зиндагӣ мекунем, мо дар назари Худо пок хоҳем буд ва умеди ҳаёти ҷовидона хоҳем дошт.

19. Қурбонии Масеҳ чӣ гуна гувоҳӣ медиҳад, ки Исо ва Падараш шуморо дӯст медоранд?

19 Сеюм ин ки қурбонии фидия — бузургтарин далели муҳаббати Йеҳӯва аст. Марги Исо ду муҳаббатеро, ки дар таърихи олам бузургтарин ба ҳисоб меравад, дар худ пайваст: 1) муҳаббати Худо, ки Писари худро фиристод, то ба хотири мо бимирад; 2) муҳаббати Исо, ки ҳаёти худро бо омодагӣ ҳамчун фидия дод (Юҳанно 15:13; Румиён 5:8). Агар мо аз самими дил имон оварем, ин муҳаббат ба ҳар яке аз мо дахл дорад. Павлуси ҳавворӣ гуфт: «Писари Худо маро дӯст дошт ва Худро барои ман таслим кард» (Ғалотиён 2:20; 1 Юҳанно 4:9, 10; Ибриён 2:9).

20. Барои чӣ мо бояд ба қурбонии фидияи Исо имон биоварем?

20 Бинобар ин, биёед, ба қурбонии фидияи Исо имон оварда, сипосгузории худро барои муҳаббати Худо ва Масеҳ изҳор намоем. Ин амал ба ҳаёти ҷовидонӣ роҳнамоӣ мекунад (Юҳанно 3:36). Аммо наҷоти мо мақсади асосии зиндагӣ ва марги Исо дар рӯи замин набуд. Пеш аз ҳама Исоро саволи мубоҳисаомезе, ки ба тамоми даҳр тааллуқ дорад, ба изтироб меовард. Ҳамон тавре ки мо дар боби оянда хоҳем дид, ин савол ба ҳамаи мо дахл дорад, чунки аз он равшан мегардад, ки барои чӣ Худо дуру дароз мавҷудияти бадӣ ва азобҳоро роҳ дода истодааст.

ДОНИШИ ХУДРО БИСАНҶЕД

Чаро барои наҷоти инсоният марги Исо зарур буд?

Фидия чӣ тавр пардохта шуд?

Шумо аз фидия чӣ гуна баҳра мегиред?

[Тасвири саҳифаи 67]

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан