Дарси 13
Ибодати ҳақиқӣ чӣ гуна аст?
Оё ҳама тарзҳои ибодат ба Худо писанданд, ё танҳо як тарз? (1)
Чаро динҳои зиёде мавҷуданд, ки даъвои масеҳӣ будан мекунанд? (2)
Чӣ гуна масеҳиёни ҳақиқиро шинохтан мумкин аст? (3-7)
1. Исо танҳо ба як дини масеҳии ҳақиқӣ асос гузошт. Бинобар ин, имрӯз бояд фақат як ҳайат, ё гурӯҳи парастандагони ҳақиқии Яҳува Худо вуҷуд дошта бошад (Юҳанно 4:23, 24; Эфсӯсиён 4:4, 5). Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки танҳо як гурӯҳи хурди мардум бо роҳи танге, ки сӯи ҳаёт мебарад, равонаанд (Матто 7:13, 14).
2. Китоби Муқаддас пешгӯӣ карда буд, ки баъди марги расулон таълимоти нодуруст ва аъмоли ғайримасеҳӣ тадриҷан ба даруни ҷамъомад роҳ меёбад. Ҳамчунин пешгӯӣ шуда буд, ки баъзеҳо имондоронро гумроҳ хоҳанд кард, то ки ба ҷои Масеҳ ба онҳо пайравӣ кунанд (Матто 7:15, 21-23; Аъмол 20:29, 30). Барои ҳамин, имрӯз мо динҳои зиёди гуногунро мебинем, ки даъвои масеҳӣ будан мекунанд. Чӣ гуна масеҳиёни ҳақиқиро шинохтан мумкин аст?
3. Нишонаи барҷастатарини масеҳиёни ҳақиқӣ муҳаббати воқеии онҳо ба якдигар аст (Юҳанно 13:34, 35). Ба онҳо таълиме дода нашудааст, ки худро аз одамони нажод ё миллати дигар беҳтар ҳисобанд. Ба онҳо ҳамчунин омӯзиш дода нашудааст, ки ба мардуми кишварҳои дигар нафрат дошта бошанд (Аъмол 10:34, 35). Аз ин рӯ, онҳо дар ҷангҳо иштирок намекунанд. Масеҳиёни ҳақиқӣ ба якдигар ҳамчун бародарону хоҳарон муносибат мекунанд (1 Юҳанно 4:20, 21).
4. Нишонаи дигари дини ҳақиқӣ ин аст, ки аъзоёни он ба Китоби Муқаддас эҳтироми чуқур доранд. Онҳо ин китобро ба унвони Каломи Худо қабул мекунанд ва ба гуфтаҳои он эътиқод доранд (Юҳанно 17:17; 2 Тимотиюс 3:16, 17). Каломи Худо барои онҳо муҳимтар аз ақидаҳо ва урфу одатҳои одамӣ мебошад (Матто 15:1-3, 7-9). Онҳо мекӯшанд, ки ҳаррӯза мутобиқи гуфтаҳои Китоби Муқаддас зиндагӣ кунанд. Бинобар ин, рафтори худи онҳо низ ба таълимоташон мувофиқ аст (Титус 1:15, 16).
5. Дини ҳақиқӣ ҳамчунин бояд ба номи Худо эҳтиром дошта бошад (Матто 6:9). Исо номи Худоро ба дигарон шиносонид,— номи Худо Яҳува мебошад. Масеҳиёни ҳақиқӣ ҳам бояд чунин кунанд (Юҳанно 17:6, 26; Румиён 10:13, 14). Киҳо дар маҳалли шумо дар бораи номи Худо сӯҳбат мекунанд?
6. Масеҳиёни ҳақиқӣ бояд дар бораи Салтанати Худо мавъиза кунанд. Исо машғули ин кор буд. Ӯ ҳамеша дар бораи Салтанат сухан меронд (Луқо 8:1). Исо ба шогирдони худ дастур дод, ки ин паёмро дар бораи Салтанати Худо, дар тамоми замин мавъиза кунанд (Матто 24:14; 28:19, 20). Масеҳиёни ҳақиқӣ эътиқод доранд, ки фақат Салтанати Худо сулҳ ва амнияти ҳақиқиро ба рӯи ин замин хоҳад овард (Забур 145:3-5).
7. Шогирдони Исо дар корҳои ин ҷаҳони шарир иштирок намекунанд (Юҳанно 17:16). Онҳо ба сиёсат ва муноқишаҳои иҷтимоӣ дахолат намекунанд. Онҳо аз тарзи фикр, рафтор ва аъмоле, ки имрӯз дар дунё маъмул аст, дурӣ меҷӯянд (Яъқуб 1:27; 4:4). Оё метавонед, ки гурӯҳи мазҳабиеро дар маҳалли зисти худ бишносед, ки ин нишонаҳои масеҳиёни ҳақиқиро дошта бошанд?
[Тасвири саҳифаи 26, 27]
Масеҳиёни ҳақиқӣ ҳамдигарро дӯст медоранд, ба Китоби Муқаддас эҳтиром доранд ва дар бораи Салтанати Худо мавъиза мекунанд