ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • rq дарси 14 саҳ. 28-29
  • Сохтори созмони Шоҳидони Яҳува

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Сохтори созмони Шоҳидони Яҳува
  • Худо аз мо чӣ талаб дорад?
  • Маводи монанд
  • Барои чӣ Худо ташкилот дорад?
    Худо барои мо хабарҳои нағз дорад!
  • Созмон ва фаъолияти умумиҷаҳонии онҳо
    Шоҳидони Яҳува. Онҳо кистанд? Онҳо ба чӣ эътиқод доранд?
  • Шоҳидони Яҳува чӣ тавр таълим мегиранд?
    Саволҳое, ки зуд-зуд дода мешаванд
  • Вохӯриҳои Шоҳидони Яҳува ба шумо чӣ манфиат меоранд?
    То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
Маълумоти бештар
Худо аз мо чӣ талаб дорад?
rq дарси 14 саҳ. 28-29

Дарси 14

Сохтори созмони Шоҳидони Яҳува

Таърихи муосири Шоҳидони Яҳува кай оғоз шуд? (1)

Ҷамъомади Шоҳидони Яҳува чӣ гуна мегузаранд? (2)

Хароҷотҳо аз кадом ҳисоб таъмин мешаванд? (3)

Кӣ дар ҳар ҷамъомад масъул ба роҳбарӣ аст? (4)

Кадом ҷамъомадҳои бузургтаре ҳар сол баргузор мегарданд? (5)

Чӣ коре дар Идораи Марказӣ ва ҳамчунин дар шӯъбаҳои Шоҳидони Яҳува ба анҷом мерасад? (6)

1. Таърихи муосири Шоҳидони Яҳува дар солҳои 1870-ум оғоз шуд. Дар аввал онҳо Муҳаққиқони Китоби Муқаддас номида мешуданд. Лекин дар соли 1931 онҳо ба худ номи бар Китоби Муқаддас асосёфта — Шоҳидони Яҳуваро гирифтанд (Ишаъё 43:10). Аз гурӯҳи дар аввал хурде, шумораи аъзоёни созмони Шоҳидони Яҳува имрӯз ба чанд миллион расидааст, ки дар зиёда аз 230 мамлакат мавъиза мекунанд.

2. Аксарияти ҷамъомадҳои Шоҳидони Яҳува дар як ҳафта се вохӯрӣ доранд. Ҳама хоҳишмандон ба ин вохӯриҳо даъват мешаванд (Ибриён 10:24, 25). Таълимот бар Китоби Муқаддас асос ёфтааст. Вохӯриҳо бо дуо оғоз ва хотима меёбанд. Дар аксари вохӯриҳо ҳамчунин аз самими дил «сурудҳои рӯҳонӣ» хонда мешаванд (Эфсӯсиён 5:18, 19). Даромад озод ва бепул аст ва чизе ҷамъоварӣ намешавад (Матто 10:8).

3. Аксарияти ҷамъомадҳо вохӯриҳои худро дар Толори Салтанат мегузаронанд. Ин толорҳо одатан биноҳои сохташон оддиест, ки онро ихтиёриён аз ҷумлаи Шоҳидони Яҳува бунёд кардаанд. Шумо дар ин Толорҳои Салтанат ягон тасвир ё салиб, ё чизҳои дигари ба ин монандро нахоҳед дид. Хароҷотҳо аз ҳисоби хайрияҳое, ки ихтиёран дода мешаванд, таъмин мегарданд. Барои касоне ки мехоҳанд хайрия бидиҳанд, сандуқи хайрия мавҷуд аст (2 Қӯринтиён 9:7).

4. Дар ҳар ҷамъомад пирон ё нозирон мавҷуданд. Онҳо ба роҳбарӣ дар таълимоти ҷамъомад масъул ҳастанд (1 Тимотиюс 3:1-7; 5:17). Ба онҳо ходимони ёвар кӯмак мекунанд (1 Тимотиюс 3:8-10, 12, 13). Ходимони номбаршуда аз аъзоёни дигари ҷамъомад болотар нестанд (2 Қӯринтиён 1:24). Онҳо ба худ унвонҳои хосе намегиранд (Матто 23:8-10). Либоси онҳо аз дигарон фарқ надорад. Ҳеҷ яки онҳо барои коре, ки иҷро мекунанд, музд намегиранд. Пирон бо майли худ дар бобати ниёзҳои рӯҳонии ҷамъомад ғамхорӣ мекунанд. Ҳангоми рӯй додани мушкилиҳо, онҳо метавонанд дигаронро тасалло диҳанд ва ҳидоят намоянд (Яъқуб 5:14-16; 1 Петрус 5:2, 3).

5. Шоҳидони Яҳува ҳар сол ҳамчунин ҷамъомадҳои оммавӣ ё анҷуманҳо баргузор мекунанд. Дар ин вақт ҷамъомадҳои зиёде барои шунидани барномаи махсуси омӯзиши пандҳои Китоби Муқаддас ҷамъ меоянд. Таъмиди шогирдони нав як қисми ҳамешагии барномаи ҳар анҷуман аст (Матто 3:13-17; 28:19, 20).

6. Шоҳидони Яҳува дорои Идораи Марказии Умумиҷаҳонӣ ҳастанд, ки он дар Ню-Йорк ҷойгир аст. Дар он Ҳайати Роҳбарикунанда мавҷуд аст, ки аз пирони ботаҷриба иборат мебошад ва бар тамоми ҷамъомадҳои ҷаҳон сарпарастӣ мекунад. Ҳамчунин беш аз 100 шӯъбаҳои он дар дунё мавҷуданд ва дар онҳо ихтиёриён барои чоп ва фиристодани адабиёти бар Китоби Муқаддас асосёфта кӯмак менамоянд. Аз он ҷо ҳамчунин дастурот ва роҳнамоиҳо барои созмондиҳии кори мавъиза дода мешаванд. Чаро дидани шӯъбаи наздиктарин бар маҳалли зистатонро ба нақша нагиред?

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан