Дарси 16
Қарори шумо барои хидмат ба Худо
Чӣ кор бояд кунед, то дӯсти Худо шавед? (1, 2)
Чӣ гуна худро ба Худо бахшида метавонед? (1)
Кай таъмид бояд гирифт? (2)
Барои ба Худо вафодор мондан аз куҷо қувват гирифта метавонед? (3)
1. Барои дӯсти Худо шудан, шумо бояд дар бораи ҳақиқат аз Китоби Муқаддас дониш бигиред (1 Тимотиюс 2:3, 4), ба чизҳое ки омӯхтед, имон оваред (Ибриён 11:6), аз гуноҳҳои худ тавба кунед (Аъмол 17:30, 31) ва тарзи зиндагии худро тағир диҳед (Аъмол 3:19). Баъд аз ин, муҳаббати шумо ба Худо, бояд шуморо бар он барангезад, ки худро ба Ӯ бахшед. Ин маънои онро дорад, ки шумо дар дуои шахсӣ ба Худо мегӯед, ки худро ба Ӯ мебахшед, то ки иродаашро иҷро кунед (Матто 16:24; 22:37).
2. Баъд аз он ки худро ба Худо бахшидед, бояд таъмид бигиред (Матто 28:19, 20). Таъмид ба ҳама маълум менамояд, ки шумо худро ба Яҳува бахшидаед. Аз ин сабаб, таъмид танҳо барои касоне аст, ки синну солашон барои қабули ин гуна қарори хидмат ба Худо мувофиқ аст. Вақте ки касе таъмид мегирад, бояд бадани ӯ пурра лаҳзае зери об шавадa (Марқӯс 1:9, 10; Аъмол 8:36).
3. Баъд аз он ки худро ба Яҳува бахшидед, Ӯ аз шумо интизор аст, ки мутобиқ ба ваъдаи худ зиндагӣ мекунед (Забур 49:14; Воиз 5:4, 5). Иблис саъй менамояд, ки шуморо аз хидмат ба Яҳува боздорад (1 Петрус 5:8). Аммо ба Худо дар дуо наздик шавед (Филиппиён 4:6, 7). Каломи Ӯро ҳар рӯз омӯзед (Забур 1:1-3). Бо ҷамъомад пайванд бошед (Ибриён 13:17). Бо иҷрои ҳамаи ин корҳо, шумо қуввати лозимиро барои вафодор мондан ба Худо дарёфт хоҳед кард. Ҳамин тавр, ҷовидона метавонед он чизеро ки Худо аз шумо талаб мекунад, иҷро намоед!
[Эзоҳ]
a Мутолиаи китоби “Донише, ки роҳнамои ҳаёти ҷовидонист” ва ё ҳамин гуна китоби дигаре, ки тавассути Шоҳидони Яҳува ба чоп расидааст, барои омодагӣ ба таъмид тавсия мешавад.