ДАРСИ 20
Хулосаи хуб
Воиз 12:13, 14
МАҚСАДИ ДАРС: Дар хотима шунавандагонро даъват кунед, ки чизҳои омӯхтаашонро ба хотир гиранд ва дар ҳаёт ба кор баранд.
ИНРО ЧӢ ТАВР КУНЕМ?
Хулосаро бо мавзӯъ пайваст кунед. Мавзӯъ ва фикрҳои асосии онро такрор кунед.
Ба амал барангезед. Ба шунавандагон фаҳмонед, ки чӣ кор кунанд ва барои чӣ. Бо боварӣ гап занед.
Хулосаро кӯтоҳ ва одӣ гӯед. Дар хулоса фикрҳои навро дохил накунед. Бо як-ду даҳан гап ба амал кардан даъват кунед.