ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • scl саҳ. 3-4
  • Пешгуфтор

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Пешгуфтор
  • Оятҳои пандомӯз барои ҳаёту хизмат
Оятҳои пандомӯз барои ҳаёту хизмат
scl саҳ. 3-4

Пешгуфтор

Хонандагони азиз, китоби «Оятҳои пандомӯз барои ҳаёту хизмат» дар вақти тангӣ барои ба осонӣ ёфтани оятҳо ва порчаҳои даркории Китоби Муқаддас ба шумо ёрдам мекунад. Аз он шумо метавонед оятҳои мувофиқро ёфта, дигаронро обод кунед ва барои баровардани қарорҳое, ки Яҳуваро ҷалол медиҳанд, ба онҳо кумак расонед. Истифодаи ин китоб осон аст. Мавзуи даркориро интихоб карда, дар бораи саволҳо, мисолҳои Китоби Муқаддас ва шарҳҳои кӯтоҳе, ки зери он оварда шудаанд, мулоҳиза ронед. (Нигаред ба чорчӯбаи «Тарзи истифодаи ин адабиёт».) Ҳамин тавр шумо метавонед маслиҳатҳои пандомӯзу тасаллибахши Китоби Муқаддасро ёбед. Ҳамчунин метавонед ганҷҳои пурқиматро дарёфт намуда, ба дигарон тасаллию рӯҳбаландӣ бахшед.

Тарзи истифодаи ин адабиёт

Барои ёфтани мавзуи дилхоҳ саҳифаи ҷустуҷӯро истифода баред ё бахши лозимаро кушоед. Китоби «Оятҳои пандомӯз барои ҳаёту хизмат» аз ҳафт бахш иборат аст: душвориҳо, дӯстӣ бо Яҳува, оила, рафтор, хислатҳо, ҳаёти ҳаррӯза ва ҷамоат. Аз ин ё он бахш шумо мавзуъҳои зиёдеро ёфта метавонед. Барои ин бахши лозимаро интихоб карда, мавзуи даркориятонро зер кунед. Агар дилпур набошед, ки аз ягон бахш мавзуи дилхоҳатонро меёбед, «Ҳама»-ро интихоб кунед ва аз рӯйхат мавзуи лозимаро кобед. Дар ҳар мавзуъ бо ҳарфҳои ғафс фикрҳои асосӣ оварда шудаанд, баъзеи ин ҷумлаҳо ҳикоягиянду баъзеяшон саволӣ. Зери ин ҷумлаҳо бо ҳарфҳои ғафс оятҳоро дида метавонед. Ҳангоми хониши оятҳо мулоҳиза ронед, ки чӣ тавр онҳо бо фикри асосии ҷумлаҳо алоқаманданд. Баъзе мавзуъҳо ба бахшҳо тақсим шудаанд, то шумо маълумоти заруриро зуд ва ба осонӣ ёфта тавонед. Дар мавзуъҳои дигар бошанд, баъди ибораи «Ҳамчунин нигаред ба» оятҳои иловагӣ оварда шудаанд, ки фикрҳояшон бо мавзуъ алоқаманданд. Инчунин дар бисёр ҷойҳо чунин навиштаҷотро вохӯрдан мумкин аст: «Мисол(ҳо) аз Китоби Муқаддас». Зери он шарҳи кӯтоҳе оварда шудааст, ки диққатро ба фикри асосии оятҳо равона месозад ва барои андешаронӣ ёрдам мекунад.

Дар ин китоб танҳо он оятҳое, ки зуд-зуд истифода мешаванд, оварда шудаанд. Шумо метавонед аз оятҳои ҳошия ва маълумоти омӯзишии «Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав» (агар он ба забони бароятон фаҳмо дастрас бошад) оятҳои дигарро ёбед. Барои тадқиқоти иловагӣ бошад, «Роҳнамо барои Шоҳидони Яҳува» ва «Индекси адабиёти ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ»-ро истифода бурдан мумкин аст (Пнм 2:1–6). Маводро аз адабиёти солҳои охир, ки он ҷо оятҳои Китоби Муқаддас аз рӯйи фаҳмиши нав маънидод шудаанд, хонед.

Бигзор китоби «Оятҳои пандомӯз барои ҳаёту хизмат» ба шумо дар пайдо кардани хирад, дониш ва фаҳме, ки дар Навиштаҳои Муқаддас ниҳонанд, кумак кунад. Умедворем, ки истифодаи ин адабиёт ба «зиндаву таъсирбахш» будани Каломи Худо дилпурии шуморо дучанд мегардонад (Ибр 4:12).

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан