ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w15 15.11. саҳ. 15
  • Саховатмандӣ баракат меорад!

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Саховатмандӣ баракат меорад!
  • Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2015
  • Маводи монанд
  • Барои чӣ Ғизолро одамон дӯст медоштанд
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2011
  • Ҷамоат «ба муддате оромӣ ёфт»
    Як ба як дар бораи Подшоҳии Худо шаҳодат диҳед
  • Шумо низ мисли Петрус устувор монда метавонед
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2023
Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2015
w15 15.11. саҳ. 15

Саховатмандӣ баракат меорад!

ИН ВОҚЕА дар шаҳри Ёфо, ки дар соҳили Баҳри Миёназамин қарор дорад, рӯй дод. Дар яке аз болохонаҳои он зане дар бистар хобидааст. Ин зан аз касалие мурдааст. Номи ӯ Тобито мебошад, ӯро ҳамчунин Ғизол меноманд. Ӯ яке аз пайравони Масеҳ буд. Вақте Ғизол мемирад, ду шахсро ба шаҳри Лидда, ки дар ҳамсоягӣ ҷойгир аст, мефиристанд, то Петруси ҳаввориро гирифта оранд.

Петрусро ба болохона, ки он ҷо занон гиря карда истодаанд, меоранд. Онҳо Ғизолро дӯст медоштанд, чунки ӯ барояшон бисёр корҳои нек карда буд. Занон ба Петрус куртаҳоеро, ки ӯ барояшон дӯхта буд, нишон медиҳанд. Чун пайрави Масеҳ, аз афташ, Ғизол боғайратона дар бораи Салтанати Худо мавъиза мекард. Лекин ҳоло Петрус барои Ғизол чӣ кор карда метавонад? Охир ӯ мурдааст-ку!

Дар аввал Петрус ҳамаро аз хона берун мекунад. Сипас зону зада дуо мегӯяд ва ба тарафи ҷасад нигоҳ карда мегӯяд: «Эй Тобито! Бархез!» Ва Тобито чашмонашро мекушояд! Ӯ зинда мешавад! Баъд Петрус ба ӯ кӯмак мекунад, ки аз ҷояш хезад.

Баъд Петрус дигаронро ҷеғ мезанад. Вақте онҳо Ғизолро зиндаю саломат мебинанд, хеле хурсанд мешаванд. Дар ҳақиқат, ин мӯъҷиза ва баракати бузургест (Аъм. 9:36, 42).

Мо аз ин воқеа чӣ дарсе мегирем? Шахсе ки аз пайи некӣ кардан аст ва барои ин вақт, қувва ва қобилияташро сарф мекунад, соҳиби баракатҳо мешавад. Ғизолро барои некиҳояш на фақат заноне ки барояшон курта дӯхта буд, балки Яҳува низ дӯст медошт. Ана барои чӣ Яҳува ба Петрус қудрат дод, ки ӯро зинда кунад.

Биёед дарси зеринро фаромӯш насозем: агар саховатманд бошем, дигарон моро бо меҳру муҳаббат ба ёд меоранд. Ғайр аз ин саховатмандӣ ин яке аз хислатҳои муҳимест, ки ба туфайли он Худо моро дар хотир нигоҳ медорад. Ӯ бошад, ба мо ҳаёт дода метавонад — ҳаёти ҷовидона дар дунёи нав (Мас. 11:25; 1 Юҳ. 2:17).

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан