Аз хазинаи мо
Нигоҳдории ганҷҳои гузашта
ХАЛҚИ Яҳува мероси таърихии хеле бой дорад. Маълумоти шавқоварро мо на танҳо аз адабиётҳоямон, балки ҳамчунин аз суратҳо, номаҳо, нақлҳои шахсони алоҳида ва аз чизҳои дигаре, ки бо ибодат, кори мавъиза ва таърихи ташкилотамон алоқаманданд, фаҳмида метавонем. Вале нигоҳ доштани ин чизҳо ва чуқур омӯхтани таърихи гузаштаи худ ба мо чӣ манфиат меорад? Масалан, дар Исроили қадим сардори оилаҳо бояд ба писаронашон дар бораи қонунҳо ва корҳои бузурги Яҳува нақл мекарданд, то ки онҳо тавонанд «ба Худо таваккал намоянд» (Заб. 77:1–7).
Инак вақти дурудароз аст, ки таҳқиқи сарчашмаҳои таърихӣ дар иҷрошавии нияти Яҳува нақш мебозад. Масалан, вақте ки душманони халқи Худо кори сохтмони маъбади Ерусалимро боздоштанӣ шуданд, дар хазинаи пойтахти Модай, шаҳри Аҳмато, кофтукови ҳуҷҷатҳо гузаронда шуд ва дар натиҷа ҳуҷҷате ёфт шуд, ки дар он шоҳ Куруш чунин сохтмонро амр дода буд (Эзр. 6:1–4, 12). Ҳамин тариқ, маъбад мувофиқи иродаи Худо аз нав барқарор карда шуд. Сарчашмаҳои таърихиро нависандаи Инҷил, Луқо, низ истифода бурд, то ки «ҳама чизро аз худи аввал бодиққат тадқиқ» намояд (Луқ. 1:1–4).
Ҳайати Роҳбарикунанда ба таърихи теократии мо аҳамияти калон медиҳад. Як аъзои Ҳайати Роҳбарикунанда шарҳ дод, ки нигоҳ доштан, навиштан ва аз насл ба насл додани мероси рӯҳонии мо то чӣ андоза муҳим аст. Ӯ гуфт: «Барои донистани он ки мо ба куҷо рафта истодаем, мо бояд донем, ки аз куҷо омадем». Барои ҳамин зери роҳбарии Шӯъбаи нависандагӣ дар Идораи марказӣ, дар Бруклин (Ню-Йорк), Хазинаи Шӯъбаи нависандагӣ таъсис дода шуд.
«АЛБОМИ ОИЛАВӢ» ВА «МЕРОСИ АҶДОДӢ»–И МО
Бо мурури замон, вақте ки гузашта дар қафо мемонад, аксарияти мо эҳтимол афсӯс мехӯрем, ки дар бораи воқеаҳои аҷоиби оилаи худ сурат ё наворро нигоҳ надоштем. Хазинаи Шӯъбаи нависандагӣ барои нигоҳ доштану ҳуҷҷатӣ кунондани таърихи бою афзудаистодаи мо ҳоло боғайратона меҳнат карда истодааст. Суратҳоеро, ки дар хазина эҳтиёткорона нигоҳ дошта мешаванд, қисми «албоми оилавии» ташкилотамон номидан мумкин аст. Адабиётҳои солҳои пешин, нақлҳои ҳаяҷоновар аз забони худи иштирокчиёни воқеа ва чизҳои хотиравии пурарзиш низ аз ҷумлаи ганҷҳоеанд, ки дар Хазина нигоҳ дошта мешаванд. Ин чизҳо чун «мероси аҷдодӣ» моро аз таърихи теократиамон бохабар месозанд ва ёрӣ медиҳанд, ки ба ояндаи оилаи рӯҳониамон бо дилпурӣ нигоҳ кунем.
Мо шуморо таклиф мекунем, ки ба воситаи рубрикаи нави «Аз хазинаи мо» бо Хазинаи Шӯъбаи нависандагӣ наздиктар шинос шавед. Он вақт аз вақт дар нашри омӯзишии «Бурҷи дидбонӣ» чоп хоҳад шуд.
Мисли албоми хотиравии оила, маводе, ки Хазина ҷамъ мекунад, ба мо дар бораи мо ва аҷдодони рӯҳониамон бисёр чизро нақл мекунад. Мо оиди имон ва далерии шахсони пешин, оиди хурсандӣ ва душвориҳои касоне, ки ба Падари пурмеҳри осмониамон хизмат мекарданд ва дар бораи роҳнамоии Худо ва дастгирии сустнашавандаи Ӯ ба халқаш бисёр чизро мефаҳмем (Такр. Шар. 33:27). Мо боварӣ дорем, ки Яҳува кӯшишҳоеро, ки барои нигоҳ доштани таърихи рӯҳониамон сарф шуда истодаанд баракат медиҳад, то ки мо аз ҳарвақта бештар муттаҳид ва устувор гашта иродаи Ӯро ба ҷо орем.
[Чорчӯба/Тасвир дар саҳифаи 31]
Хубтар шинос мешавем
Дар давоми тайёр кардани адабиётҳои масеҳӣ, филмҳо ва дигар маводҳои бар Китоби Муқаддас асосёфта, нависандагон, рассомон, таҳқиқоткунандагон ва дигар бародарону хоҳаронамон захираҳои Хазинаро истифода мебаранд. Аз ин рӯ, Хазинаи Шӯъбаи нависандагӣ барои ҷамъ кардани шумораи васеи маълумотҳои таърихӣ ғамхорӣ мекунад ва чораҳои амалӣ меандешад. Чунин маълумотро Хазина аз сарчашмаҳои зерин ба монанди филиалҳо, шӯъбаҳои Байт–Ил, ҷамъомадҳо, шахсони алоҳида ва ташкилотҳои ҷаҳонӣ ҷамъ меорад. Биёед бо рафти кори онҳо шинос шавем.
Бадасторӣ ва таҳқиқ. Ба фонди Хазина мунтазам чизҳои аҷоиб илова карда мешаванд. Бисёри онҳо аз тарафи шахсоне, ки оилаашон даҳсолаҳо боз ба Яҳува содиқона хизмат мекунанд, саховатмандона хайрия карда мешаванд ё муваққатан дода мешаванд. Таҳқиқу муқоисаи чунин маводҳо фаҳмиши моро оиди таърихи ташкилотамон ва онҳое, ки дар давоми он зиндагӣ кардаанд, зиёд мегардонад.
Ба рӯйхат даровардан. Дар Хазинаи Шӯъбаи нависандагӣ ҳазорон чизу ашёҳое ҳастанд, ки баъзеи онҳо аз сад сол ҳам зиёд вуҷуд доранд. Онҳо шаклу андоза ва намудҳои гуногун доранд ва барои истифодаи оянда бояд бодиққатона ба рӯйхат дароварда шаванд.
Таъмир ва эҳтиёткунӣ. Чизҳо ва китобҳои қадима ба таври устокорона таъмир ва нигоҳ дошта мешаванд. Ҳуҷҷатҳо, суратҳо, порчаҳои аз рӯзномаҳо гирифташуда, филмҳо ва сабтҳо ба компютер дароварда мешаванд. Ҳамин тавр онҳоро ба воситаи компютер дидан мумкин аст ва ин имконият медиҳад, ки нусхаҳои аслӣ ва дигар чизҳои арзиши таърихидошта зарар набинанд.
Нигоҳдорӣ ва истифодабарӣ. Маводҳои дар Хазина буда дар ҷои махсуси бехатар ба таври лозима нигоҳ дошта мешаванд, то ки гум нашаванд ва аз равшанӣ ё намӣ зарар набинанд. Ҳоло барои тартиб додани барномаи компютерӣ барои базаи маълумотҳо кор рафта истодааст, ки ин барои таҳқиқ ва истифодабарии ганҷҳои пурқиммати таърихи гузаштаи мо кӯмак мерасонад.
[Тасвир дар саҳифаи 32]
1. Эълон дар бораи «Фотодрамаи офариниш». 2. Рӯйхати обунашудагон. 3. Мошини радиодор. 4. Муқоваи «Бурҷи дидбонӣ» аз 15 апрели соли 1912. 5. Ҳуҷҷат оиди ҳабси Ҷ. Ф. Рутерфорд. 6. Микрофони радиостансияи WBBR. 7. Патифон. 8. Қуттӣ барои бурдани китобҳо. 9. Қайдҳои шахсӣ. 10. Телеграмма ба Ҷ. Ф. Рутерфорд.