Калидҳои хушбахтии оила
Вақте ки фарзанди наврасатон нисбати дини шумо шубҳа пайдо мекунад
Бисёри фарзандон ба воя расида дини волидонашонро қабул мекунанд (2 Тимотиюс 3:14). Лекин, баъзеҳо чунин намекунанд. Шумо чӣ кор карда метавонед, агар фарзанди ба воя расидаистодаатон ба дини шумо шубҳа пайдо кунад? Дар ин мақола дида мебароем, ки чӣ тавр Шоҳидони Яҳува ин душвориро ҳал карда метавонанд.
«Ман дигар дини волидонамро пайравӣ кардан намехоҳам. Бас, ман дигар ин корро карда наметавонам» (Кора, 18 солаa).
ШУМО боварӣ доред, ки дини шумо дар бораи Худо ҳақиқатро таълим медиҳад. Шумо эътимод доред, ки Китоби Муқаддас роҳи беҳтарини ҳаётро нишон медиҳад. Аз ин рӯ, табиист, ки шумо арзишҳои худро ба фарзандатон талқин кардан мехоҳед (Такрори Шариат 6:6, 7). Лекин, чӣ бояд кард, агар фарзандатон ба воя расида шавқашро ба чизҳои рӯҳонӣ гум кунад?b Чӣ бояд кард, агар ӯ маҳз ба он дине, ки дар хурдсолӣ ба назаратон гӯё вай бо шавқ бовар мекард, шубҳа пайдо кунад? (Ғалотиён 5:7).
Агар чунин рӯй диҳад, шумо гумон накунед, ки чун волидони масеҳӣ аз ӯҳдаи масъулияти худ набаромадед. Чӣ хеле ки ҳоло дида мебароем, баъзе чизҳои дигар низ ба ин сабаб шуда метавонанд. Вале инро донед: аз он ки шумо чӣ тавр шубҳаҳои ӯро бартараф мекунед, вобаста аст, ки ӯ ба дини шумо наздиктар мешавад ё аз он боз ҳам дуртар мешавад. Агар шумо оиди ин масъала бо фарзанди наврасатон ҷанг эълон кунед, шумо дар муҳорибаи шадид қарор доред — дар муҳорибае, ки эҳтимол шумо аллакай мағлубшуда ҳисоб меёбед (Қӯлассиён 3:21).
То чӣ андоза беҳтар аст гӯш додан ба насиҳати Павлуси ҳавворӣ. «Бандаи Худованд набояд ҷанҷол кунад,— гуфт ӯ,— балки бо ҳама меҳрубон, омӯзгор ва сабур бошад» (2 Тимотиюс 2:24). Чӣ тавр шумо «омӯзгор» буда метавонед, агар фарзанди наврасатон ба дину эътиқоди шумо шубҳа пайдо кунад?
Бо фаҳмиш амал кунед
Аввал, кӯшиш кунед фаҳмед, ки кадом омилҳо ба чунин нуқтаи назар доштани фарзанди наврасатон шояд мусоидат карданд. Масалан:
▪ Оё вай худро танҳо ҳис мекунад ва дар ҷамъомад дӯсте надорад? «Азбаски ман мехостам, ки дӯст дошта бошам, ман бо якчанд ҳамсинфонам дӯстӣ пайдо кардам ва ин дар давоми чанд сол барои рӯҳан пеш рафтани ман халал мерасонд. Асосан аз сабаби бо ёрони бад муошират карданам ман ба чизҳои рӯҳонӣ шавқамро гум кардам, ва ҳоло хеле пушаймонам» (Ленор, 19 сола).
▪ Оё вай боварӣ ба худашро гум кардаасту аз ин сабаб дар бораи имонаш гап задан барояш душвор аст? «Вақте ки ман дар мактаб мехондам, ман барои ба ҳамсинфонам дар бораи имонам шаҳодат додан сустӣ мекардам. Ман метарсидам, ки онҳо маро шахси бегона ҳисоб мекунанд ё масхара мекунанд. Ҳар бачае, ки аз дигарон фарқ мекард, рад карда мешуд ва ман намехостам, ки бо ман чунин рӯй диҳад» (Рамон, 23 сола).
▪ Оё аз рӯи меъёрҳои масеҳӣ зистан барои вай аз ҳад душвор метобад? «Ман ҳис мекунам, ки ваъдаи Китоби Муқаддас оиди ҳаёти ҷовидона гӯё дар нӯги як нардбонесту ман ба зинапояҳои он ҳатто қадам намондаам; ман дурам, хеле дур аз онҳо. Тарси ба нардбон баромадан ба дараҷае калон буд, ки ман фикр мекардам, ки аз эътиқодам гардам» (Рене, 16 сола).
Проблемаро муҳокима кунед
Фарзанди навраси шумо бо кадом мушкилӣ дучор шудааст? — Роҳи беҳтарини муайян кардани он аз худаш пурсидан аст! Лекин эҳтиёт бошед, ки муҳокима ба баҳс табдил наёбад. Баръакс, аз рӯи панди дар Яъқуб 1:19 додашуда амал кунед: «Ҳар кас дар шунидан бошитоб, дар гуфтан оҳиста ва дар хашм оҳиста бошад». Бо ӯ пуртоқат бошед. Бо вай чун бо шахси берун аз оилаатон «бо тамоми пурсабрӣ» ва «омӯзгорӣ» рафтор кунед (2 Тимотиюс 4:2).
Масалан, агар фарзанди навраси шумо ба вохӯрии масеҳӣ рафтан нахоҳад, кӯшиш кунед фаҳмед, ки чӣ барои вай гарон аст. Вале инро босаброна кунед. Агар волидон монанди мисоли дар поён овардашуда амал кунанд, онҳо дили фарзанди наврасашонро ба даст оварда наметавонанд.
Писар: Ман дигар ба ҷамъомад рафтан намехоҳам.
Падар: [бо оҳанги қаҳролуд] «Рафтан намехоҳам»–аш боз чӣ?
Писар: Ман дар он ҷо зиқ мешавам, ва тамом!
Падар: Ҳоло фикри ту дар бораи Худо ҳамин хел? Ту кори вайро зиқӣ меҳисобӣ? Инаш акнун аз ҳад! То даме ки ту дар як хона бо мо зиндагӣ мекунӣ, хоҳӣ нахоҳӣ бо мо меравӣ!
Худо талаб мекунад, ки волидон дар бораи Ӯ ба фарзандонашон таълим диҳанд ва фарзандон ба волидонашон итоат кунанд (Эфсӯсиён 6:1). Лекин, шумо намехоҳед, ки фарзандатон фақат кӯр–кӯрона аз рӯи реҷаи рӯҳонии шумо амал кунад ва ба вохӯриҳои масеҳӣ бо дили нохоҳам равад. Шумо мехостед, ки вай ин корҳоро аз муҳаббат ба Яҳува кунад.
Шумо муваффақияти бештар ба даст меоред, агар душвориҳои асосиеро, ки ба муносибати вай таъсир мекунанд, аниқ созед. Бо назардошти ин, фикр кунед, ки чӣ тавр проблемаи дар сӯҳбати боло муҳокимашударо ба таври самараноктар ҳал кардан мумкин аст.
Писар: Ман дигар ба ҷамъомад рафтан намехоҳам.
Падар: [оромона] Барои чӣ ин хел мегӯӣ?
Писар: Ман дар он ҷо зиқ мешавам, ва тамом!
Падар: Як соат ё ду соат нишастан душвор буда метавонад. Барои ту кадом чиз аз ҳама душвор?
Писар: Ман намедонам. Ман ҳис мекунам, ки дар ягон ҷои дигар бошам барои ман беҳтар аст.
Падар: Ин бо доштани дӯстон алоқаманд аст?
Писар: Ҳа, проблемаи ман ҳамин аст. Ман ягон дӯст надорам — ба ҳар ҳол ҳозир. Аз он вақте ки дӯсти беҳтаринам бо оилаашон кӯчида рафтанд, касе нест, ки ман бо вай гап занам! Ҳамаи дигарон вақташонро нағз мегузаронанд. Ба назарам ман ба ҳеҷ кас даркор нестам!
Дар ин сӯҳбат падар фарзанди наврасашро ба озодона баён кардани фикраш барангехта, на танҳо решаи проблемаро, ки дар ин маврид танҳоӣ буд, аниқ кард, балки бо ин роҳ барои сӯҳбати дигар роҳ кушод. (Нигаред ба чорчӯбаи «Пуртоқат бошед!».)
Бо гузашти вақт, бисёр ҷавонон фаҳмиданд, ки агар ба чизе, ки ба пешравии рӯҳонии онҳо халал мерасонад, мубориза баранд, онҳо одатан ба худашон ва эътиқодашон боварии бештар пайдо мекунанд. Рамон — ҷавонписаре, ки болотар суханонаш оварда шуда буд, аз фикри он ки худро дар мактаб чун масеҳӣ шиносонад ба даҳшат меомад. Оқибат, Рамон фаҳмид, ки дар бораи имони худ гап задан чӣ хеле ки ӯ тасаввур мекард, он қадар даҳшатнок нест — ҳатто агар дар натиҷа туро масхара кунанд ҳам. Ӯ нақл мекунад:
«Боре як бача дар мактаб маро барои эътиқодам мазоҳ кард. Ман асабӣ шудам ва ҳис кардам, ки тамоми синф гапҳои ӯро мешунавад. Он гоҳ ман қарор додам, ки риштаи гапро ба ӯ равона кунам ва пурсидам, ки худи вай дар бораи динаш чӣ медонад. Ҳайратовар буд, ки вай аз ман дида бисёртар асабӣ шуд! Ман фаҳмидам, ки бисёр ҷавонон эътиқоди динӣ доранд, лекин онро намефаҳманд. Ман бошам, ақаллан метавонам, ки эътиқоди худро фаҳмонам. Дар ҳақиқат, вақте ки гап дар бораи имон меравад, ҳамсинфонам худро нороҳат ҳис мекунанд — вале на ман!»
ИНРО САНҶИДА БИНЕД. Фарзанди наврасатонро ба озодона баён кардани фикраш барангехта аз ӯ пурсед, ки вай дар бораи масеҳӣ будан чӣ фикр мекунад. Ба ақидаи худи вай, ин чӣ гуна ҷиҳатҳои хуб дорад? Чӣ гуна душвориҳо дорад? Оё ҷиҳатҳои хубаш назар ба душвориҳояш бисёранд? Агар ҳа, пас ӯ инро чӣ тавр мефаҳмонд? (Марқӯс 10:29, 30). Фарзанди навраси шумо метавонад як варақро гирифта онро бо қалам ба ду қисм ҷудо кунад ва фикрҳояшро нависад — дар тарафи чап душвориҳоро ва дар тарафи рост ҷиҳатҳои манфиатбахши масеҳӣ буданро. Қайдҳои дар варақ кардаи худро дида фарзанди наврасатон метавонад проблемаро муайян кунад ва онро ҳал кунад.
Қобилияти дарккунии наврас
Волидон ва мутахассисон мушоҳида карданд, ки тарзи фикрронии кӯдак аз тарзи фикрронии наврас фарқ мекунад (1 Қӯринтиён 13:11). Кӯдакон табиатан чизи будагиро қабул мекунанд — он чиро ки сафед гӯем, сафед қабул мекунанд ва он чиро ки сиёҳ гӯем, сиёҳ. Наврасон бошанд, майл доранд, ки нисбатан чуқур фикр ронанд. Масалан, кӯдакро таълим дода метавонем, ки Худо ҳама чизро офаридааст (Ҳастӣ 1:1). Вале, наврас метавонад дар фикраш бо чунин саволҳо мубориза барад: «Ман аз куҷо медонам, ки Худо ҳаст? Барои чӣ Худои муҳаббат бадиро роҳ медиҳад? Чӣ тавр ин хел буда метавонад, ки Худо ҳамеша вуҷуд дошт?» (Забур 89:2).
Шумо шояд фикр кунед, ки чунин саволҳо нишондиҳандаи онанд, ки фарзанди навраси шумо дар роҳи имонаш ба қафо қадам монда истодааст. Дар асл, ин метавонад ба пеш қадам мондани ӯро нишон диҳад. Охир, саволдиҳӣ як ҷониби муҳими пешравии рӯҳонии шахси масеҳӣ аст (Аъмол 17:2, 3).
Илова бар ин, фарзанди навраси шумо кор фармудани қобилияти дарккуниашро ёд мегирад (Румиён 12:1, 2). Дар натиҷа, ӯ метавонад фаҳмад, ки «арзу тӯл ва умқу баландии» имони масеҳӣ чист (Эфсӯсиён 3:18). Дар кӯдакӣ вай ин васегиву дарозӣ ва чуқуриву баландии ҳақиқатро фаҳмида наметавонист. Акнун аз ҳарвақта дида бештар вақти он мебошад, ки ба фарзанди наврасатон барои мулоҳиза оиди эътиқодаш ёрӣ диҳед, то ки вай нисбати имонаш боварии қавӣ инкишоф диҳад (Масалҳо 14:15; Аъмол 17:11).
ИНРО САНҶИДА БИНЕД. Ҳамроҳи фарзанди наврасатон фикран ба чизҳои асосии эътиқодатон баргардед — ба мавзӯъҳое, ки гӯё ба муҳокима кардани онҳо ҳоҷат нест. Масалан, ӯро барангезед, ки оиди саволҳои зерин фикр кунад: «Чӣ маро ба вуҷуд доштани Худо бовар мекунонад? Кадом далелҳо нишон медиҳанд, ки Худо дар бораи ман ғамхорӣ мекунад? Чаро ман фикр мекунам, ки ба Худо гӯш кардан ҳамеша ба фоидаи ман аст?» Эҳтиёт бошед, ки фикрҳои худро ба фарзанди наврасатон бор накунед. Ба ҷои ин, ба вай ёрдам кунед, ки боварии шахсиашро инкишоф диҳад. Ҳамин тавр, ба вай барои ба эътиқодаш боварӣ ҳосил кардан осон мешавад.
Боварӣ ҳосил кардан
Китоби Муқаддас дар бораи Тимотиюси ҷавон нақл мекунад, ки ӯ «аз кӯдакӣ» Навиштаҳои Муқаддасро медонист. Вале, Павлуси ҳавворӣ Тимотиюсро ташвиқ кард: «Дар он чӣ таълим гирифтаӣ ва мӯътақид шудаӣ [боварӣ ҳосил кардаӣ], қоим бош» (2 Тимотиюс 3:14, 15). Мисли Тимотиюс, фарзанди навраси шумо шояд меъёрҳои Китоби Муқаддасро аз вақти кӯдакиаш таълим гирифта бошад. Вале акнун шумо бояд ба ӯ ёрдам диҳед, ки ба имонаш «мӯътақид» шавад, яъне боварии шахсиашро зиёд гардонад.
Дар китоби «Саволҳои ҷавонон. Маслиҳатҳои амалӣ» (рус.), ҷилди 1 гуфта мешавад: «То даме ки фарзанди наврасатон дар хонаи шумо зиндагӣ мекунад, шумо ҳақ доред талаб намоед, ки вай реҷаи рӯҳонии оиларо риоя кунад. Вале мақсади шумо ин нест, ки ӯро ба кӯр–кӯрона иҷро кардани қоидаҳои гуногун водор созед, балки шумо мехоҳед, ки муҳаббати Яҳуваро дар дили ӯ инкишоф диҳед». Ин мақсадро дар хотир дошта, шумо метавонед ба фарзанди наврасатон кӯмак кунед, ки «имони қавӣ» пайдо кунад, то ки роҳи ҳақиқат роҳи ҳаёти худи ӯ шавад — на танҳо роҳи ҳаёти шумоc (1 Петрус 5:9).
[Эзоҳҳо]
a Номҳо дар ин мақола дигар карда шудаанд.
b Барои осон шудан, мо дар ин мақола наврас гуфта писаронро ба назар мегирем. Лекин принсипҳое, ки мо дида мебароем барои духтарон низ ба кор бурда мешаванд.
c Барои маълумоти бештар ба «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 1 майи с. 2009, саҳ. 10–12 ва китоби «Саволҳои ҷавонон. Маслиҳатҳои амалӣ» (рус.), ҷилди 1, саҳ. 315–318 нигоҳ кунед.
АЗ ХУД ПУРСЕД...
▪ Вақте ки фарзандам оиди эътиқоди ман шубҳа пайдо мекунад, ман чӣ гуна муносибат мекунам?
▪ Чӣ тавр маълумоти дар ин мақола овардашударо истифода бурда, ман муносибатамро беҳтар карда метавонам?
[Чорчӯба дар саҳифаи 27]
Оё онҳоро гумроҳ мекунанд?
Ақидаи беасос. Волидоне, ки Шоҳиди Яҳува ҳастанд фарзандашонро маҷбур мекунанд, ки ба дини онҳо пайравӣ кунанд.
Ҳақиқат. Шоҳидони Яҳува мекӯшанд, ки дар дили фарзандашон нисбати Худо муҳаббат парваранд, зеро ин ба онҳо амри Китоби Муқаддас аст (Эфсӯсиён 6:4). Ба ҳар ҳол, онҳо дарк менамоянд, ки вақте фарзандашон ба камол мерасад, вай худаш дар мавриди ибодат қарори шахсӣ қабул мекунад (Румиён 14:12; Ғалотиён 6:5).
[Чорчӯба/Тасвир дар саҳифаи 28]
Пуртоқат бошед!
Гап задан бо фарзанди наврасатон метавонад аз шумо сабру тоқати хеле зиёд талаб кунад. Вале вақте мебинед, ки дар натиҷа боварии ӯ нисбати шумо зиёд мешавад, инро бефоида намеҳисобед. Як духтари наврас мегӯяд: «Боре вақте ки ману дадаам шабона сӯҳбат мекардем, ман ба ӯ нақл кардам, ки саҳифаи интернетии пинҳонӣ дорам, бо як писар дӯстӣ мекунам ва аз хона гурехтан мехостам. Ӯ дар давоми тамоми сӯҳбатамон хеле ором монда бо ман гап зад. Ман ягон дадаи дигарро намедонам, ки дар бораи бо писар бӯса кардани духтараш ва дар бораи беист ба он писар СМС навистани ӯ фаҳмаду дод назанад ва худро ором нигоҳ дорад. Ман ҳис мекунам, ки ҳама чизро ба дадаам гуфта метавонам. Ман медонам, ки ӯ дар ҳақиқат ба ман ёрдам кардан мехоҳад».
[Чорчӯба дар саҳифаи 29]
Кӯмаки дӯсти баркамол
Баъзан ба наврасон ягон шахси калонсоли берун аз оила таъсири хуб мерасонад. Оё шумо бародар ё хоҳари назари рӯҳонӣ доштаро медонед, ки метавонист ба фарзанди навраси шумо таъсири мусбӣ расонад? Пас, чаро аз ӯ хоҳиш накунед, ки бо писар ё духтаратон муошират кунад? Албатта бо ин шумо масъулияти худро ба гардани дигарон бор карданӣ нестед. Вале намунаи Тимотиюсро ба ёд оред. Вай аз муошират бо Павлуси ҳавворӣ бисёр баҳра мебурд ва Павлус низ дар навбати худ ҳамкори хубро ба даст овард (Филиппиён 2:20, 22)d.
[Эзоҳ]
d Аз китоби «Ҷавобҳо ба саволҳои ту» (рус.) ҷилди 1, чопи соли 2011, саҳ. 318, нашри Шоҳидони Яҳува гирифта шудааст.