Сеҳру ҷоду чӣ бадӣ дорад?
Аз хурдӣ, Барбараa чизҳои ғайриоддиро медид, овозҳо мешунид ва ӯ боварӣ дошт, ки бо хешовандони мурдааш алоқа дорад. Ӯ ва шавҳараш, Йоаким китобҳои дар бораи сеҳру ҷоду бударо мехонданд ва дар фолбинӣ бо карта моҳир шуда буданд. Аз рӯи картаҳо фол дида онҳо фаҳмиданд, ки оянда дар ҷои кор пули зиёд ба даст меоранд ва дар ҳақиқат бизнеси онҳо даромади зиёд овард. Рӯзе картаҳо нишон доданд, ки одамони хатарноке ба хонаи онҳо меоянд ва чӣ тавр бояд онҳо худро аз он одамон муҳофизат кунанд.
ҲАРЧАНД бовар кардан ба сеҳру ҷоду чизи кӯҳнашуда метобад, бисёр одамон ба чизҳои ғайритабиӣ шавқ доранд. Одамон дар ҳар ҷо бо худ тӯморҳо гирифта мегарданд, ба назди фолбинҳо мераванд, то аз ояндаи худ бохабар шаванд ё худро аз бадӣ муҳофизат намоянд. Дар маҷаллаи олмонии «Фокус» мақолае бо номи «Компютер ва Шайтон» чоп шуд, ки дар он қайд шудааст: «Интернет ба чизҳои бо сеҳру ҷоду алоқаманд қуввати нав бахшида истодааст».
Оё шумо медонед, ки дар Китоби Муқаддас дар бораи сеҳру ҷоду гуфта шудааст? Чизе ки он оиди ин мавзӯъ мегӯяд, шояд барои шумо ҳайратовар бошад.
Китоби Муқаддас дар бораи сеҳру ҷоду чӣ мегӯяд?
Дар Қонуне, ки Худо ба халқаш дар Исроили қадим дода буд, гуфта мешуд: «Бигзор дар миёни ту на касе ёфт шавад, ки... ҷодугаре [бошад], на чашмбанде, на фолбине, на афсунгаре,— на найрангсозе, на пурсандаи арвоҳе, на азоимхоне ва на касе ки мурдагонро даъват менамояд, зеро ҳар касе ки ин корҳоро мекунад, дар назари Худованд зишт аст» (Такрори Шариат 18:10–12). Чаро Худо ба корҳои бо спиритизм алоқаманд чунин муносибати сахтгирона дорад?
Чӣ тавре ки воқеаи дар аввали мақола овардашуда нишон медиҳад, бисёриҳо фикр мекунанд, ки одамони зинда бо мурдагон алоқа дошта метавонанд ва маълумоте, ки ба воситаи сеҳру ҷоду гирифта мешавад, аз мурдагон бармеояд. Чунин ақида аз таълимоти бисёр динҳо реша мегирад, ки мувофиқи он гӯё одамони мурда дар олами рӯҳу арвоҳ зиндагӣ мекунанд. Вале, баръакси ин таълимот Китоби Муқаддас аниқу равшан мегӯяд: «Мурдаҳо чизе намедонанд» (Воиз 9:5). Ин китоб нишон медиҳад, ки шахси мурда гӯё, ки дар хоби сахт аст ва аз он чизе ки дар атроф рӯй дода истодааст, тамоман бехабар астb (Матто 9:18, 24; Юҳанно 11:11–14). Пас, шояд шумо савол диҳед, ки воқеаҳои ғайритабиие, ки бо одамон рӯй медиҳад, аз куҷо сарчашма мегиранд?
Алоқа бо олами рӯҳӣ
Нақлҳои Инҷил нишон медиҳанд, ки вақте ки Исо дар замин буд, ӯ бо шахсони рӯҳӣ гап мезад. Дар Марқӯс 1:23, 24 гуфта мешавад, ки як «рӯҳи палид» ба Исо гуфт: «Ман медонам, ки Ту кистӣ». Рӯҳҳо бешубҳа кӣ будани шуморо низ медонанд. Вале шумо медонед, ки онҳо кистанд?
Пеш аз офаридани одамон, Худо шумораи хеле бисёри писарони рӯҳӣ ё фариштагонро офарид (Айюб 38:4–7). Фариштагон аз одамон бузургтаранд (Ибриён 2:6, 7). Онҳо офаридаҳое мебошанд, ки пурқудратанд ва шуури баланд доранд. Онҳо барои иҷро кардани иродаи Худо офарида шуда буданд. Забурнавис месуруд: «Худовандро муборак бихонед, эй фариштагони Ӯ, ки дар қувват паҳлавон ҳастед, каломи Ӯро ба ҷо меоваред» (Забур 102:20).
Китоби Муқаддас ошкор мекунад, ки бо гузашти вақт баъзе фариштагон бе иҷозат бо одамон ба алоқа сар карданд. Бо кадом мақсад? Аввалин фариштае, ки чунин рафтор кард, бо роҳи фиреб инсонҳои нахустин, Одаму Ҳавворо, аз Худо ва Офаридгорашон дур сохт. Бо ин кораш, вай худро Шайтон Иблис, яъне тӯҳматчӣ ва муқобили Худо гардонд (Ҳастӣ 3:1–6).
Баъдтар, баъзе фариштагон дар осмон «манзили худро тарк карданд» ва ба худ бадани одамӣ гирифта дар замин бо занони зебо зиндагӣ карданд (Яҳудо 6; Ҳастӣ 6:1, 2). Он фариштагони хиёнаткор ва насли аз занони одамӣ таваллудёфтаи онҳо одамонро чунон азоб медоданд, ки «замин аз ситам пур шуд». Шумо эҳтимол ҳикояи Китоби Муқаддасро шунидаед, ки чӣ тавр Худо ба он зӯроварӣ ва насли шарир ба воситаи Тӯфони рӯзҳои Нӯҳ хотима дод (Ҳастӣ 6:3, 4, 11–13).
Обҳои тӯфон рӯҳҳоро маҷбур сохт, ки тани одамии худро партофта аз нав ба олами рӯҳӣ раванд. Лекин Офаридгор ба онҳо роҳ надод, ки ба «манзили» пештараи худ баргарданд. Ба ҷои ин, Ӯ онҳоро бо мавқеи паст, ки ба «мағораҳои зулмот» монанд карда шудааст, маҳдуд кард (2 Петрус 2:4, 5). Китоби Муқаддас фариштагони исёнкорро «девҳо» меномад (Яъқуб 2:19). Дар паси сеҳру ҷоду маҳз онҳо меистанд.
Девҳо чӣ мақсад доранд?
Мақсади бо одамон алоқа кардани рӯҳҳои бад пеш аз ҳама дар он аст, ки онҳо одамонро аз ибодати Худои ҳақиқӣ, Яҳува, дур кардан мехоҳанд. Шахсони бо сеҳру ҷоду машғулбуда гумон мекунанд, ки атоҳо ё қудрати махсус доранд. Лекин ин «атоҳо» ҳуши одамонро танҳо парешон мекунад, то ки дар бораи Худо дониши аниқ нагиранд ва бо Ӯ муносибатҳои хуб пайдо накунанд.
Мақсади дуюми девҳоро аз пешниҳоде, ки сардори онҳо, Шайтон, ба Исо карда буд, дидан мумкин аст. Шайтон ба Исо «ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон ва ҷалоли онҳоро» пешкаш кард. Дар ивази ин Шайтон чӣ мехост? «Рӯй ба замин ниҳода, ба ман саҷда кун»,— гуфт вай. Бале, Шайтон ва девҳо мехоҳанд, ки мо ба онҳо саҷда кунем. Аммо Исо фикри аз Худо ва ибодати ҳақиқӣ рӯй гардонданро рад кард (Матто 4:8–10).
Рӯҳҳои бад имрӯз бо одамон кам чунин рӯирост гап мезананд. Ба ҷои ин, онҳо мекӯшанд, ки бо истифодаи чизҳои ба назар безарар, ба монанди карта, рахҳои кафи даст ва толеънома (гороскоп) ҳуши одамонро гирифта онҳоро ба доми худ афтонанд. Бо чунин корҳо фиреб нахӯред! Фикр накунед, ки ба воситаи ин корҳо шумо бо қувваҳои номаълуми табиат алоқа пайдо мекунед, зеро дар асл бо ин роҳ шумо бо девҳо алоқа пайдо мекунед. Рӯҳҳои бад шавқи ба сеҳру ҷоду доштаи одамонро истифода бурда онҳоро ба роҳҳои худ ҷалб мекунанд ва ба доми худ меафтонанд, то ки онҳоро аз ибодати Яҳува дур созанд. Агар шахсони ба домашон афтида ба ибодати ҳақиқӣ ҳамроҳ шудан хоҳанд, девҳо онҳоро бисёр вақт азоб медиҳанд ва муддате ором зистан намемонанд. Агар шумо дар чунин ҳолат бошед, шумо чӣ кор карда метавонед, то худро аз таъсири онҳо раҳо кунед?
Чӣ тавр аз таъсири сеҳру ҷоду худро раҳо кардан мумкин аст?
Худро фиреб накунед! Рӯҳҳое, ки бо одамон алоқа доранд, душманони Худо мебошанд, ки ба нобудшавӣ маҳкум шудаанд (Яҳудо 6). Онҳо дурӯя ва фиребгаранд, ки худро чун шахсони мурда вонамуд мекунанд. Шумо чӣ ҳис мекардед, агар мефаҳмидед, ки дӯстатон дар асл шахси дурӯяест, ки танҳо мехоҳад шуморо аз кори бароятон фоиданок дур созад? Шумо чӣ ҳис мекардед, агар мефаҳмидед, ки надониста тавассути Интернет бо шахсе муносибат пайдо кардаед, ки худро чун шахси хуб муаррифӣ мекунаду дар асл таҷовузкори ваҳшӣ аст? Печидан ба доми девҳо аз ин ҳам хатарнок аст. Шумо бояд барои аз онҳо алоқаро кандан ҳар кори аз дастатон меомадаро кунед. Чӣ тавр шумо инро карда метавонед?
Баъди фаҳмидани он ки Навиштаҳо дар бораи сеҳру ҷоду чӣ мегӯянд, баъзе сокинони шаҳри Эфсӯси қадим китобҳои оиди сеҳру ҷоду доштаашонро нобуд карданд, бо вуҷуди он ки нархи онҳо қиммат буд. Онҳо «китобҳои худро оварда, дар пеши назари ҳама сӯзонданд» (Аъмол 19:19, 20). Имрӯз чизҳои бо сеҳру ҷоду алоқаманд на танҳо китобҳо, тӯморҳо ва чизҳои ба ин монандро дар бар мегиранд, балки ҳамчунин дар DVD–дискҳо, бозиҳои компютерӣ ва сайтҳои интернетӣ ҳам дастрасанд. Аз ҳар гуна чизҳое, ки бо сеҳру ҷоду ягон алоқамандӣ доранд, канорагирӣ кунед.
Ҳамсаронеро, ки дар аввали мақола дар бораашон гуфта шуда буд, ба хотир оред. Аз картаҳои фолбиниашон онҳо фаҳмиданд, ки одамони хатарноке ба хонаашон меоянд, вале онҳо набояд ягон сухани ин одамонро гӯш кунанд ва ягон чизи онҳоро қабул кунанд. Вале вақте ки Кони ва Гадран, ду шоҳиди Яҳува, ба назди дари онҳо омада дар бораи Худо хушхабарро нақл карданд, Йоаким ва Барбара қарор доданд, ки онҳоро гӯш мекунанд. Сӯҳбати онҳо ба мавзӯи сеҳру ҷоду гузашт ва Кони ва Гадран оиди ин мавзӯъ аз Навиштаҳо маълумоти аниқ пешкаш карданд. Омӯзиши мунтазами Китоби Муқаддас сар карда шуд.
Дере нагузашта Йоаким ва Барбара қарор доданд, ки алоқаро бо девҳо мекананд. Шоҳидон фаҳмонданд, ки рӯҳҳои бад эҳтимол аз ин хурсанд намешаванд. Дар ҳақиқат, Йоаким ва Барбара вақти душворро аз сар гузаронданд ва аз ҳамлаҳои даҳшатноки девҳо азоб кашиданд. Муддати чанд вақт онҳо ҳар шаб метарсиданд, то даме ки ба хонаи дигаре кӯчида қадре ором ёфтанд. Дар давоми озмоиши худ, ин ҳамсарон боварии худро ба суханони зерин аз Филиппиён 4:13 суст накарданд: «Ба туфайли Оне, ки маро қувват мебахшад, ҳама кор аз дастам меояд» (ТДН). Яҳува иродаи қавии онҳоро баракат дод ва рӯҳҳои бад оқибат онҳоро ором гузоштанд. Имрӯз Йоаким ва Барбара хизматгорони хушбахти Худои ҳақиқӣ, Яҳува, мебошанд.
Навиштаҳо ҳамаи касонеро, ки баракати Яҳуваро доштан мехоҳанд, ташвиқ мекунанд: «Ба Худо итоат намоед, ба иблис муқобилат кунед, ва ӯ аз шумо хоҳад гурехт. Ба Худо наздик шавед, ва Ӯ ба шумо наздик хоҳад шуд» (Яъқуб 4:7, 8). Яҳува Худо ба шумо барои аз таъсири девҳо раҳо ёфтан кӯмак карда метавонад ва агар шумо хоҳед Ӯ инро мекунад. Аз сеҳру ҷоду халос ёфтани худро ба хотир оварда, Йоаким ва Барбара бо суханони Забур 120:2 самимона розиянд. Он ҷо гуфта мешавад: «Мадади ман аз ҷониби Худованд аст».
[Эзоҳҳо]
a Номҳо иваз шудаанд.
b Барои гирифтани маълумоти зиёдтар оиди ҳолати мурдагон, ба китоби «Таълимоти Китоби Муқаддас», (нашри Шоҳидони Яҳува), боби 6, «Мурдагон дар чӣ ҳолатанд?» нигаред.
[Тасвир дар саҳифаи 31]
Корҳои бо сеҳру ҷоду алоқаманд ба одамон намегузоранд, ки бо Худо муносибатҳои хуб дошта бошанд
[Тасвир дар саҳифаи 32]
«Ба Худо наздик шавед, ва Ӯ ба шумо наздик хоҳад шуд» (ЯЪҚУБ 4:8)