Онҳо худро бо омодагӣ пешкаш карданд-Бразилия
ЯКЧАНД сол пеш, хоҳарамон Рубия (1), ки ҳоло сисола аст, ба хабаргирии хоҳар Сандра (2) рафт, ки ӯ дар як ҷамъомади хурди Бразилияи ҷанубӣ чун пешрав хизмат мекард. Ҳангоми дар он ҷо буданаш Рубия шоҳиди як воқеа гашт. Он ба вай чунон сахт таъсир кард, ки баъди ин ӯ дар ҳаёташ дигаргуниҳои ҷиддӣ даровард. Ин чӣ воқеа буд? Биёед инро аз худи Рубия мефаҳмем.
«МАН БА ГӮШҲОИ ХУД БОВАР НАМЕКАРДАМ»
«Сандра маро ба назди зане бурд, ки бо ӯ омӯзиши Китоби Муқаддас мегузаронд. Дар вақти омӯзиш ин зан ба вай гуфт: “Сандра, дар ҷои корам се духтарак мехоҳанд, ки Китоби Муқаддасро омӯзанд, лекин ман ба онҳо гуфтам, ки бояд навбатро интизор шаванд. Ман медонам, ки ту то охири сол аллакай бо дигарон гапзанон кардаӣ”. Ман ба гӯшҳои худ бовар намекардам. Охир, шахсоне, ки дар бораи Яҳува бештар дониш гирифтан мехостанд, маҷбур буданд, ки барои ин дар навбат истанд! Дар шаҳри ман ёфтани ҳатто як омӯзиш хеле душвор буд. Худи ҳамон лаҳза дар ман хоҳиши сахт пайдо шуд, ки дар ин шаҳри хурд ба одамон аз ҷиҳати рӯҳонӣ кӯмак кунам. Дере нагузашта ман шаҳри калонро тарк намуда ба шаҳре, ки Сандра дар он чун пешрав хизмат мекард, рафтам».
Ин қарори Рубия чӣ гуна натиҷа овард? Ӯ нақл мекунад: «Ду моҳ нагузашта ман аллакай 15 омӯзиши Китоби Муқаддас мегузарондам. Ва чанде пас, хоҳ бовар кунед, хоҳ не ман ҳам бо чунин ҳолат рӯ ба рӯ шудам: одамон навбат меистоданд, то ман бо онҳо Китоби Муқаддасро омӯзам!»
Ӯ ХИЗМАТИ ХУДРО АЗ НАВ ДИДА БАРОМАД
Диего (3) бародаре, ки ҳоло синнаш каме аз 20 гузаштааст, ба хабаргирии бародароне, ки дар Прудентополис — яке аз шаҳрҳои хурди Бразилияи ҷанубӣ — хизмат мекарданд, рафт. Ин сафар ба ӯ таъсири сахт расонд ва ӯро барангехт, ки хизматашро аз нав дида барояд. Ӯ мефаҳмонад, ки пеш аз ба он ҷо рафтанаш вай дар кори мавъиза бисёр иштирок намекард. Диего илова мекунад: «Лекин вақте ки ба хабаргирии он пешравон рафтам ва воқеаҳоеро, ки онҳо нақл мекарданд, шунидам, ман беихтиёрона муносибати бепарвоёнаи худро бо рӯҳи пурҳарорати онҳо, ки дар хизмат зоҳир менамуданд, муқоиса кардам. Ҳангоми дидани он ки то чӣ андоза онҳо хурсанду хушҳоланд, ман орзу мекардам, ки ҳаёти ман ҳам чунин пурмаъно бошад». Баъди он сафараш Диего хизмати пешравиро сар кард.
Агар шумо мисли Диего Шоҳиди ҷавон бошеду дар корҳои рӯҳонӣ иштирок карда ҳамзамон аз онҳо хурсандӣ нагиред ва хизмат бароятон як чизи муқаррарӣ шуда бошад, он гоҳ чӣ кор карда метавонед? Шумо метавонед дар ҳаётатон дигаргунӣ дароварда ба минтақае, ки дар он ба воизони Салтанат ниёзи бештар вуҷуд дорад, биравед ва аз ин хурсандии зиёд гиред. Фаҳмост, ки фикри тарк кардани ҳаёти бароҳат хавотирангез буда метавонад. Ба ҳар ҳол, бисёр ҷавонон маҳз ҳаминро интихоб карданд. Онҳо ҷасорат карда мақсад ва хоҳишҳои худро дигаргун сохтанд, то ба Яҳува ба таври пурра хизмат кунанд. Биёед намунаи шахси дигар — Бруноро, дида мебароем.
УСТОДИ МУСИҚӢ Ё ХОДИМИ ХУДО?
Якчанд сол пеш, Бруно (4), ки ҳоло 28 сола аст, дар мактаби номдори мусиқӣ таҳсил мекард ва мақсад дошт, ки дирежёри дастаи калони мусиқичиён шавад. Ӯ чунон хуб таҳсил мекард, ки ӯро якчанд маротиба таклиф карданд, то оркестри симфониро роҳбарӣ кунад. Ӯро мавқеу мартабаи баланд интизор буд. «Аммо,— мегӯяд Бруно,— ман ҳис мекардам, ки дар ҳаётам чизе намерасид. Ман худамро ба Яҳува бахшидам, лекин ман дарк мекардам, ки ба Ӯ бо тамоми қувват хизмат намекунам ва ин маро ба ташвиш меовард. Ман дар дуо ба Яҳува дар бораи ҳиссиётам нақл кардам ва ҳамчунин бо бародарони ботаҷрибаи ҷамъомад ҳамсӯҳбат шудам. Баъди мулоҳизарониҳои ҷиддӣ ман қарор намудам, ки хизматро аз мусиқӣ боло мегузорам, ман мактаби мусиқиро тарк намудам ва ба ҷое рафтам, ки дар он ба воизони Салтанат ниёзи бештар вуҷуд дошт». Ин қарори ӯ чӣ натиҷа овард?
Бруно ба шаҳри Гуапиара (аҳолиаш тақрибан 7 000), ки аз пойтахти Бразилия, шаҳри Сан–Паоло, 260 км дуртар ҷойгир аст, рафт. Ин дигаргунии калон буд. Ӯ нақл мекунад: «Ман ба як хонаи хурде кӯчидам, ки дар он на яхдон, на телевизор ва на имконияти пайвастшавӣ ба Интернет буд. Лекин дар он ҷо чизҳое буданд, ки ман пеш аз ин надоштам — боғчаи сабзавот ва боғи меваҷот!» Ҳангоми хизмат дар ҷамъомади хурд Бруно дар ҳафта як маротиба сумкаашро бо хӯрок, об ва адабиёт пур карда бо мотосикли худ ба деҳаҳо барои мавъизакунӣ мерафт. Одамони зиёд дар ин ҷойҳо пеш аз ин хушхабарро нашунида буданд. Бруно илова мекунад: «Ман 18 омӯзиши Китоби Муқаддас мегузарондам. Дидани он ки чӣ тавр омӯзандагон дар ҳаёти худ тағйирот медароварданд, ба ман хурсандии зиёд меовард. Он вақт ман дарк кардам, ки чизеро, ки дар ҳаётам намерасид, ёфтам, яъне қаноатмандии чуқурро, ки дар натиҷаи дар ҷои аввал гузоштани манфиатҳои Салтанат ҳис мекунед. Агар ман аз паи ба даст овардани пулу мол мешудам, ҳеҷ гоҳ чунин қаноатмандӣ намегирифтам». Лекин, чӣ тавр Бруно дар Гуапиара худро аз ҷиҳати моддӣ таъмин мекард? Ӯ бо табассум мегӯяд: «Бо он ки навохтани гитараро таълим медодам». Бале, ӯ то ба ҳол ба маъное устоди мусиқӣ мебошад.
«МАН БОЯД ДАР ОН ҶО МЕИСТОДАМ»
Мариана (5), ки қариб 30–сола аст, дар вазъияти ба Бруно монанд қарор дошт. Ӯ ҳуқуқшинос шуда кор мекард ва ба кори сердаромадаш нигоҳ накарда қаноатмандии ҳақиқӣ ҳис намекард. Вай мегӯяд: «Ман чунин ҳис мекардам, ки гӯё бод паймуда истодаам» (Воиз 1:17). Якчанд бародарону хоҳарон Марианаро бармеангехтанд, ки оиди хизмати пешравӣ фикр кунад. Дар ин бора фикру мулоҳиза ронда Мариана ҳамроҳи дугонаҳояш Бианка (6), Каролин (7) ва Ҷулиана (8) қарор доданд, ки ба ҷамъомади шаҳри Барра–до–Бугрес, ки дар назди сарҳади Бразилияю Боливия ҷойгир аст, кӯмак расонанд. Ин шаҳри дурдаст ҳазорҳо километр аз хонаашон дур буд. Чунин дигаргунӣ бо чӣ анҷом ёфт?
Мариана мегӯяд: «Ман ният доштам, ки дар он ҷо се моҳ биистам. Лекин дар охири ин муддат ман 15 омӯзиши Китоби Муқаддас мегузарондам! Албатта ба он омӯзандагон барои рушд кардан кӯмаки бештар лозим буд. Аз ин рӯ, ман ҷуръат накардам, то ба онҳо гӯям, ки аз он ҷо меравам. Ман бояд дар он ҷо меистодам». Ҳар чори онҳо қарор карданд, ки дар он ҷо мемонанд. Мариана ҳоло ҳис мекунад, ки ҳаёташ боз ҳам пурмаънотар гаштааст. Ӯ мегӯяд: «Ман хурсандам, ки Яҳува маро истифода мебарад, то ба одамон барои беҳтар кардани ҳаёташон кӯмак расонам. Бароям донистани он ки ман вақт ва қуввати худро барои кори дар ҳақиқат арзанда сарф мекунам, баракат аст». Каролин оиди хизмати худ чунин мегӯяд: «Пеш аз хоб рафтан ман қаноатмандии чуқур ҳис мекунам, зеро худро барои манфиатҳои Салтанат сарф мекунам. Ҳаёти ман ба он равона шудааст, ки ба омӯзандагони Китоби Муқаддас кӯмак расонам. Дидани он ки чӣ тавр ин шахсон аз ҷиҳати рӯҳонӣ пешравӣ мекунанд, хеле хурсандиовар аст. Ман ҳаққонияти суханони зеринро дар худ ҳис кардам: “Бичашед ва хоҳед дид, ки Худованд некӯст!”» (Заб. 33:9). Дугонаҳои Каролин низ бо суханони вай розиянд.
То чӣ андоза Яҳува хурсанд мешавад, вақте мебинад, ки дар саросари ҷаҳон шумораи афзудаистодаи бародарону хоҳарони ҷавон барои дар маҳалҳои дурдаст мавъиза кардани хушхабари Салтанат бо омодагӣ худро пешкаш мекунанд! (Заб. 109:3; Мас. 27:11). Ва дар навбати худ ҳамаи ин шахсон, ки рӯҳияи омодагӣ зоҳир менамоянд, баракатҳои фаровони Яҳуваро соҳиб мешаванд (Мас. 10:22).
[Чорчӯба/Тасвир дар саҳифаи 5]
«Мо аз ҳеҷ чиз камӣ надорем»
[Тасвир дар саҳифаи 5]
Вақте ки Жвау Пауло ва ҳамсараш Ноемӣ хоҳиши худро оиди хизмат дар ҷое, ки ба воизон ниёзи бештар вуҷуд дорад, баён карданд, онҳо аз баъзе аъзоёни ҷамъомад фикрҳои манфиро шуниданд. Баъзеҳо ба онҳо мегуфтанд: «Агар ба шаҳри хурд кӯчед, эҳтимол ба шумо аз ҷиҳати моддӣ вазнин мешавад». «Ба шумо ба он ҷо рафтан чӣ лозим аст? Дар ҷамъомади худамон кор бисёр аст–ку?» Жвау мегӯяд: «Мо бо тамоми қувват мекӯшидем, то ин маслиҳатҳои аз нияти нек додашудаву лекин рӯҳафтодакунанда шастамонро нагардонанд». Лекин, имрӯз баъди чанд соли хизмат дар минтақае, ки ба воизон ниёзи бештар вуҷуд дорад, Жвау Пауло ва Ноемӣ шоданд, ки дар вақташ дар қарори васеъ кардани хизматашон устувор монданд. Жвау Пауло мефаҳмонад: «То ба имрӯз мо дар ин ҷо аз ҳеҷ чиз камӣ надорем. Ва агар дар бораи чизҳои ҳақиқатан ҳам муҳим гап занем, мо ҳоло чизҳои бештарро ба даст овардем». Ноемӣ илова мекунад: «Кӯшишҳои мо беҳуда набуданд».
Кор ёфтан дар шаҳрҳои хурд душвор буда метавонад. Чӣ тавр онҳое, ки ба маҳаллҳои дурдаст мераванд, худро аз ҷиҳати моддӣ таъмин мекунанд? Онҳо барои ин роҳҳои гуногун меҷӯянд. Баъзеҳо забони англисӣ ё дигар забонро меомӯзонанд, ба кӯдакон дарсҳои иловагӣ медиҳанд, баъзеи дигар бо дӯзандагӣ ё таъмири хона машғул мешаванд ё ягон кори дигареро мекунанд, ки рӯзи пурраи кориро талаб намекунад. Касоне, ки дар ҷойҳои ба воизон ниёзи бештар вуҷуддошта хизмат мекунанд, дар бораи тарзи ҳаёти худ чӣ фикр доранд? Онҳо мегӯянд, ки баракатҳо ҳамаи душвориҳоро рӯпӯш мекунанд!
[Чорчӯба/Тасвир дар саҳифаи 6]
«Ман ёди хона мекардам»
Тиягу мегӯяд: «Дере нагузашта баъди ба ҷамъомади нав омаданам ман худро зиқу рӯҳафтода ҳис мекардам. Дар ин шаҳр воизон кам буданд ва интихоби вақтхушиҳо низ зиёд набуд. Ман ёди хона мекардам, лекин мефаҳмидам, ки барои рӯҳбаланд шуданам бояд ягон чора андешам. Барои ҳамин, ман кӯшиш ба харҷ додам, то бо бародарону хоҳарони ҷамъомад наздиктар шинос шавам ва ин натиҷаҳои хуб овард. Ман дӯстони нав пайдо кардам ва дере нагузашта ман хеле хушбахт будам ва худро чун дар хона ҳис мекардам».
[Тасвир дар саҳифаи 3]
Ноемӣ ва Жвау Пауло, дар Аскура (Санта Катарина)