ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w14 15.7. саҳ. 28-32
  • «Шоҳидони ман хоҳед буд»

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • «Шоҳидони ман хоҳед буд»
  • Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2014
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • КОРҲОИ БУЗУРГИ ХУДО
  • ФИДИЯ БАРОИ БИСЁР КАСОН
  • БАРОИ РАСОНДАНИ ХУШХАБАР ҶАСОРАТ ПАЙДО КУНЕД
  • Мувофиқи дуои Исо амал кунед
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2013
  • Чаро мо Исоро пайравӣ мекунем?
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2009
Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2014
w14 15.7. саҳ. 28-32
Шоҳидони Яҳува дар анҷуман

«Шоҳидони ман хоҳед буд»

«[Исо] ба онҳо гуфт: “... То ақсои дунё шоҳидони Ман хоҳед буд”» (АЪМ. 1:7, 8).

ШУМО ЧӢ ТАВР ҶАВОБ МЕДОДЕД?

  • Чӣ тавр Исо мувофиқи номаш зиндагӣ мекард?

  • Барои чӣ Исо ба шогирдонаш гуфт, ки «шоҳидони Ман хоҳед буд»?

  • Чаро мо боварӣ дошта метавонем, ки дар кори шаҳодатдиҳӣ муваффақият меёбем?

1, 2. а) «Шоҳиди амин ва ҳақ» кист? б) Номи Исо чӣ маъно дорад ва чӣ тавр Писари Худо мувофиқи маънои номаш зиндагӣ мекард?

«МАН барои он таваллуд ёфтаам ва барои он ба ҷаҳон омадаам, ки бар ростӣ шаҳодат диҳам». (Юҳанно 18:33–37-ро бихонед.) Ин суханони Исои Масеҳ мебошанд, ки ӯ ҳангоми пурсуҷӯ дар назди ҳокими румии Яҳудо гуфта буд. Исо танҳо акнун оиди подшоҳ буданаш рӯирост гап зад. Пас аз якчанд сол, Павлуси ҳавворӣ ба ин намунаи далерии Исо ишора карда, ӯро шоҳиде номид, ки «дар пеши Понтиюс Пилотус эътирофи нек кардааст» (1 Тим. 6:13). Мо дар ҷаҳоне зиндагӣ мекунем, ки зери ҳокимияти Шайтон буда, пур аз бадӣ аст. Барои он ки мисли Исо «шоҳиди амин ва ҳақ» бошем, ба мо хеле далер будан лозим аст (Ваҳй 3:14).

2 Чун аъзои халқи Яҳудо Исо аз айёми таваллудаш шоҳиди Яҳува буд (Иш. 43:10). Лекин баъдан Исо шоҳиди бузургтарини Худо гашт, зеро то ӯ ва баъди ӯ каси дигаре номи Яҳуваро ба ин дараҷа ҳимоя накарда буд. Исо ба маънои номе, ки Яҳува ба ӯ дод, ҷиддӣ муносибат мекард. Фариштаи Худо ба падархонди Исо — Юсуф гуфт, ки Марям бо таъсири рӯҳулқудс ҳомиладор шудааст. Сипас ӯ илова кард: «[Марям] Писаре хоҳад зоид ва ту Ӯро Исо хоҳӣ номид; зеро ки Ӯ қавми Худро аз гуноҳҳошон наҷот хоҳад дод» (Мат. 1:20, 21). Маънои номи Исо дар забони ибронӣ «Яҳува наҷот аст» мебошад. Яҳува ният дошт, ки Исоро барои аз гуноҳ ва марг наҷот додани инсоният истифода барад. Исо мувофиқи маънои номаш амал карда, ба «гӯсфандони гумшудаи хонадони Исроил» кӯмак мекард, то онҳо аз гуноҳҳояшон тавба кунанд ва илтифоти Яҳуваро ба даст оранд (Мат. 10:6; 15:24; Луқ. 19:10). Барои ин, ӯ дар бораи Салтанати Худо боғайратона мавъиза мекард. Нависандаи Инҷил Марқӯс навишта буд: «Исо ба Ҷалил омад ва Инҷили Малакути Худоро мавъиза кард, ки вақт расидааст ва Малакути Худо наздик аст: “Тавба кунед ва ба Инҷил [хушхабар] имон оваред”» (Марқ. 1:14, 15). Исо инчунин бадкирдории роҳбарони дини яҳудиро нотарсона фош мекард ва аз ҳамин сабаб онҳо оқибат ӯро куштанд (Марқ. 11:17, 18; 15:1–15).

КОРҲОИ БУЗУРГИ ХУДО

3. Дар рӯзи сеюми баъди марги Исо чӣ рӯй дод?

3 Баъди се рӯзи марги Исо воқеаи бағоят ҳайратангезе рӯй дод! Яҳува ӯро эҳё кард, лекин на чун инсон, балки чун офаридаи рӯҳии намиранда (1 Пет. 3:18). Барои шогирдонашро ба зинда шудани худ бовар кунондан, Ҳазрати Исо назди онҳо дар ҷисми одамӣ зоҳир шуд. Дар ҳамон рӯзи эҳё шуданаш ӯ камаш панҷ маротиба ба якчанд шогирдонаш зоҳир гашт (Мат. 28:8–10; Луқ 24:13–16, 30–36; Юҳ. 20:11–18).

4. Ҳангоми ба шогирдон зоҳир шудани Исо чӣ воқеа рӯй дод ва ӯ ба онҳо чӣ гуна супориш дод?

4 Ҳангоми бори панҷум зоҳир шудани Исо ҳаввориён ва дигар шогирдонаш дар як ҷо ҷамъ омада буданд. Дар он воқеаи хотирмон ӯ бо онҳо гӯё омӯзиши Китоби Муқаддас гузаронд. «Он гоҳ [Исо] зеҳни онҳоро равшан кард, то ки Навиштаҳоро бифаҳманд». Ҳамин тавр, онҳо фаҳмиданд, ки аз дасти душманони Худо кушта шудани ӯ ва ба таври мӯъҷиза эҳё шуданаш дар Навиштаҳо пешгӯӣ шуда буд. Дар охири он вохӯрии муҳим, Исо ба шогирдонаш нағз фаҳмонд, ки вазифаи онҳо аз чӣ иборат аст. Ӯ ба онҳо гуфт, ки «ба исми Ӯ, аз Ерусалим сар карда, дар миёни ҳамаи халқҳо тавба ва омурзиши гуноҳҳо» бояд мавъиза карда шавад. Ӯ ҳамчунин илова кард: «Шумо шоҳидони ин чизҳо хоҳед буд» (Луқ. 24:44–47; 24:48, ТДН).

5, 6. а) Барои чӣ Исо ба шогирдонаш гуфт, ки «шоҳидони Ман хоҳед буд»? б) Шогирдони Исо бояд оиди чӣ мавъиза мекарданд?

5 Пас аз гузаштани 40 рӯз, Исо бори охир ба шогирдонаш зоҳир шуд ва ба онҳо лозим буд, ки ба дастуроти навбатии Ӯ бодиққат бошанд: «[Шумо] дар Ерусалим ва дар тамоми Яҳудо ва Сомария ва то ақсои дунё шоҳидони Ман хоҳед буд» (Аъм. 1:8). Чаро Исо ба шогирдонаш гуфт, ки «шоҳидони Ман хоҳед буд», на шоҳидони Яҳува? Исо метавонист гӯяд, ки онҳо шоҳидони Яҳува хоҳанд буд, вале шогирдони ӯ азбаски исроилӣ буданд, аллакай шоҳидони Яҳува ба шумор мерафтанд. Пас, чӣ тавр онҳо ҳамзамон шоҳидони Исо буда метавонистанд?

1. Исо ва шогирдонаш хизмат карда истодаанд. 2. Шогирдони имрӯзаи Исо дар кӯча мавъиза карда истодаанд. 3. Шоҳидони Яҳува ба зане сомонаи jw.org-ро нишон дода истодаанд

Чун шогирдони аввалини Исо мо ба дигарон оиди ниятҳое, ки Яҳува нисбати оянда дорад, нақл мекунем (Ба сархатҳои 5 ва 6 нигаред)

6 Ҳоло шогирдони Исо бояд ба ҳама одамон ҷониби нави нияти Яҳуваро ошкор месохтанд — онҳо бояд ба ҳама мавъиза мекарданд, ки Яҳува ба воситаи Исо инсониятро наҷот медиҳад. Ин наҷот аз наҷоте ки исроилиён аз ғуломии Миср ва асирии Бобил ёфта буданд, бузургтар буд. Марг ва эҳёшавии Исои Масеҳ барои одамон имконият медод, ки аз ғуломии даҳшатноктарин — ғуломии гуноҳ ва марг наҷот ёбанд. Вақте ки шогирдони Исо дар Пантикости соли 33-юми эраи мо бо рӯҳулқудс тадҳин карда шуданд, онҳо дар бораи «кибриёи Худо», яъне корҳои бузурги Ӯ, ба дигарон шаҳодат доданро сар карданд ва бисёр касон ба суханони онҳо имон меоварданд. Ҳамин тавр, Исо аз осмон, аз тарафи рости Падараш истода медид, ки чӣ тавр маънои номи ӯ равшантар гашта истодааст, яъне ҳазорон одамон тавба карда, ба ӯ чун ба воситаи наҷот аз ҷониби Яҳува имон меоварданд (Аъм. 2:5, 11, 37–41).

ФИДИЯ БАРОИ БИСЁР КАСОН

7. Воқеаҳои рӯзи Пантикости соли 33-юми эраи мо чиро исбот мекарданд?

7 Воқеаҳои рӯзи Пантикости соли 33-юми эраи мо исбот мекарданд, ки Яҳува қурбонии ҳаёти комили Исоро бо хушнудӣ қабул кардааст. Ин фидияи мувофиқе буд, ки инсониятро аз гуноҳ озод карда метавонист (Ибр. 9:11, 12, 24). Чӣ тавре ки худи Исо фаҳмонд, ӯ «на барои он омад, ки ба Ӯ хизмат кунанд, балки барои он ки хизмат кунад ва ҷони Худро барои фидияи бисёр касон бидиҳад» (Мат. 20:28). Ба «бисёр касон» на танҳо яҳудиёни аз гуноҳҳояшон тавбакарда, дохил мешуданд. Балки иродаи Худо ин аст, ки одамони ҳар халқу миллат «наҷот ёбанд», зеро фидия «гуноҳи ҷаҳонро мебардорад» (1 Тим. 2:4–6; Юҳ. 1:29).

8. Мавъизаи шогирдони Исо то ба кадом миқёс паҳн шуд ва чӣ тавр ин ба онҳо муяссар гашт?

8 Шогирдони аввалини Исо дар бораи ӯ далерона шаҳодат медоданд. Ин ба онҳо чӣ тавр муяссар мешуд? Танҳо бо қуввати худ онҳо инро карда наметавонистанд. Онҳо аз Яҳува рӯҳулқудс мепурсиданд, то ки бо ёрдами он далерона шаҳодат доданро давом диҳанд. (Аъмол 5:30–32-ро бихонед.) Тахминан баъд аз 27 соли иди Пантикости соли 33-юми эраи мо гуфтан мумкин буд, ки хушхабар ба тамоми яҳудиён ва дигар халқиятҳои «зери осмон мавъиза карда шудааст» (Қӯл. 1:5, 23).

9. Мувофиқи пешгӯӣ бо ҷамъомади масеҳиёни пешин чӣ рӯй дод?

9 Лекин, мутаассифона бо гузашти вақт, баъзе аъзоёни ҷамъомад чизҳои аз ҳақиқат берунро таълим медодагӣ шуданд (Аъм. 20:29, 30; 2 Пет. 2:2, 3; Яҳд. 3, 4). Рафта–рафта ин таълимоти бардурӯғ тамоми ҷамъомадро фасод кард. Исо пешгӯӣ карда буд, ки ин осият то «анҷоми олам» давом хоҳад ёфт (Мат. 13:37–43). Октябри соли 1914 Исо чун Подшоҳ ба тахт нишаст. Аз ҳамон вақт сар карда «айёми охир»-и тартиботи шариронаи Шайтон оғоз ёфт (2 Тим. 3:1).

10. а) Ба кадом санаи муҳим масеҳиёни тадҳиншуда аҳамияти махсус медоданд? б) Моҳи октябри соли 1914 чӣ рӯй дод ва инро кадом воқеаҳо нишон медиҳанд?

10 Масеҳиёни тадҳиншуда пешакӣ ба моҳи октябри соли 1914 чун ба санаи муҳим ишора мекарданд. Ин фаҳмиши онҳо ба пешгӯии Дониёл оиди дарахти калони буридае, ки пас аз «ҳафт замон» бояд аз нав месабзид, асос ёфта буд (Дон. 4:13). Исо дар пешгӯӣ оиди ҳузури ояндаи худ ва «охирзамон», ба ин марҳила чун ба «даврони ғайрияҳудиён» ишора кард. Маҳз аз соли 1914 сар карда, аломати чун подшоҳи замин ҳузур доштани Исо аниқ маълум гашт. Воқеаҳои ҷаҳонии аз он сол рӯйдодаистода инро исбот мекунанд (Мат. 24:3, 7, 14; Луқ. 21:24). Имрӯз мо дар бораи корҳои бузурги Яҳува ба одамон шаҳодат медиҳем ва мегӯем, ки Яҳува соли 1914 Исоро чун Подшоҳи Салтанаташ ба тахт шинондааст.

11, 12. а) Соли 1919 чӣ рӯй дод? б) Дар соли 1935 чӣ равшан аён гашт? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

11 Баъди подшоҳ шуданаш, Исо пайравони тадҳиншудаашро аз асирии «Бобили бузург» озод кард (Ваҳй 18:2, 4). Соли 1919, баъди тамомшавии Ҷанги Якуми Ҷаҳонӣ, масеҳиёни тадҳиншуда озодии бузургтар ба даст оварданд, ки хушхабарро дар тамоми ҷаҳон мавъиза кунанд. Онҳо дар бораи қувваи наҷотбахш доштани фидия ва дар бораи хушхабари Салтанат шаҳодат медоданд. Дар натиҷа, бисёриҳо ҳақиқатро қабул карданд ва ҳазорон нафар тадҳиншудагони дигар барои дар осмон бо Масеҳ ҳукмронӣ кардан ҷамъ оварда шуданд.

12 Соли 1935 равшан гашт, ки Масеҳ аллакай ба ҷамъ овардани «гӯсфандони дигар»-и худ шурӯъ кардааст. Имрӯз гӯсфандони дигар дар тамоми ҷаҳон миллионҳо нафарро ташкил медиҳанд. Зери роҳбарии тадҳиншудагон ин анбӯҳи бузург низ ба намунаи далерии Исо пайравӣ намуда, хушхабарро мавъиза мекунанд. Гӯсфандони дигар низ ба қурбонии Исо чун ба ягона воситаи наҷот имон меоранд. Онҳо медонанд, ки агар дар кори шаҳодатдиҳӣ истодагарӣ зоҳир кунанд ва ба таври ба Худо писанд зиндагӣ кунанд, онҳо аз «азоби азим» наҷот ёфта метавонанд (Юҳ. 10:16; Ваҳй 7:9, 10, 14).

БАРОИ РАСОНДАНИ ХУШХАБАР ҶАСОРАТ ПАЙДО КУНЕД

13. Мо бо иродаи қавӣ чӣ кор кардан мехоҳем? Дар чӣ мо бояд ба намунаи масеҳиёни аввал пайравӣ кунем?

13 Дар бораи корҳои бузурге, ки Яҳува Худо аллакай ба ҷо овардааст ва оиди ваъдаҳои нисбати оянда додаи Ӯ шаҳодат додан шарафи бузург аст! Рост аст, ки иҷро кардани ин кор на ҳамеша осон аст. Бисёр ҳамимонони мо дар маҳаллҳое хизмат мекунанд, ки аксари одамон ба хабари мо бепарвоянд. Баъзан шояд одамон моро мазоқу масхара мекунанд ё ҳатто рӯирост таъқиб менамоянд. Агар мо низ бо чунин муносибат рӯ ба рӯ шавем, метавонем мисли Павлуси ҳавворӣ ва ҳамроҳонаш амал кунем. Павлус гуфт: «Мо... дар Худои худ қавӣ гардидем, то ки дар миёни мухолифатҳои бузурге башорати Худоро ба шумо мавъиза намоем» (1 Тас. 2:2). Биёед ҳеҷ гоҳ суст нагардем. Ба ҷои ин биёед бо иродаи қавӣ то пурра несту нобуд шудани ҷаҳони Шайтон Шоҳидони Яҳува бошем (Иш. 6:11). Инро мо бо қуввати худ карда наметавонем. Мо бояд ба намунаи масеҳиёни аввал пайравӣ карда, дар дуо аз Яҳува рӯҳулқудс пурсем, то барои иҷрои хизматамон қуввати лозима дошта бошем. (2 Қӯринтиён 4:1, 7-ро бихонед; Луқ. 11:13).

14, 15. а) Дар асри як бо масеҳиён чӣ гуна муносибат мекарданд ва чӣ тавр Петрус онҳоро рӯҳбаланд кард? б) Агар барои Шоҳиди Яҳува буданамон моро таъқиб кунанд, мо чиро бояд дар ёд дорем?

14 Имрӯз миллионҳо одамон мегӯянд, ки онҳо масеҳиянд, «лекин бо аъмолашон [Худоро] инкор менамоянд, дар ҳолате ки зишткор ва беитоат буда, ба ҳеҷ амали нек қобил нестанд» (Тит. 1:16). Дар асри як, аксари одамон Худоро бо он тарзе ки Ӯ мехост, ибодат намекарданд. Дар асл, он замон масеҳиёни ҳақиқиро бисёр одамони гирду атрофашон бад медиданд. Барои рӯҳбаланд кардани он масеҳиён Петрус гуфт: «Агар дар ҳаққи шумо ба хотири исми Масеҳ бадгӯӣ кунанд, хушо шумо, чунки Рӯҳи ҷалол, Рӯҳи Худо бар шумо қарор мегирад» (1 Пет. 4:14).

15 Оё он суханони зери илҳоми илоҳӣ навишташударо дар мавриди Шоҳидони имрӯзаи Яҳува ба кор бурдан мумкин аст? Албатта, зеро ки мо на танҳо дар бораи Яҳува шаҳодат медиҳем, балки ҳамчунин дар бораи Исо ва Подшоҳии ӯ мавъиза мекунем. Исоро низ таъқиб мекарданд, чунки ӯ шоҳиди Яҳува буд. Вай ба таъқибкунандагони худ гуфт: «Ман ба исми Падари Худ омадаам, ва Маро қабул намекунед» (Юҳ. 5:43). Пас, ҳар гоҳ ки агар шуморо барои шаҳодат доданатон таъқиб кунанд, дар хотир доред, ки Худо шуморо меписандад ва рӯҳи муқаддаси Ӯ бар шумост.

16, 17. а) Дар бисёр қисмҳои ҷаҳон халқи Худо бо кадом душвориҳо рӯ ба рӯ мешаванд? б) Шумо бо иродаи қавӣ чӣ кор карданӣ ҳастед?

16 Ҳамзамон дар бораи чизҳои хубе, ки дар бисёр қисмҳои ҷаҳон рӯй дода истодаанд, фаромӯш накунед. Ҳатто дар маҳаллҳое, ки он ҷо Шоҳидон солҳои зиёд мавъиза мекунанд, то ҳол одамоне ёфт мешаванд, ки ба гӯш кардани хабари наҷотбахши мо омодаанд. Ҳангоми ёфт шудани чунин шахсони шавқманд, хуб мебуд, ки ба наздашон такроран равем ва кӯшиш кунем, ки бо онҳо омӯзиши Китоби Муқаддас сар кунем. Он гоҳ мо метавонем ба онҳо кӯмак кунем, ки Яҳуваро шиносанд ва ҳаёташонро ба Ӯ бахшида таъмид гиранд. Вақте ки шумо ин корро ба ҷо меоред, чӣ ҳис мекунед? Са́ри ном хоҳар аз Африқои Ҷанубӣ, ки зиёда аз 60 сол Шоҳиди Яҳува аст, мегӯяд: «Ман хеле миннатдорам, ки ба туфайли қурбонии фидияи Исо метавонам бо Яҳува, Ҳокими олам, муносибати хуб дошта бошам. Ман хурсандам, ки дар бораи номи пурҷалоли Ӯ нақл мекунам». Ӯ ва шавҳараш Мартинес ба се фарзанди худ ва бисёр одамони дигар кӯмак карданд, ки хизматгорони Яҳува шаванд. Сари илова мекунад: «Ягон кори дигар аз хизмат дида ба ман чунин қаноатмандии зиёд намебахшад ва ба воситаи рӯҳулқудсаш Яҳува ба ҳамаи мо қувваи лозима медиҳад, то ки ин кори наҷотбахшро давом диҳем».

17 Хоҳ мо масеҳиёни таъмидёфта бошем, хоҳ сӯи ин мақсад акнун қадам мемонем, мо бояд миннатдор бошем, ки аъзои ҷамъомади умумиҷаҳонии Яҳува ҳастем. Пас, биёед ба таври асоснок шаҳодат доданро давом диҳем ва бикӯшем, ки худро аз ҷаҳони Шайтон пок нигоҳ дорем. Ҳамин тавр амал карда, мо ба Падари меҳрубони осмониамон, ки номашро бар худ дорем, ҷалол хоҳем овард.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан