МАВЗӮИ АСОСИИ МАҶАЛЛА | ПОДШОҲИИ ХУДО БА ШУМО ЧӢ БАРАКАТ МЕОРАД?
Чаро Подшоҳии Худо барои Ҳазрати Исо муҳим аст?
Ҳангоми дар замин буданаш Ҳазрати Исо дар бораи бисёр мавзӯъҳо гап мезад. Масалан, ӯ ба пайравонаш таълим медод, ки чӣ тавр дуо гӯянд, бо кадом роҳ дили Худоро хурсанд кунанд ва чӣ хел хушбахтии ҳақиқиро ба даст оранд (Матто 6:5–13; Марқус 12:17; Луқо 11:28). Лекин беш аз ҳама Исо дар бораи Подшоҳии Худо гап мезад, зеро ин мавзӯъ ба дилаш хеле наздик буд (Луқо 6:45).
Чи хеле маълум аст, дар ҳаёти Исо «хушхабарро дар бораи Подшоҳии Худо эълон кардан» дар ҷои аввал меистод (Луқо 8:1). Ӯ қувваташро дареғ надошта замини Исроилро садҳо километр тай менамуд, то ба мардум дар бораи Подшоҳии Худо нақл кунад. Хизмати Ҳазрати Исо дар чор китоби Инҷил навишта шудааст ва дар он ҷо дар бораи Подшоҳӣ беш аз 100 маротиба зикр гардидааст. Бояд гуфт, ки дар бораи Подшоҳии Худо аз ҳама бештар Исо гап задааст ва ин танҳо қатрае аз дарёст! (Юҳанно 21:25).
Вақте Ҳазрати Исо дар замин буд, чаро дар бораи Подшоҳии Худо ин қадар бисёр гап мезад? Пеш аз ҳама Исо медонист, ки Худо ҳукмронии ин Подшоҳиро бар дӯши ӯ гузоштааст (Ишаъё 9:6; Луқо 22:28–30). Лекин Исо барои ба даст овардани қудрату шуҳрат талош намекард ва онро барои манфиати худаш истифода намебурд (Матто 11:29; Марқус 10:17, 18). Подшоҳии Худо то ҳол барои Исо мавқеи аввалиндараҷаро ишғол мекунад, зеро ӯ медонад, ки ин Подшоҳӣ ба Падари азизаш ва пайравони содиқаш манфиати зиёд меорадa.
ЧӢ ТАВР ПОДШОҲӢ БАР МАНФИАТИ ХУДО АМАЛ МЕКУНАД?
Исо ба Падараш меҳру муҳаббати беандоза дорад (Панднома 8:30; Юҳанно 14:31). Ба ӯ хислатҳои беҳамтои Падараш ба монанди муҳаббат, дилсӯзӣ ва адлу инсоф хеле маъқуланд (5 Мӯсо 32:4; Ишаъё 49:15; 1 Юҳанно 4:8). Лекин бояд гуфт, ки дар бораи Худо дурӯғҳои зиёд паҳн шудаанд, масалан, гӯё ӯ ба дарду ғами одамон бепарво аст ва мехоҳад, ки мо азоб кашем. Бешубҳа Исо тоқати шунидани ин гуна дурӯғҳоро надорад. Ана барои ҳамин ӯ бо ҷидду ҷаҳд «хушхабарро дар бораи Подшоҳии Худо» мавъиза мекард ва ӯ медонад, ки рӯзе ин Подшоҳӣ номи Падарашро аз доғ тоза мекунад (Матто 4:23; 6:9, 10). Чӣ тавр ин кор амалӣ мегардад?
Ба воситаи Подшоҳии худ Яҳува баҳри манфиати одамизод тағйироти ҷиддӣ ба амал меорад. «Ӯ ҳар ашкро аз чашмони» шахсони худотарс пок мекунад. Яҳува ҳар чизеро, ки ба инсон ғаму дард меорад, нест мекунад ва ваъда медиҳад, ки «марг дигар намешавад, гиря, фиғон ва дард дигар намешавад» (Ошкорсозӣ 21:3, 4). Ҳамин тавр Худо тавассути Подшоҳиаш ба тамоми дарду азоби одамизод хотима мебахшадb.
Тааҷҷубовар нест, ки чаро Исо бисёр мехост, ки ба одамон дар бораи Подшоҳии Худо гап занад. Зеро ӯ медонист, ки ин қудрату раҳмдилии беандозаи Падарашро нишон медиҳад (Яъқуб 5:11). Ҳамчунин Исо боварӣ дошт, ки Подшоҳӣ ба шахсони росткор, ки ӯ хеле дӯсташон медорад, баракати зиёд меорад.
ЧӢ ТАВР ПОДШОҲӢ БАР МАНФИАТИ РОСТКОРОН АМАЛ МЕКУНАД?
Пеш аз ба замин омаданаш Исо муддати зиёд дар осмон ҳамроҳи Падараш зиндагӣ мекард. Худо ба воситаи Писараш ҳама чизро, аз ҷумла осмони беканор, ситораҳои бешумор, галактикаҳо, сайёраи замин ва мавҷудоти зиндаро офарид (Қӯлассиён 1:15, 16). Ногуфта намонад, ки Исо махсусан «ба одамизод меҳри бисёр» баст (Панднома 8:31).
Дар хизмат Исо ба одамон муҳаббат зоҳир мекард. Аз рӯзҳои аввали хизматаш ӯ нишон медод, ки барои «хушхабарро» ба муҳтоҷон расондан, омадааст (Луқо 4:18). Суханони Исо хушку холӣ набуданд. Ӯ ҳамеша муҳаббаташро дар амал нишон медод. Масалан, вақте ӯ дид, ки мардуми бисёре барои шунидани ӯ омадаанд, «дилаш ба онҳо сӯхт ва онҳоеро, ки бемор буданд, шифо дод» (Матто 14:14). Инчунин, вақте марди пур аз махав бо имон гуфт, ки «Ҳазратам, агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок гардонӣ», раҳми Исо омад ва чунин гуфт: «Албатта, мехоҳам. Пок шав!» (Луқо 5:12, 13). Вақте Исо дид, ки дӯсташ Марям аз марги бародараш Лаъзор бо ҳасрат месӯзад, «оҳи аламноке кашид ва ба изтироб омад» ва аз чашмонаш «ашк равон шуд» (Юҳанно 11:32–36). Сипас, ӯ коре кард, ки ҳама ба ҳайрат афтоданд. Ҳарчанд аз марги Лаъзор чор рӯз гузашта буд, Исо ӯро зинда кард (Юҳанно 11:38–44).
Албатта Исо медонист, ки ин кумаки ӯ муваққатӣ аст. Зеро шахсоне, ки шифо ёфтанду зинда шуданд, як рӯз не як рӯз боз касал мешаванду мемиранд. Исо ҳамчунин медонист, ки Подшоҳии Худо ин гуна проблемаҳоро ба таври ҳамешагӣ аз байн мебарад. Бинобар ин ӯ танҳо мӯъҷиза нишон намедод, балки бо ҷидду ҷаҳд «хушхабарро дар бораи Подшоҳии Худо эълон мекард» (Матто 9:35). Муъҷизаҳои Исо қатрае аз баракатҳои Подшоҳии Худо мебошанд, ки ба наздикӣ тамоми заминро фаро мегиранд. Биёед ин баракатҳоро аз Китоби Муқаддас дида бароем.
Касалӣ намешавад
«Он вақт чашмони кӯрон кушода мешавад ва гӯшҳои карон воз мегардад, ланг мисли гавазн ҷастухез менамояд ва забони гунг аз шодӣ нидо мекунад». Илова бар ин «он гоҳ касе намегӯяд: “Ман касалам”» (Ишаъё 33:24; 35:5, 6).
Марг намешавад
«Росткорон соҳиби замин мешаванд ва дар он то абад зиндагӣ мекунанд» (Забур 37:29).
«Ӯ маргро абадан нест мекунад, Парвардигор Яҳува ашки бари рӯйи ҳамаи одамонро тоза мекунад» (Ишаъё 25:8).
Мурдагон зинда мешаванд
«Ҳамаи онҳое, ки дар қабранд, овози ӯро мешунаванд ва берун меоянд» (Юҳанно 5:28, 29).
«Дар оянда зинда мешаванд» (Корнома 24:15).
Ҳама соҳиби хонаву дар ва кор мешаванд
«Мардум хонаҳо сохта, дар онҳо зиндагӣ хоҳанд кард, токҳо шинонда меваи онро хоҳанд хӯрд. Онҳо бино нахоҳанд кард, ки дигарон зиндагӣ кунанд, ва нахоҳанд шинонд, ки дигарон бихӯранд,... ва интихобшудагони ман аз меҳнати дасти худ то ба охир баҳра мебаранд» (Ишаъё 65:21, 22).
Ҷанг намешавад
«Ӯ ҷангҳоро то ба канори замин барҳам медиҳад» (Забур 46:9).
«Халқе бар халқе шамшер намекашад ва онҳо дигар ҷангро таълим намегиранд» (Ишаъё 2:4).
Гуруснагӣ намешавад
«Замин ҳосили худро хоҳад дод, Худованд, Худоямон, моро баракат хоҳад дод» (Забур 67:6).
«Дар рӯйи замин ғалла фаровон мешавад, он то ба қуллаи кӯҳҳо паҳн мегардад» (Забур 72:16).
Камбағалӣ аз байн меравад
«Бечорагон ба сурати абадӣ фаромӯш намешаванд» (Забур 9:18).
«Ӯ бечораеро, ки нола мекунад ва бенавову бепуштупаноҳро халосӣ хоҳад дод. Ба камбағалу бечора раҳм хоҳад кард ва ҷони мискинро наҷот хоҳад дод» (Забур 72:12, 13).
Баъд аз дида баромадани ин баракатҳо, оё шумо дарк кардед, ки чаро Подшоҳӣ барои Исо ин қадар муҳим аст? Вақте Исо дар замин буд, ӯ бо ҷидду ҷаҳд ба ҳар касе, ки гӯш мекард, дар бораи Подшоҳии Худо гап мезад, зеро медонист, ки он ба ҳамаи дарду азоби одамизод хотима мебахшад.
a Дар ин мақола дар мавриди Исо бештар замони ҳозира истифода шудааст, чунки ӯ айни замон дар осмон мебошад. Бинобар ин мавзӯи Подшоҳии Худо бешубҳа то ҳол барои Исо муҳим аст (Луқо 24:51).
b Барои фаҳмидани он ки чаро Худо муддате ба ранҷу азоби одамон роҳ медиҳад, нигаред ба боби 11-уми «Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад». Онро Шоҳидони Яҳува нашр кардаанд. Ин китоб ҳамчунин дар сомонаи www.jw.org дастрас аст.