ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
Тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w19 феврал саҳ. 26-30
  • Мероси бойи рӯҳонӣ ба ман комёбӣ овард

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Мероси бойи рӯҳонӣ ба ман комёбӣ овард
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2019
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • ВОЛИДОНАМ МЕҲРУБОН БУДАНД
  • БА ЯҲУВА НАЗДИКТАР МЕШАВАМ
  • ХИЗМАТИ ШАВҚОВАР ДАР НИГЕРИЯ
  • ТАЪЙИНОТҲОИ НАВ
  • Яҳува сарпаноҳи ҳақиқии ман буд
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2023
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2019
w19 феврал саҳ. 26-30
Вудворт Миллс

ТАРҶУМАИ ҲОЛ

Мероси бойи рӯҳонӣ ба ман комёбӣ овард

Нақл кард: Вудворт Миллс

НИСФИ шаб ману як бародар қад-қади дарёи Нигер мерафтем. Он дарё хеле калону тезҷараён ва бараш тахминан 1,5 км аст. Ҳамон вақтҳо дар давлати Нигерия ҷанги шаҳрвандӣ авҷ мегирифт, барои ҳамин аз он дарё гузаштан хеле хатарнок буд. Ба ҳар ҳол мо бояд аз он мегузаштем ва ин бори аввалу охир набуд. Чаро лозим омад, ки мо ҳаёти худро зери хатар монем? Биёед дар аввал нақл кунам, ки то таваллуди ман чӣ шуда буд.

Соли 1913 падарам Ҷон Миллс дар шаҳри Ню-Йорк, дар синни 25-солагӣ таъмид гирифт. Нутқи таъмидро бародар Расселл гуфта буд. Дере нагузашта падарам ба шаҳри Тринидад рафт ва дар он ҷо бо модарам Канстенс Фаме, ки Тадқиқотчии боғайрати Китоби Муқаддас буд, хонадор шуд. Падарам ҳамроҳи дӯсташ Уилям Браун дар намоиш додани «Фотодрамаи офараниш» кӯмак мекард. Онҳо то с. 1923, то ба Африқои Ғарбӣ таъйин шудани бародар Уилям ва ҳамсараш, бо ин кор машғул буданд. Падару модарам, ки умеди осмонӣ доштанд, хизматро дар Тринидад давом доданд.

ВОЛИДОНАМ МЕҲРУБОН БУДАНД

Дар оила мо нӯҳ фарзанд будем. Номи бародарамро волидонам ба хотири Президенти онвақтаи Ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ Рутерфорд монданд. Ман фарзанди дуюми онҳо, 30-юми декабри с. 1922 таваллуд шудам ва онҳо маро ба хотири бародар Клейтон Вудворт — муҳаррири маҷаллаи «Асри тиллоӣ» (ҳоло «Бедор шавед!») Вудворт номиданд. Волидонам ғамхорӣ намуданд, то ҳар яки мо маълумоти миёна дошта бошем, вале онҳо моро асосан ба мақсадҳои рӯҳонӣ бармеангехтанд. Модарам маҳорати аҷоиб дошт. Ӯ Каломи Худоро ба таври боварибахш фаҳмонда метавонист. Падарам бошад, ба мо нақл кардани ҳикояҳои Китоби Муқаддасро дӯст медошт ва воқеаҳоро бо ҳар гуна имову ишора мефаҳмонд, то онҳоро зинда тасаввур кунем.

Ин кӯшишҳои онҳо самари хуб овард. Аз панҷ писар се нафарамон дар Мактаби Ҷилъод таҳсил кардем. Се хоҳари мо солҳои зиёд дар Тринидад ва Тобаго чун пешрав хизмат карданд. Волидонамон бо таълим ва намунаи хуби худ, фарзандонашонро чун ниҳолоне, ки дар «хонаи Худованд шинонда» шудаанд, парвариш намуданд. Дастгириву кӯмаки онҳо буд, ки мо дар роҳи ҳақиқат мондем ва «дар саҳнҳои Худои мо» шукуфтем (Заб. 91:14).

Хонаи мо барои ташкил кардани кори мавъи-за ҷойи асосӣ ҳисоб меёфт. Дар он ҷо пешравон ҷамъ шуда, бисёр вақт дар бораи хизмати бародар Ҷорҷ Янг, ки дар Канада чун миссионер буду ба Тринидад ташриф овард, сӯҳбат менамуданд. Волидонам бо шавқу завқ нақл мекарданд, ки чӣ тавр пеш бо бародар Уилям Браун ва ҳамсараш якҷоя мавъиза менамуданд. Сӯҳбатҳои ширини онҳо мани 10-соларо барангехт, ки воиз шавам.

БА ЯҲУВА НАЗДИКТАР МЕШАВАМ

Дар он солҳо адабиёти мо корҳои диндорони фиребгар, тоҷирони чашмгурусна ва сиёсатмадорони беинсофро фош мекард. Барои ҳамин с. 1936 рӯҳониён ҳукуматдорони Тринидадро алов монданд, ки адабиёти моро манъ кунанд. Мо адабиётҳоро пинҳон кардем, вале то тамомшавиашон онҳоро паҳн кардан мегирифтем. Мо плакатҳоро ба худ овехта, қатор аз кӯчаҳои шаҳр мегузаштем ва ҳамчунин бо велосипедҳо даъватномаҳо паҳн мекардем. Бо мошини баландгӯякдор мо гурӯҳ-гурӯҳ дар шаҳри Тунапуна ва ҳатто дар ҷойҳои дурдасти Тринидад мавъиза мекардем. Ин воқеаҳои ҳаяҷонбахш маро барангехт, то дар 16-солагӣ таъмид гирам.

Дар Тунапуна бо мошини баландгӯякдор

Дар Тунапуна, гурӯҳи воизоне, ки бо мошини баландгӯякдор хизмат мекарданд

Дар хизмат фаъол будани ҳамаи аъзоёни оилаам ва он воқеаҳои давраи кӯдакӣ дар дили ман хоҳиши миссионер шуданро бедор кард. Вақте ки ман с. 1944 ба ҷазираи Аруба рафта ба бародар Эдмунд Камингс дар хизмат ҳамроҳ шудам, ин хоҳиш ҳанӯз дар дилам ҷӯш мезад. Соли 1945 ба Шоми ёдбуд 10 кас омад, ки мо аз ин бениҳоят хурсанд шудем. Ва соли дигар дар он ҷазира якумин ҷамъомад ташкил ёфт.

Вудворт ва Орис Миллс дар ҷавонӣ

Бо Орис ҳаётам боз ҳам рангинтар шуд

Чанде пас ман ба ҳамкорам Орис Уилямс мавъиза кардам. Ӯ эътиқодашро ҳимоя карда бисёр баҳс намуд. Вале бо ёрии омӯзиш вай фаҳмид, ки Каломи Худо дар асл чиро таълим медиҳад ва ӯ 5-уми январи с. 1947 таъмид гирифт. Бо гузашти вақт мо ба якдигар дил бастем ва оиладор шудем. Орис моҳи ноябри с. 1950 пешрав шуд. Бо ӯ якҷоя хизмат карда ҳаётам боз ҳам рангинтар гашт.

ХИЗМАТИ ШАВҚОВАР ДАР НИГЕРИЯ

Соли 1955 мо ба мактаби Ҷилъод таклиф шудем. Барои тайёрӣ дидан ба он мо аз кор баромадем, хонаву баъзе чизҳоямонро фурӯхтем ва Арубаро тарк кардем. 29-уми июли с. 1956 мо синфи 27-уми Ҷилъодро хатм карда ба Нигерия таъйин шудем.

Вудворт ва Орис Миллс бо оилаи Байт–Ил дар шаҳри Лагос, Нигерия соли 1957

Бо оилаи Байт-Ил дар шаҳри Лагос, Нигерия (с. 1957)

Ба гузашта назар карда Орис мегӯяд: «Рӯҳи муқаддаси Яҳува метавонад ба шахс барои ба пастиву баландиҳои ҳаёти миссионерӣ мутобиқ шудан кӯмак кунад. Баръакси шавҳарам ман ҳеҷ гоҳ миссионер шудан намехостам. Ман мехостам, ки хонаву дари худам бошад ва фарзанддор шавам. Вале вақте фаҳмидам, ки кори мавъиза беҳад муҳим аст, фикррониамро дигар кардам. Ҳангоми хатм кардани Ҷилъод ман чун миссионер пурра ба хизмат тайёр будам. Вақте мо ба киштӣ савор шудем, бародар Уорз Торнтон, ки ҳамкори бародар Норр буд, ба мо “Роҳи сафед!” таманно карда гуфт, ки мо ба Байт-Ил таъйин шудем. Рости гап дар аввал ман хоҳиш надоштам, вале баъдтар фикрамро дигар кардам. Дар Байт-Ил ман корҳои гуногунро мекардам. Яке аз онҳо дар қабулгоҳ кор кардан буд. Ман одамонро дӯст медорам ва он кор имконият медод, ки бо бародару хоҳарони Нигерия аз наздик ҳамкорӣ кунам. Бисёри онҳо ба Байт-Ил аз роҳҳои дур чанголуд, хаста ва ташнаву гушна меомаданд. Ман бо ҷону дил дар бораи эҳтиёҷоти онҳо ғамхорӣ мекардам, то ки онҳо каме дам гирифта ба худ оянд. Ҳамаи ин корҳо хизмати муқаддас ба Яҳува ҳисоб меёфт ва ба ман хурсандӣ меовард». Бале, ҳар як таъйинот имконият медод, ки мо рӯҳан шукуфем.

Соли 1961 вақте дар Тринидад мо оилавӣ бо дӯстон ҷамъ шудем, бародар Браун баъзе воқеаҳои шавқоварро аз хизматаш дар Африқо гуфта дод. Баъд ман низ нақл кардам, ки чӣ тавр хизмати мо дар Нигерия пеш меравад. Бародар Браун дастонашро меҳрубонона ба китфам гузошта ба падарам гуфт: «Ҷон, ту ҳеҷ гоҳ дар Африқо хизмат накардӣ, вале писарат Вудворт кард». Падарам бошад, дар ҷавоб ба ман гуфт: «Боракалло, писарам, ин корро давом деҳ!» Шунидани чунин суханон аз ходимони содиқи Яҳува хоҳиши маро барои аз таҳти дил давом додани хизматам боз ҳам зиёдтар кард.

Вудворт Миллс, Антонио Браун, Уилям Браун ва Орис Миллс

Уилям Браун ва занаш, Антония, моро хеле рӯҳбаланд мекарданд

Соли 1962 ба ман муяссар гардид, ки дар синфи 37-уми Мактаби Ҷилъод таҳсили иловагӣ гирам. Бародар Уилфред Гуч, ки он вақт нозири филиали Нигерия буд, синфи 38-уми Ҷилъодро хатм карда ба Англия таъйин гардид. Баъди он назорат кардани филиали Нигерия ба ӯҳдаи ман гузошта шуд. Чун бародар Браун ман бисёр сафар мекардам ва бо бародару хоҳарони азизи Нигерия наздиктар шинос шуда онҳоро дӯст доштам. Онҳо аз ҷиҳати моддӣ танқисӣ кашанд ҳам, ҳаёти пурмазмун доштанд ва хурсандиашон аз пулу чиз вобаста набуд. Дар бораи шароити онҳо фикр карда шахс қоил мешавад, ки онҳо ба вохӯриҳо ҳамеша тозаву озода ва бо либоси шоиста меомаданд. Ба анҷуманҳо онҳо бо мошинҳои боркаш ва автобусҳои тарафҳояш кушодаa меомаданд. Аксар вақт дар он автобусҳо шиорҳои шавқовар меовехтанд, ки яке аз онҳо чунин буд: «Қатра-қатра ҷамъ шавад, дарё шавад».

Суханони он шиорҳо ҳақ буданд! Чунки дар ҳақиқат вақте ҳар як кас дар кори мавъиза саҳм мегузошт, гӯё он қатраҳо ҷамъ шуда дарё мешуданд. Соли 1974 дар Нигерия шумораи воизон ба 100 000 расид. Ин якумин давлате буд, ки баъд аз ИМА воизони зиёд дошт. Кор дар ҳақиқат пеш мерафт!

Дар айни ҷӯшу хурӯши кори мавъиза, с. 1967 то 1970 дар Нигерия ҷанги шаҳрвандӣ низ авҷ мегирифт. Якчанд моҳ бародарони мо дар маҳалли шӯришгарон дармонда бо филиал тамоман тамос гирифта натавонистанд. Вазифаи мо ин буд, ки ба онҳо адабиёт бурда расонем ва дастурот диҳем. Мо ба Яҳува дуо гуфта ба Ӯ такя мекардем ва чи хеле ки дар сарсухан гуфта шуд, аз дарёи Нигер маротибаҳои зиёд гузашта назди онҳо мерафтем.

Дар ёди ман он сафарҳои хатарнок хеле нағз мондаанд. Чунки ба ҳаёти мо аскарони бадқаҳр таҳдид мекарданд ва мо аз касалшавӣ ва боз дигар чизҳо хавф доштем. Мо барои гузаштан аз назди аскарони давлатӣ хеле метарсидем, вале гузаштан аз он роҳе, ки шӯришгарон буданд, аз ин ҳам даҳшатноктар буд. Як рӯз ман аз шаҳри Асаба то Онича ба воситаи дарёи Нигер бо қаиқи мусофиркаше гузаштам, то ба деҳаи Энугу рафта нозиронро рӯҳбаланд кунам. Як дафъаи дигар бошад, ман ба деҳаи Аба пиронро хабаргирӣ рафтам, дар он ҷо одамон шабона аз тарси душман чароғ дар намегиронданд. Боре дар шаҳри Порт-Харкорт дар вақти вохӯрӣ аскарони давлатӣ шӯришгаронро шикаст дода ба шаҳр зада даромаданд ва мо дарҳол дуо гуфта ҷамъомадро ба охир расондем.

Он вохӯриҳои ҷамъомад хеле муҳим буданд, чунки бародаронро ба муҳаббати Яҳува боварӣ мебахшиданд. Дар он вақтҳои душвор бародарони Нигерия ба дастурот ва маслиҳат хеле мӯҳтоҷ буданд, то мавқеи бетарафӣ ва ягонагиро нигоҳ доранд. Лекин дар давоми он задухӯрди даҳшатнок истодагарӣ нишон доданд. Ва муҳаббаташон ба якдигар аз нафрати нажодӣ зӯр баромад, инчунин онҳо ягонагии масеҳиро нигоҳ дошта тавонистанд. Дар он соати озмоиш дастгирӣ кардани онҳо дар ҳақиқат шарафи бузург буд!

Соли 1969 дар стадиони Янки (Ню-Йорк) анҷумани байналхалқии «Сулҳ дар рӯйи замин» гузашт. Ман ба бародар Милтон Хеншел, ки раиси барнома буд, ёрдамчӣ будам. Дар давоми ҳамкорӣ бо ӯ, ман аз вай бисёр чизро омӯхтам, ки ин таълимгирӣ дар он вақт ба ман хеле даркор буд. Зеро с. 1970 дар шаҳри Лагоси Нигерия низ анҷумани байналхалқие гузарондем, ки номаш ин хел буд: «Одамоне, ки Худо аз онҳо розист». Дарҳол баъди ҷанги шаҳрвандӣ гузаронидани чунин маърака танҳо бо ёрдами Яҳува имконпазир буд. Ин анҷуман воқеаи ниҳоят ҳаяҷонбахш буд, чунки ба 17 забон гузаронда шуд ва дар он 121 128 нафар иштирок доштанд. Бародар Норр, Хеншел ва дигар вакилон аз ИМА шоҳиди таъмидёбии 3 775 кас гаштанд ва ин баъди иди Пантикост дар асри як шумораи калонтарин буд. Рӯзҳое, ки ман дар ташкили он анҷуман ёрӣ медодам, эҳтимол серкортарин давраи ҳаётам буданд. Баъди таъмиди ин қадар одам шумораи воизон назар ба дигар давлатҳо яку якбора зиёд шуд.

Анҷумани байналхалқӣ дар шаҳри Лагоси Нигерия бо номи «Одамоне, ки Худо аз онҳо розист», соли 1970

Анҷумани байналхалқии «Одамоне, ки Худо аз онҳо розист» бо 17 забон, аз он ҷумла бо забони ибо, гузаронда шуд ва дар он 121 128 кас ҳузур дошт

Дар давоми 30 соли хизмат дар Нигерия ман баъзан чун нозири сайёр ва нозири зонавӣ дар Африқои Ғарбӣ хизмат мекардам. Вақте миссионерон медиданд, ки ба ҳар яки онҳо дар алоҳидагӣ таваҷҷӯҳ зоҳир карда мешавад, хеле рӯҳбаланд мешуданд ва ҳис мекарданд, ки фаромӯш нашудаанд. Аз ин намуди хизмат ман барои худ чунин дарс гирифтам: «Агар хоҳем, ки ба бародару хоҳарон барои рӯҳан шукуфтан кӯмак кунем ва ягонагиро нигоҳ дорем, ҳатман бояд ба ҳар яки онҳо таваҷҷӯҳ зоҳир кунем».

Мо танҳо бо кӯмаки Яҳува тавонистем, ки ба мушкилиҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва беморӣ тоб орем. Ҳама вақт мо дастгирии Парвардигорро ҳис мекардем. Орис мегӯяд:

«Ҳар дуи мо якчанд бор бемории табларза (малярия) шудем. Боре Вудворт беҳуш шуд ва ӯро ба беморхона бурданд. Ман фикр кардам, ки ӯ дигар сиҳат намешавад, вале хайрият вай нағз шуд! Вақте ӯ ба ҳуш омад, ба корманди тиб, ки ба ӯ нигоҳубин мекард, дар бораи Подшоҳии Худо нақл кард. Баъдтар мо бо Вудворт он мардро, ки ҷаноби Нвамбиве буд, боздид кардем, то шавқашро ба Китоби Муқаддас зиёд гардонем. Вай ҳақиқатро қабул кард ва баъдтар дар шаҳри Аба пири ҷамъомад шуд. Ман ҳам ба бисёр касон барои қабул кардани ҳақиқат кӯмак кардам. Яке аз онҳо, ки мусулмони ашаддӣ буд, ходими содиқи Яҳува гашт. Вале аз ҳама бештар мо аз он хурсандем, ки бо мардуми Нигерия дӯстӣ пайдо карда бо расму оин ва маданияту забонашон ошно гаштем».

Боз як дарсе, ки мо барои худ гирифтем, ин аст: «Агар хоҳем, ки ҳангоми хизмат дар давлати хориҷа комёб шавем, мо бояд бародарону хоҳаронро, новобаста аз маданияташон дӯст дорем».

ТАЪЙИНОТҲОИ НАВ

Баъди хизмат дар Байт-Или Нигерия, с. 1987 мо ба ҷазираи зебои Сент-Люсия (ҷазираҳои Кариб) чун миссионерон таъйин шудем. Хизмат дар он ҷо ба мо хеле маъқул буд, вале мо бо мушкилиҳои нав дучор шудем. Дар Африқо як мард метавонист бисёр зан дошта бошад, вале дар Сент-Люсия душворӣ ин буд, ки зану мард бе издивоҷи қонунӣ зиндагӣ мекарданд. Каломи таъсирбахши Худо бисёр омӯзандагони моро барангехт, ки ба ҳаёташон дигаргуниҳои лозима дароранд.

Вудворт ва Орис Миллс дар солҳои охир

Ман ҳамсари азизам, Орисро дӯст медоштам, мо бо ҳам 68 сол зиндагӣ кардем

Вақте аз сабаби пиронсолӣ қуввати мо торафт кам мешуд, с. 2005 Ҳайати роҳбарикунанда аз ғамхорӣ моро ба Идораи марказӣ (Бруклин, ИМА) кӯчонд. Ман ҳар рӯз ба Яҳува шукрона мегӯям, ки ба ман ҳамсари хеле хубро ато кард. Афсӯс, ки с. 2015 ӯро душмани одамизод — марг ба коми худ кашид. Баъди аз даст додани ӯ ман дардеро ҳис мекунам, ки бо сухан баён карда намешавад. Орис ҳамсари бемислу монанд ва зани нозанину меҳрубон буд. Ман ҳамсафари ҳаётам, Орисро дӯст медоштам, мо бо ҳам 68 сол зиндагӣ кардем. Мо фаҳмидем, ки сирри хушбахтӣ ҳам барои оиладорон, ҳам барои муҷаррадон ин аст, ки принсипи сарвариро эҳтиром кунем, бо омодагӣ якдигарро бахшем, фурӯтан монем ва хислатҳои самари рӯҳро зоҳир кунем.

Дар лаҳзаҳои зиқиву рӯҳафтодагӣ мо доимо ба Яҳува такя мекардем, то ки Ӯ минбаъд низ барои овардани қурбониҳои беайб ба мо кӯмак кунад. Мо ҳамеша ба Яҳува мегузоштем, ки моро ислоҳ кунад ва ҳар дафъа аз ин манфиат медидем. Вале баракати бузургтарин ҳоло дар пеш аст! (Иш. 60:17; 2 Қӯр. 13:11).

Дар Тринидад ва Тобаго Яҳува хизмати волидони ман ва дигаронро баракат дод ва мувофиқи ҳисоботи охирон дар он ҷо 9 892 нафар ба ибодати ҳақиқӣ ҳамроҳ шуданд. Дар Аруба бисёриҳо заҳмат кашиданд, то ҷамъомади нахустини маро мустаҳкам кунанд. Дар он ҷазира ҳоло 14 ҷамъомад нашъунамо дорад. Дар Нигерия бошад, шумораи воизон ба 381 398 расидааст. Дар ҷазираи Сент-Люсия 783 кас ба Яҳува хизмат мекунад.

Ман ҳоло 90-сола мебошам. Дар Забур 91:15 дар бораи онҳое, ки дар хонаи Худованд «шинонда шудаанд», гуфта шудааст: «Дар пирӣ низ бор хоҳанд овард, обдор ва тару тоза хоҳанд буд». Ман барои ҳаёте, ки дар хизмати Яҳува гузарондам, хеле аз Ӯ миннатдорам. Мероси бойи рӯҳонӣ, ки ман соҳиб шудам, маро барангехт, ки пурра ба Яҳува хизмат кунам. Яҳува аз лутфу марҳаматаш ба ман гузошт, ки «дар саҳнҳои Худои [худ]» шукуфта нашъунамо ёбам (Заб. 91:14).

a Ба «Бедор шавед!» (англ.) аз 8-уми марти с. 1972, саҳ. 24–26 нигаред.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • Тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан