Замимаи саволҳо
▪ Агар воиз ба маҳалли дигар кӯчад, барои ба ҷамъомади нав гузаштан чӣ бояд кард?
Вақте ки воиз ба ҷамъомади дигар мегузарад, ба котиби ҷамъомад лозим аст, ки номи ҷамъомади пешина, ному насаб ва суроғаи котиби ҷамъомади пешинаи воизро фаҳмад. Сипас котиб аз котиби ҷамъомади пешинаи воиз варақаи ҳисоботи воиз ва тавсияномаро дархост мекунад. Котиби ҷамъомади пешинаи воиз бояд дарҳол ба мактуб ҷавоб диҳад. (Ба китоби «Созмоншудагон» (рус.), саҳ. 87, сарх. 2 нигаред.)
Хуб мебуд, ки воизе ки кӯчиданӣ аст, номи ҷамъомад, ному насаб ва суроғаи котиби ҷамъомадашро аниқ фаҳмад. Баъди ба ҷамъомади нав гузаштан, воиз метавонад ин маълумотро ба котиби ҷамъомад диҳад, то ки ӯ дарҳол ин маълумотро ба кор бурда, талаботҳои лозимаро ба анҷом расонад. То омадани варақаи ҳисоботи воиз ҳисоботи ӯ оиди хизмати мавъиза нигоҳ дошта мешавад. Дар баробари омадани варақа ҳисоботи воиз ба он кӯчонда шуда, сипас ба ҳисоботи навбатии ҷамъомад илова карда мешавад.
Баъзан чунин шуда метавонад, ки воиз аллакай ному насаб ва суроғаи котиби ҷамъомадеро, ки ба он гузаштанӣ аст, медонад. Дар чунин мавридҳо ба пирон лозим нест, ки дархостро интизор шаванд. Варақаи ҳисоботи воизи ҷамъомад ва тавсияномаро метавонанд дарҳол тавассути почта ба котиби ҷамъомаде, ки воиз хизмат карданӣ аст, фиристонанд.