Чӣ гуна ба воизони нав мавъиза карданро таълим диҳем
1. Ҳангоми бори аввал мавъиза кардан шумо чӣ гуна ҳиссиёт доштед?
1 Оё шумо бори аввал хона ба хона мавъиза карданатонро дар хотир доред? Шояд шумо он вақт ба изтироб омада будед. Агар дар хидмат ҳамроҳатон ягон воиз ё шахсе, ки бо шумо омӯзиш карда буд, ҳамкорӣ кунад, шумо бешубҳа барои дастгириаш миннатдор мебудед. Ҳоло бошад, шумо чун хизматгори Худо каме таҷриба ба даст овардед ва метавонед ба воизони нав мавъиза карданро таълим диҳед.
2. Воизони нав бояд чиро ёд гиранд?
2 Воизони нав бояд сар кардани сӯҳбат бо одамон, истифода бурдани Каломи Худо, боздид кардан, сар намудан ва гузарондани омӯзиши Китоби Муқаддасро ёд гиранд. Ҳамчунин онҳо бояд намудҳои гуногуни хидмати мавъизаро аз худ кунанд, масалан, мавъиза дар кӯча ва маҳаллҳои корӣ. Дар ҳамаи ин мавридҳо шумо ба воизони нав бо намуна ва маслиҳатҳои фоидаовари худ кӯмак расонда метавонед.
3. Чӣ гуна бо намунаи худ ба дигарон кӯмак расонда метавонем?
3 Бо намунаи худ таълим диҳед. Исо ба шогирдонаш чӣ гуна мавъиза карданро нишон дод (Луқ. 8:1; 1 Пет. 2:21). Пеш аз он ки бо воизи нав ба хидмат равед, пешниҳоди оддиеро тайёр кунед, ки ӯ низ онро истифода бурда тавонад. Намунаи пешниҳодотро аз адабиётамон гирифтан мумкин аст. Ба воиз гӯед, ки шумо метавонед ба назди як ё ду дар сӯҳбатро сар кунед. Сипас аз воиз пурсед, ки пешниҳодатон самаранок буд ё не. Ҳамин тавр ӯ мебинад, ки то чӣ андоза бо дигарон ҳамкорӣ намудан муҳим аст ва ба вай қабул кардани маслиҳати шумо оиди пешниҳоде, ки ӯ баъдтар мекунад, осон мешавад.
4. Баъд аз гӯш кардани пешниҳодоти воизи нав, чӣ гуна ба ӯ кӯмак расондан мумкин аст?
4 Маслиҳат диҳед. Исо инчунин ба шогирдонаш дар бораи чӣ гуна мавъиза кардан дастур медод (Мат. 10:5–14). Шумо низ ба воизи нав чунин кӯмак расонда метавонед. Вақте ки ӯ сӯҳбатро сар мекунад, шумо бодиққат ӯро гӯш кунед. Сипас ҳатто агар пешниҳодаш ба беҳтаршавӣ ниёз дошта бошад ҳам, ӯро самимона таъриф кунед. Пеш аз маслиҳат додан, аввал диққат диҳед, ки вай дар назди дари навбатӣ пешниҳодашро чӣ тавр пешкаш мекунад. Эҳтимол, дар аввал ӯ ба изтироб омада буд. Ҳамчунин ба назар гирифтан лозим аст, ки ҳар як воиз қобилияти гуногун дорад ва дигар тарзи пешниҳодот ҳам дуруст буда метавонад (1 Қӯр. 12:4–7).
5. Ҳангоми ба воизи нав маслиҳат додан, чӣ гуфтан мумкин аст?
5 Баъзан воизи нав аз шумо маслиҳат пурсида метавонад. Вале агар вай напурсад ҳам, худатон маслиҳат дода метавонед. Лекин чӣ тавр метавон маслиҳатро боодобона дод? Баъзе воизони ботаҷриба саволи оддӣ медиҳанд: «Ту зид нестӣ, агар ба ту маслиҳате диҳам?» ё «Ту чӣ тавр фикр мекунӣ, оё пешниҳодат ба беҳтаршавӣ ниёз дорад?» Ба таври дигар низ гуфтан мумкин аст: «Вақте ки ман воиз шудам, ба ман душвор буд, ки..., лекин ба ман... ёрдам кард». Дар баъзе мавридҳо хуб мебуд, ки маслиҳатҳои китоби «Музокира»-ро (рус.) ҳамроҳ дида бароед. Барои он ки воизи нав аз маслиҳати додаи шумо рӯҳафтода нашавад, танҳо як ҷиҳати пешниҳодашро муҳокима кунед.
6. Чӣ тавр принсипи «оҳан оҳанро тез мекунад» дар хизмат истифода бурда мешавад?
6 Оҳан оҳанро тез мекунад. Павлус воизи ботаҷриба Тимотиюсро бармеангехт, ки таълим додан ва ба даст овардани муваффақиятро боғайратона давом диҳад (1 Тим. 4:13, 15). Ҳатто агар шумо дар кори мавъиза солҳои зиёд иштирок карда бошед ҳам, инкишоф додани маҳорати худро давом диҳед. Аз воизони дигар низ омӯзед, ҳатто аз онҳое, ки таҷрибаашон камтар аст. Омода бошед, то ба дигарон, махсусан ба воизони нав барои ходими бомаҳораттар шудан кӯмак расонед (Мас. 27:17).