Пешниҳодот барои мавъиза
◼ “Ба фикри шумо ҳангоми қабули қарорҳои муҳим мо аз куҷо маслиҳатҳои боэътимод ёфта метавонем? [Ба ҷавоб гӯш диҳед. Масалҳо 3:5, 6-ро хонед ва сипас нишон диҳед, ки чӣ гуна хиради Илоҳӣ моро бармеангезад, ки пеш аз қабули қарор оқибати онро фикр кунем.]”
◼ “Ба фикри шумо, оё Худо мехост, ки одамон аз норасоии хӯрока, ки имрӯз дар тамоми ҷаҳон мушоҳида карда мешавад, азобу уқубат кашанд? [Ба ҷавоб гӯш диҳед.] Диққат диҳед, ки чӣ тавр Худо ин масъаларо ҳал хоҳад кард. [Забур. 71:16-ро хонед ва сипас фаҳмонед, ки чӣ гуна Худо Биҳиштро дар рӯи замин барқарор хоҳад кард.]”
◼ “Дар ин рӯзҳои ноором бисёриҳо аз оянда дар ташвишанд. Ба шумо барои ба оянда бо умед нигоҳ кардан, чӣ кӯмак мерасонад? [Ба ҷавоб гӯш диҳед.] Ба ин ваъдаи Навиштаҳои Муқаддас диққат диҳед. [Ишаъё 65:17-ро хонед ва сипас оиди он ки чаро метавон ба оянда бо умед назар кард, сӯҳбат намоед.]”
◼ “Интернет асбоби фоиданок аст, аммо барои кӯдакон он хатари махсусе дорад. Ба фикри шумо чӣ тавр кӯдаконро аз таъсири бади он муҳофизат кардан мумкин аст? [Ба ҷавоб гӯш диҳед]. Лутфан ба ин суханон диққат диҳед. [Масалҳо 18:1-ро хонед ва сипас баъзе аз принсипҳои Китоби Муқаддасро, ки ба волидон барои муҳофизат кардани фарзандонашон кӯмак карда метавонанд, муҳокима намоед.]”