Ҷадвали нави вохӯриҳои ҷамъомад
1, 2. Аз моҳи январи соли 2009 сар карда, дар вохӯриҳо кадом дигаргуниҳо ба амал хоҳанд омад?
1 Дар ҳафтаи аз 21 то 27-уми апрели соли 2008, дар тамоми ҷамъомадҳо эълони баваҷдоварандае садо дод. «Аз 1-уми январи соли 2009 сар карда, китобомӯзиши ҷамъомад дар як рӯз бо Мактаби таълими мавъиза ва вохӯрии хидматӣ гузаронда хоҳад шуд. Номи “китобомӯзиши ҷамъомад” ба “омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад” иваз карда хоҳад шуд».
2 Ҷадвали вохӯриҳои ҳарҳафтаина. Вақти умумии ин вохӯриҳо дар якҷоягӣ бо суруду дуоҳо 1 соату 45 дақиқаро ташкил хоҳад дод. Баъд аз дуову суруд (5 дақ.) омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад (25 дақ.) сар хоҳад шуд. Сипас Мактаби таълими мавъиза (30 дақ.) мегузарад ва баъди садо додани суруд (5 дақ.) вохӯрии хидматӣ (35 дақ.) оғоз хоҳад ёфт ва он бо суруд ва дуо (5 дақ.) хотима меёбад. Ҷадвали омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад, Мактаби таълими мавъиза ва вохӯрии хидматӣ ҳар моҳ дар «Хидмат ба Салтанати Худо» чоп хоҳад шуд. Ин ба шумо барои ба вохӯриҳо тайёрӣ диданатон кӯмак хоҳад расонд.
3. Чӣ тавр омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад гузаронида хоҳад шуд?
3 Омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад. Ин вохӯрӣ мисли омӯзиши «Бурҷи дидбонӣ» гузаронда мешавад. Дар аввали омӯзиш маводи ҳафтаи гузаштаро такрор кардан шарт нест. Онро бояд бо сарсухани хеле кӯтоҳ оғоз намуд. Ба шарофати ин ҳамаи ҳозирон имконият доранд, ки дар муҳокима бештар иштирок намуда, ҷавобҳои кӯтоҳ диҳанд. Барои гузаронидани ин вохӯрӣ садри масъул ҳар ҳафта пирони гуногунро бо навбат таъин менамояд.
4. То чӣ андоза вохӯрии хидматӣ тағйир хоҳад ёфт?
4 Вохӯрии хидматӣ. Вақти ин вохӯрӣ кӯтоҳтар мешавад, аммо тартиби гузаронидани он бетағйир мемонад. Ба эълонҳо 5 дақиқа ҷудо карда мешавад. Ин вақт бояд барои хондани эълонҳои муҳими саривақтӣ ва баъзе номаҳо аз филиал кофӣ бошад. Эълонҳо оиди хидмати мавъиза, рӯбучини Толор, ҳисоботи пулӣ ва номаҳо аз филиалро аз саҳна хондан шарт нест, онҳоро аз тахтаи эълонҳо метавон хонд. Ба онҳое ки қисмҳои барнома супорида мешаванд, бояд тайёрии хуб бинанд, аз доираи вақти муайяншуда набароянд ва аз рӯи дастуроти овардашуда амал кунанд.
5. Дар давоми ташрифи нозири ноҳиявӣ, ҷадвали вохӯриҳои ҷамъомад чӣ гуна хоҳад буд?
5 Ташрифи нозири ноҳиявӣ. Ҷадвали вохӯриҳо дар ҳафтаи ташрифи нозири ноҳиявӣ иваз нахоҳад шуд. Рӯзи сешанбе Мактаби таълими мавъиза ва вохӯрии хидматӣ бо суруд оғоз хоҳанд ёфт. Сипас нозири ноҳиявӣ бо нутқи 30-дақиқаина баромад хоҳад кард. Чун пештара ҳангоми ташрифи нозири ноҳиявӣ омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад рӯзи дигар гузаронда мешавад ва баъд аз суруд, ӯ бо нутқи хидматӣ баромад хоҳад кард. Вохӯрӣ бо суруд ва дуо хотима хоҳад ёфт.
6. Вазифаи нозири гурӯҳ аз чӣ иборат аст?
6 Вохӯриҳо барои хидмати мавъиза. Онҳое ки пеш чун “нозирони китобомӯзиши ҷамъомад” хидмат мекарданд, ҳоло “нозирони гурӯҳ” номида хоҳанд шуд. Ин бародарон аз ҷониби ҳайати пирон таъин карда мешаванд. Онҳо ба хидмати мавъизаи гурӯҳҳо ғамхорӣ мекунанд ва бо аъзоёни гурӯҳ мулоқоти шубонӣ мегузаронанд. Агар ғамхории гурӯҳ ба дӯши ходими ёвар гузошта шавад, ӯ ходими гурӯҳ ҳисобида хоҳад шуд.
7. Ҷадвали нав чӣ таъсири хуберо ба сифати вохӯриҳои ҷамъомадамон хоҳад расонд?
7 Ҳамин тавр барномаи вохӯрии рӯҳониамон боз ҳам серғизо гардида, ба мо рӯҳбаландии зиёд хоҳад овард ва кӯмак хоҳад расонд, ки воизони бомаҳорат ва таълимдиҳандагони дар хидмат самаровар гардем (Эфсӯсиён 4:13, 14; 2 Тимотиюс 3:17).
8. Чӣ тавр мо ба вохӯриҳо пешакӣ тайёрӣ дида, ба худ ва дигарон манфиат оварда метавонем?
8 Тайёрии пешакӣ ба ин вохӯриҳо ба мо кӯмак мерасонад, ки дар вақти барнома ба фикрҳои асосӣ диққатамонро ҷалб кунем. Ҳамаи мо метавонем бо фаъолона иштирок намудан дар муҳокима, дигаронро рӯҳбаланд созем (Румиён 1:11, 12; Ибриён 10:24). Мо бояд барои дуруст мавъиза кардани каломи ростӣ кӯшиш намоем, то ки муваффақиятҳоямон намоён гарданд (1 Тимотиюс 4:15; 2 Тимотиюс 2:15).
9. Мо ба чӣ бо қатъият тайёрем ва чаро?
9 Мо аз ин навигарии барномаи вохӯриҳоямон хеле шод ҳастем. Бигзор ҳамаи мо аз рӯи роҳнамоии «ғуломи мӯътамад ва доно» амал намуда, ҳамеша ҳамроҳи Шубони Бузургамон бошем, то ки моро ба «мусибати бузурге», ки наздик шуда истодааст, тайёр намояд (Матто 24:21, 45; Ваҳй 7:14).