Барнома барои ҳафтаи аз 16–уми феврал
ХАФТАИ АЗ 16-УМИ ФЕВРАЛ САРШАВАНДА
Суруди 98.
□ Омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад
□ Мактаби таълими мавъиза
Хониши Китоби Муқаддас: Ҳастӣ 29–31
№ 1: Ҳастӣ 29:1–20
№ 2: Чаро мо бояд аз ҳад зиёд ғам нахӯрем? (Мат. 6:25)
№ 3: my Ҳикояи 7
□ Вохӯрии хидматӣ
Суруди 172.
5 дақ. Эълонҳо
15 дақ. Ҳамаи инро барои хушхабар бояд кард.
15 дақ. Оё шумо дар айёми Шоми ёдбуд чун пешрави ёвар хидмат карда метавонед? Нутқи рӯҳбаландкунандаи нозири хидматӣ. Талабот барои чун пешрави ёвар хидмат кардан ва таъсири онҳоро бар ҷамъомад дида бароед. Нақл кунед, ки чун пешрави ёвар хидмат кардан чӣ гуна хурсандиву баракатҳо меорад. Дар бораи вохӯриҳои иловагӣ барои мавъиза, ки дар моҳҳои март, апрел ва май ба нақша гирифта шудаанд, нақл кунед. Аз ду ё се воизе, ки соли гузашта ба серкорӣ ё маҳдудияти ҷисмониашон нигоҳ накарда, чун пешрави ёвар хидмат карданд, кӯтоҳ мусоҳиба гиред. Онҳо барои чун пешрави ёвар хидмат кардан дар реҷаашон кадом тағйиротро дароварданд? Кадом баракатҳоро онҳо ҳис карданд? Ҳар як оиларо барангезед, то дар вақти ибодати оилавӣ муҳокима намоянд, ки чӣ гуна, як ё якчанд нафари аъзои оилаашон чун пешрави ёвар хидмат карда метавонанд.
Суруди 151.