Барои инъоми бузургтарини Худо миннатдорӣ зоҳир намоед
1. Чаро мо ба Яҳува махсусан миннатдорем?
1 Аз ҳамаи инъомҳои неки Худо, бузургтаринаш — ин фидияи Писари азизи Ӯ мебошад (Яъқ. 1:17). Ба шарофати ин фидия, мо соҳиби баракатҳои зиёд мешавем ва инчунин гуноҳҳои мо бахшида мешаванд (Эфс. 1:7). Мо барои ин инъом ҳамеша миннатдорем. Дар арафаи ҷашни Шоми ёдбуд, мо махсусан барои мулоҳиза рондан бар ин инъоми бебаҳо вақт ҷудо хоҳем кард.
2. Чӣ тавр шумо ва оилаатон миннатдории худро барои фидия зиёд гардонда метавонед?
2 Миннатдориатонро зиёд гардонед. Барои он ки миннатдории оилаатонро барои фидия зиёд гардонед, дар ҳафтаҳои пеш аз Шоми ёдбуд, ки он 30-юми март баргузор мегардад, хуб мебуд, ки дар шоми ибодати оилавӣ маълумотро дар мавзӯи фидия муҳокима намоед. Инчунин ҳар рӯз бо аҳли оила хониши оятҳои Китоби Муқаддасро оид ба Шоми ёдбуд гузаронед. Шахсан дар бораи он мулоҳиза ронед, ки чӣ гуна фидия ба шумо манфиат овард ва чӣ гуна ба муносибати шумо нисбати Яҳува, нисбати худатону дигарон ва нисбати оянда таъсир расонд. Инчунин агар китоби сурудҳои нав дастрас бошад, хуб мебуд, ки сароидани ду суруди навро таҳти рақами 8 (87) ва 109 (105), ки махсусан барои Шоми ёдбуд омода шудаанд, машқ кунед (Заб. 76:13).
3. Чӣ тавр мо миннатдориамонро барои фидия зоҳир карда метавонем?
3 Миннатдорӣ зоҳир намоед. Миннатдорӣ барои фидия моро бармеангезад, ки ба дигарон дар бораи Яҳува ва муҳаббати бузурги Ӯ, ки Писарашро ба замин фиристод, нақл кунем (Заб. 144:2–7). Дар моҳҳои март, апрел ва май баъзе оилаҳо миннатдориашонро бо он нишон медиҳанд, ки ақаллан як аъзои оилаашон чун пешрави ёвар хизмат кунад. Агар ин бароятон имконнопазир бошад, оё метавонед, фурсатро ғанимат дониста дар хизмат бештар иштирок кунед? (Эфс. 5:16). Миннатдорӣ инчунин моро бармеангезад, ки ба дигарон барои ба Шоми ёдбуд ташриф овардан кӯмак расонем (Ваҳй 22:17). Барои ба Шоми ёдбуд даъват кардан рӯйхати боздидҳо, омӯзандагони Китоби Муқаддас, хешовандон, ҳамкорон ва ҳамсоягонро тартиб дода ҳамзамон эҳтиёткорона танҳо онҳоеро ки ба ҳақиқат шавқи самимӣ доранд, даъват кунед (Мат. 10:16). Сипас дар даъват кардани ин гуна одамони шоиста ба Шоми ёдбуд ҳар чӣ бештар иштирок кунед.
4. Чӣ гуна мо метавонем арафаи Шоми ёдбудро бохирадона истифода барем?
4 Дар арафаи ҷашни Шоми ёдбуд, мо боз имкониятҳое пайдо мекунем, ки ба Яҳува миннатдории худро барои инъоме, ки ба инсоният додааст нишон диҳем. Бигзор ҳар яки мо аз ин вақт истифода бурда, миннатдориамонро барои фидия ва «сарвати беқиёси Масеҳ» зиёд гардонем (Эфс. 3:8).