Оё шумо ҳамаи имкониятҳоро истифода мебаред? Шоми ёдбуди омадаистода имконияти нишон додани миннатдории мост
1. Шоми ёдбуди омадаистода чӣ имконияти махсусе медиҳад?
1 Шоми ёдбуд, ки 14-уми апрел баргузор мегардад, имконияти олиҷаноби инкишоф додан ва зоҳир намудани миннатдорӣ ба Яҳува мебошад. Оятҳои Луқо 17:11–18 нишон медиҳанд, ки чӣ тавр Яҳува ва Исо ба миннатдорӣ назар мекунанд. Аз ин оятҳо мо мебинем, ки ба 10 нафар махавӣ кӯмак карда шуд, лекин мутаасифона танҳо як нафарашон аз имконият истифода бурда миннатдориашро зоҳир намуд. Мо аз ин чӣ меомӯзем? Дар оянда фидия ҳаёти ҷовидонаро воқеӣ гардонида имконияти аз ҳамаи бемориҳо пурра шифо ёфтанро хоҳад дод. Он гоҳ бешубҳа, барои чунин баракатҳо ба Яҳува ҳар рӯз миннатдорӣ хоҳем кард. Аммо ҳозир чӣ? Чӣ тавр мо дар ҳафтаҳои омадаистода миннатдории худро нишон дода метавонем?
2. Мо барои фидия миннатдории худро чӣ тавр инкишоф дода метавонем?
2 Миннатдориро инкишоф диҳед. Ҳисси миннатдорӣ аз мулоҳизаи мо пайдо мешавад. Барои миннатдории худро ба фидия инкишоф додан, ба мо барномаи хониши махсуси Китоби Муқаддас оиди Шоми ёдбуд кӯмак мерасонад. Онро дар бисёр ҷойҳо, ба монанди тақвим (календар) ё брошураи «Муҳокимаи ҳаррӯзаи Навиштаҳо», ёфтан мумкин аст. Ҳамчунин он пеш аз Шоми ёдбуд дар jw.org гузошта мешавад. Чаро ки ин маълумотро бо аҳли оила дида набароем? Чунин амал миннатдории моро ба фидия зиёдтар мегардонад. Ва ин дар навбати худ ба рафтори мо таъсири хуб мерасонад (2 Қӯр. 5:14, 15; 1 Юҳ. 4:11).
3. Бо кадом роҳҳо мо миннатдории худро дар айёми Шоми ёдбуд нишон дода метавонем?
3 Миннатдориро нишон диҳед. Миннатдорӣ дар амал исбот мешавад (Қӯл. 3:15). Махавие, ки аз Исо миннатдор буд, кӯшиш кард, то Исоро ёбад ва раҳмат гӯяд. Бешубҳа, ӯ дар бораи шифои мӯъҷизавиаш ба дигарон бо ваҷд нақл мекард (Луқ. 6:45). Оё миннатдорӣ ба фидия моро водор мекунад, ки дар маъракаи даъват кардани одамон бо ҷидду ҷаҳд иштирок кунем? Дигар роҳи хуби нишон додани миннатдорӣ ин дар айёми Шоми ёдбуд чун пешравӣ ёвар хизмат кардан ё ки вақти бештари худро ба хизмат сарф намудан мебошад. Дар бегоҳи Шоми ёдбуд дили аз миннатдорӣ лабрез моро бармеангезад, ки ташрифовардагонро хушомадед гуфта бо омодагӣ ба саволҳои онҳо ҷавоб диҳем.
4. Мо ҳозир чӣ кор карда метавонем, то ки баъд пушаймон нашавем?
4 Оё ин охирин Шоми ёдбуд аст? (1 Қӯр. 11:26). Мо инро намедонем. Вале мо медонем, ки Шоми ёдбуд ин имконияти олиҷаноби нишон додани миннатдориамон мебошад, лекин баъд аз он ин имконият дигар намешавад. Оё шумо то даме, ки чунин имконият вуҷуд дорад, аз он истифода мебаред? Бигзор суханони миннатдорона ва андешаи дили мо ба Яҳува, Атокунандаи фидия, қаноатмандӣ орад (Заб. 18:15).