ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • km 5.10 саҳ. 2
  • Ходимони Худо бояд дуо гӯянд

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Ходимони Худо бояд дуо гӯянд
  • Хизмат ба Салтанати Худо 2010
  • Маводи монанд
  • Чӣ тавр бояд дуо гӯем?
    Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?
  • Ба воситаи дуо ба Худо наздик шавед
    Худо аз мо чӣ талаб дорад?
  • Дуо шуморо ба Худо наздик мекунад
    То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
  • Имконияти дуо гуфтанро қадр кунед
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2022
Маълумоти бештар
Хизмат ба Салтанати Худо 2010
km 5.10 саҳ. 2

Ходимони Худо бояд дуо гӯянд

1. Барои иҷро кардани хидматамон чӣ муҳим аст?

1 Мо хидматамонро бо қуввати худ ба ҷо оварда наметавонем. Барои ин корро иҷро кардан Яҳува ба мо қувват медиҳад (Фил. 4:13). Худо ба воситаи фариштагон ба мо кӯмак мекунад, ки одамони ба гӯсфандон ташбеҳдодашударо ҷустуҷӯ кунем (Ваҳй 14:6, 7). Тухми ҳақиқатро, ки мо мекорем ва об медиҳем, маҳз худи Яҳува месабзонад (1 Қӯр. 3:6, 9). Аз ин рӯ ба мо чун ба ходимони Худо муҳим аст, ки бо дуо ба Падари осмониамон таваккал кунем.

2. Дар бораи чӣ дуо гуфта метавонем?

2 Дуо дар ҳаққи худ. Вақте ки мо ба мавъиза меравем, бояд ҳамеша дуо гӯем (Эфс. 6:18). Дар бораи чӣ дуо гуфта метавонем? Масалан, дар бораи ҷасорат, ҳамчунин дар бораи он ки ба минтақаамон рӯҳияи мусбат дошта бошем (Аъм. 4:29). Инчунин мо аз Яҳува пурсида метавонем, ки моро ба назди одамони самимӣ, ки Китоби Муқаддасро омӯхтан мехоҳанд, ҳидоят намояд. Агар дар хизмат шахс ба мо савол диҳад, мо метавонем кӯтоҳ дар диламон дуо гӯем, ки Яҳува барои дуруст ҷавоб додан ба мо мадад расонад (Наҳ. 2:4). Мо инчунин метавонем барои хизматро дар ҷои аввал гузоштан, дар дуо аз Худо хирад пурсем (Яъқ. 1:5). Вақте ки мо барои ходими Худо будан шукргузорӣ мекунем, Яҳува хеле хурсанд мегардад (Қӯл. 3:15).

3. Дуо дар ҳаққи дигарон чӣ гуна ба пешравии кори мавъиза мусоидат мекунад?

3 Дуо дар ҳаққи дигарон. Мо ҳамчунин бояд «барои якдигар» дуо гӯем ва агар бамаврид бошад, номи ҳамимононро дар дуо зикр кунем (Яъқ. 5:16; Аъм. 12:5). Агар саломатии бад ба хизмататон халал расонад, шумо чӣ кор карда метавонед? Дар ҳаққи дигар хизматгороне, ки саломатиашон хуб аст дуо гӯед. Ҳеҷ гоҳ қуввати чунин дуоҳоро камаҳамият наҳисобед! Ҳамчунин дар ҳаққи ҳукуматдорон дуо гуфтан бамаврид аст, то ки онҳо ба кори мавъиза муносибати хуб дошта бошанд ва бародаронамон минбаъд низ «ором ва сокит» умр ба сар баранд (1 Тим. 2:1, 2).

4. Барои чӣ мо бояд ҳамеша дуо гӯем?

4 Ба мо супориши ҷиддӣ, яъне мавъиза кардан дар тамоми рӯи замин боварӣ карда шудааст. Агар ҳамеша ба Яҳува дуо гӯем, мо бо кӯмаки Ӯ ин корро иҷро карда метавонем (Рум. 12:12).

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан