Такрори мавзӯъҳои Мактаби таълими мавъиза
Саволҳои зерин дар «Мактаби таълими мавъиза», ки дар ҳафтаи аз 28-уми июни с. 2010 саршаванда мегузарад, муҳокима хоҳанд шуд. Нозири мактаб муҳокимаи 20-дақиқаинаро, ки дар маълумоти барои ҳафтаҳои аз 3-юми май то 28-уми июни с. 2010 таъиншуда асос ёфтааст, мегузаронад.
1. Аз он ки Довуд барои марги Абнир гирист, мо чӣ меомӯзем? (2 Подш. 3:31–34) [w05-U 15.5, саҳ. 17, сарх. 6; w06-U 15.7, саҳ. 21, сарх. 9, 10]
2. Нотон ба кадом хатогӣ роҳ дод ва чаро ӯ чун пайғамбар аз тарафи Яҳува рад карда нашуд? (2 Подш. 7:3) [rs-U саҳ. 218, сарх. 6]
3. Суханон аз 2 Подшоҳон 7:14 чӣ гуна иҷро шуданд? [w94-U 15.2, саҳ. 12, сарх. 16]
4. Чӣ тавр Довуд ба Мефибӯшет эҳсон ё меҳрубонии муҳаббатомез зоҳир намуд ва ин ба мо чӣ гуна бояд таъсир расонад? (2 Подш. 9:7) [w02-U 15.5, саҳ. 19, сарх. 5]
5. Аз муносибати хубе, ки байни Иттои ҷаттӣ ва шоҳ Довуд вуҷуд дошт, мо чиро меомӯзем? (2 Подш. 15:19–22) [w09-U 15.5, саҳ. 27, 28]
6. Чӣ гуна Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки айбдоркунии Сибо дар ҳаққи Мефибӯшет дурӯғ буд? (2 Подш. 16:1–4) [w02-U 15.2, саҳ. 14, 15, сарх. 11, эзоҳ]
7. Барои чӣ Барзилои 80-сола ба ҷои худ Кимҳомро пешниҳод намуд? (2 Подш. 19:33–37) [w07-U 1.6, саҳ. 24, сарх. 13]
8. Яҳува ба онҳое ки ба Ӯ садоқат ва итоаткорӣ зоҳир менамоянд, чӣ гуна муносибат мекунад? (2 Подш. 22:26) [lv саҳ. 26, сарх. 5]
9. Чаро Адӯниё кӯшиш мекард, ки дар вақти зинда будани Довуд, тахти подшоҳиро соҳиб гардад? (3 Подш. 1:5) [w05-U 1.7, саҳ. 28, сарх. 5]
10. Чаро вақте ки Сулаймон аз Яҳува хираду фаҳмиш хоҳиш кард, Ӯ ба дуояш ҷавоб дод? (3 Подш. 3:9) [w05-U 1.7, саҳ. 30, сарх. 2]