«Солномаи 2010»
Албания
«Ман дар ватани худ кори арзандаро ёфтам»
НОМУ НАСАБ: АРДИАН ТУТРА
СОЛИ ТАВАЛЛУД: 1969
СОЛИ ТАЪМИД: 1992
МАЪЛУМОТИ МУХТАСАР:
ӯ ҳақиқатро дар Италия фаҳмида, сипас ба Албания баргашт. Ҳоло Ардиан аъзои кумитаи филиали Албания мебошад.
Соли 1991 дар синни 21-солагӣ ман ҳамроҳи ҳазорҳо гурезагон Албанияро тарк кардам. Мо киштиеро дуздида ба Италия шино кардем. Албания дар ҳолати қашшоқӣ қарор дошт ва ман хеле хурсанд будам, ки аз он ҷо гурехта тавонистам. Ман фикр мекардам, ки ба орзуям расидам.
Баъди ду рӯз ман дар Бриндизи (Италия) аз лагери гурезагон пинҳонӣ рафтам, то ки кор ёбам. Марде ба ман ба забони албанӣ матни суратгирифташудаи яке аз адабиётҳоямонро дод ва маро ба вохӯрие, ки ҳамон рӯз баъди нисфирӯзӣ бояд мегузашт, даъват кард. Ман даррав фикр кардам: «Чаро наравам? Шояд касе ба ман кореро пешниҳод кунад?!»
Ҳаргиз умед надоштам, ки маро бо чунин меҳрубонӣ қабул мекунанд. Баъди вохӯрӣ, дар Толори Салтанат ҳар як кас назди ман омада самимона салом мекарданд. Як оила маро ба хӯроки нисфирӯзӣ даъват кард. То чӣ андоза онҳо ба мани ифлос ва гурезаи ғайриқонунии албанӣ некӣ ва ҳурмат зоҳир карданд!
Дар вохӯрии навбатӣ Вито Матророса ба ман омӯзиши Китоби Муқаддас пешниҳод кард. Ман розӣ шудам ва дере нагузашта фаҳмидам, ки ин ҳақиқат аст. Моҳи августи соли 1992 ман дар Италия таъмид гирифтам.
Ҳуҷҷатҳои истиқоматии ман оқибат ба тартиб дароварда шуданд. Ман ҷои кори хуб ёфтам ва ба Албания ба хонаводаам пул мефиристодам. Аммо ман фикр мекардагӣ шудам: «Ҳоло ки фаъолияти мо дар Албания манъ нест, дар он ҷо ба воизон эҳтиёҷи калон вуҷуд дорад. Шояд ман баргашта дар он ҷо хизмат кунам? Вале хонаводаи ман ба ин чӣ гуна менигаранд? Онҳо ба пуле, ки ман мефиристам мӯҳтоҷанд. Одамон бошад чӣ мегӯянд?»
Баъдтар аз шӯъбаи Тирана ба ман занг зада, хоҳиш карданд, ки оё ман метавонам ба он ҷо рафта ба гурӯҳи пешравони махсуси италиявие, ки моҳи ноябр ба Албания мераванд, забони албаниро таълим диҳам. Намунаи онҳо маро барангехт, ки ба таври ҷиддӣ фикр кунам. Онҳо ба минтақае рафтанӣ буданд, ки ман аз он ҷо рафта будам. Онҳо забонро намедонистанд ва сахт мехостанд, ки ба он ҷо раванд. Худам аз Албания мебошам ва забону маданиятамро медонам. Ман дар Италия чӣ кор карда истодаам?
Ман қарор қабул кардам ва ҳамроҳи пешравони махсус ба киштӣ даромадам. Дарҳол ман дар Байт–Или хурд хизматро сар кардам. Дар он ҷо саҳар забони албаниро дарс медодам ва баъди нисфирӯзӣ бо тарҷума машғул будам. Дар аввал аҳли оилаам норозӣ буданд. Лекин вақте онҳо фаҳмиданд, ки барои чӣ ман ба Албания баргаштам, онҳо хушхабарро гӯш мекардагӣ шуданд. Дере нагузашта падару модарам, ду хоҳар ва бародарам таъмид гирифтанд.
Оё ман афсӯс мехӯрам, ки дар Италия аз кору пул даст кашидам? Ҳеҷ гоҳ! Ман дар Албания кори арзандаро ёфтам. Агар аз ман пурсед, ки кадом кор дар ҳақиқат муҳим ва хурсандии бепоён меорад — бо ҳар он чизе ки дорем ба Яҳува хизмат кардан аст.
Белиз
Хурсандона хизмат кардан дар он ҷое, ки ба воизон ниёзи бештар вуҷуд дорад
Кӯчидан ба мамлакате, ки дар он ҷо ба воизони Салтанат ниёзи бештар вуҷуд дорад — кори бузург аст. Вале сол аз сол дар давлати хориҷа мондан кӯшишу фидокории зиёдро металабад. Бисёр бародарону хоҳарони мо чунин душвориҳоро бо истодагариву хурсандӣ аз сар мегузаронанд.
Масалан, соли 1989 Артур ва Роберта Гонсалес барои хизмат кардан аз Иёлоти Муттаҳида ҳамроҳи писари сесолаашон, Долтон, ба Белиз кӯчиданд. «Душвории сахттарин,— мегӯяд Роберта,— он буд, ки мо кори сердаромад ва доимиро монда, бояд ба давлате мекӯчидем, ки одамони зиёд бекор буданд».
«Бале, — эътироф мекунад Артур,— ту бояд ба Яҳува таваккал кунӣ. Ман дар бораи Иброҳим аз Китоби Муқаддас хонда, ба ҳайрат омадам, ки чӣ гуна ӯ хонаву дар, хешу табор ва ҳар он чизеро ки дошт, тарк кард. Вале Яҳува бошад дар бораи ӯ хеле хуб ғамхорӣ мекард. Яке аз душвориҳо ин одат кардан ба забони белизи криолӣ буд. Лекин мо ба Яҳува такя кардем ва Ӯ ба мо ғамхорӣ кард».
Соли 1991 Фрэнк ва Элис Кардоза аз Калифорния ба Белиз омаданд, то ки чун пешрав хизмат кунанд. Фрэнк мегӯяд, ки «хондани китоби Аъмол маро барангехт, ки чун миссионер хизмат кунам». Лекин азбаски мо соҳиби чор фарзанд будем ман медонистам, ки моро ҳаргиз ба Мактаби Ҷилъод даъват намекунанд. Барои ҳамин, вақте ки духтари хурдиамон мактабро тамом кард, мо аз ин имконият истифода бурда, ба мамлакати дигар кӯчидан хостем. Вақте ки мо аз “Бурҷи дидбонӣ” дар бораи Белиз хондем мо интихоби худро муайян кардем».
«Дар аввал ман розӣ шудам, ки дар он ҷо се сол хизмат кунам,— мегӯяд Элис.— Лекин мо дар ин ҷо аллакай 18 сол мешавад, ки зиндагӣ мекунем ва ман аз ин хеле шодам!»
«Мо одамонро дӯст медорем ва бисёр мавъиза кардан ба мо маъқул аст,— илова мекунад Фрэнк,— аз ин рӯ, ба мо бо онҳое ки Яҳуваро дӯст медоранд, дӯстӣ кардан осон аст. Аз меъёр зиёд сар кардани омӯзиши Китоби Муқаддас ва дидани он ки чӣ тавр одамон ҳақиқатро қабул мекунанд, беҳтарин солҳои ҳаёти мо гардиданд. Ин хизматро мо бо ягон пулу ганҷҳои дунё иваз намекардем».
Карл ва Марта Саймонс соли 1988 аз Техас ба Белиз кӯчиданд. «Дар вақти кӯчиданамон, яке аз фарзандамон даҳсола, дигараш ҳаштсола буд,— мегӯяд Марта.— Мо дар Белиз рӯзҳои дароз ҳамроҳи ҷамъомад дар деҳаҳо ва даштҳо мавъиза мекардем. Ҳамчунин мо дар сохтмони Толори анҷуман меҳнат мекардем ва хонаи мо доимо пури бародару хоҳароне буд, ки ба анҷуман меомаданд. Мо хеле хурсандем, ки фарзандони худро дар ин ҷо ба воя расондем, чунки онҳо бо миссионерон ва пешравони махсус муошират мекарданд. Бале, вақтҳое буданд, ки аз сабаби набудани барқ, оби нӯшокӣ, батарейкаҳо ва телефон мо мехостем ба ҳавопаймо нишаста аз ин ҷо равем. Лекин агар боз чунин имконият пайдо мешуд, мо бо хурсандӣ аз он истифода мебурдем. Хизмат дар он ҷое, ки ба воизон ниёзи бештар вуҷуд дорад, ҳаёти моро пурмаъно кард».