Такрори мавзӯъҳои Мактаби таълими мавъиза
Саволҳои зерин дар Мактаби таълими мавъиза, ки дар ҳафтаи аз 29-уми августи с. 2011 саршаванда мегузарад, муҳокима хоҳанд шуд.
1. Ба кадом маъно эҳсони Худо «аз ҳаёт некӯтар аст»? (Заб. 62:4) [w01-U 15.10, саҳ. 15, сарх. 17]
2. Боби 69-уми китоби Забур дар бораи Довуд чиро мекушояд? [w08 15а.9, сарх. 4]
3. Забур 74:6 моро аз чӣ огоҳ мекунад? [w06-U 15.7, саҳ. 11, сарх. 2]
4. Хусусан кадом вақт мо интизор шуда метавонем, ки Яҳува дуоҳои моро мешунавад? (Заб. 78:9) [w06-U 15.7, саҳ. 12, сарх. 5]
5. Дар Забур 89:7, 8 зери ибораи «ниҳони мо» чӣ дар назар дошта шудааст? [w01-U 15,11, саҳ. 12, 13, сарх. 14–16]
6. Чуноне ки аз Забур 91:13–16 маълум мешавад, пиронсолони ҷамъомад кадом кори муҳимро карда метавонанд? [w04-U 15.5, саҳ. 13, 14, сарх. 14–18]
7. Оё забурнавис суханони Забур 101:26–28-ро навишта, мақсади Худоро нисбати абадӣ будани замин нодуруст меҳисобид? (Ҳас. 1:28) [w08-U 1.4, саҳ. 12, сарх. 1]
8. Аз Забур 105:7 мо дар мавриди зоҳир накардани мулоҳизакорӣ чӣ дарсе мегирем? [w95-U 1.9, саҳ. 19, сарх. 4 то саҳ. 20, сарх. 2]
9. Яҳува дар Забур 109:1, 4 оиди Насли ваъдашуда ё Масеҳ чӣ қасам мехӯрад ва он чӣ гуна ба ҳамаи одамон баракат меорад? [cl-U саҳ. 194, сарх. 13]
10. Вақте ки забурнавис дар бораи манфиати ба Худо хизмат карданаш мулоҳиза мекард, ин ба ӯ чӣ гуна таъсир мерасонд? (Заб. 115:3, 5) [w09-U 15.7, саҳ. 29, сарх. 4, 5]