Маъракаи даъваткунӣ ба Шоми ёдбуд аз 17 март сар мешавад
1. Рӯзи 17 март кадом маъракаи махсус оғоз хоҳад ёфт?
1 Ҷашни Шоми ёдбуд ҳар сол дар бораи марги Исо шаҳодат медиҳад (1 Қӯр. 11:26). Бинобар ин мо мехоҳем, ки дигарон низ ҳамроҳи мо ба ин ҷашн ташриф оранд ва нутқро оиди фидия, ки Яҳува аз рӯи муҳаббат пешниҳод кардааст, гӯш кунанд (Юҳ. 3:16). Имсол маъракаи мо барои даъват кардани одамон ба Шоми ёдбуд рӯзи шанбе, 17 март оғоз хоҳад ёфт. Оё шумо инро бесаброна интизоред, то фаъолона дар он иштирок кунед?
2. Чӣ тавр рағбатдоронро ба ҷашни Шоми ёдбуд тайёр кардан мумкин аст?
2 Чӣ метавон кард? Вақте ки рағбатдоронро ба Шоми ёдбуд даъват менамоед, хуб мебуд, ки бо онҳо омӯзиши Китоби Муқаддасро аз рӯи китоби «Таълимот» оғоз кунед. Ба шахс дида баромадани маънои Шоми ёдбудро пешкаш намоед. Барои ин саҳифаҳои 206 то 208-ро кушоед ва мавзӯъро аз замимаи «Шоми ёдбуди марги Масеҳ — маросимест, ки Худоро ҳамд мекунад» муҳокима кунед. Ин мавзӯъро шумо метавонед назди дар бо як ё ду бор омӯзиш кардан гузаред. Вақте ки шумо он мавзӯъро ба охир мерасонед, агар шахс хоҳиш дошта бошад, метавонед боби 5, мавзӯи «Фидия — олитарин инъоми Худост»-ро гузаред. Агар омӯзиш мунтазам гузарад чор боби аввали китобро низ дида бароед.
3. Ба ҷашни Шоми ёдбуд киҳоро даъват карда метавонем?
3 Дар бораи ҳар гуна одамон фикр кунед. Шояд баъзе аз ҳамкорон, ҳамсинфон ё ҳамсоягонатон ба муҳокима кардани ин мавзӯъҳо хоҳиш пайдо кунанд. Бародарон бошанд, дар ҷамъомад метавонанд бо шавҳарони хоҳароне, ки ҳамимони мо нестанд, сӯҳбат кунанд. Хешовандонатонро низ, ки Шоҳиди Яҳува нестанд, фаромӯш накунед. Ғайр аз ин, саъю кӯшиш намоед, то онҳоеро ки пеш мунтазам ба ҷамъомад ташриф меоварданд, ба Шоми ёдбуд даъват кунед (Луқ. 15:3–7).
4. Барои дар ин маърака боғайратона иштирок кардан кадом сабабҳо вуҷуд доранд?
4 Шояд ба Шоми ёдбуд баъзеҳо ё ҳамаи онҳое ки шумо таклиф мекунед, оянд. Аммо новобаста аз он ки касе меояд ё не, кӯшишҳои шумо шаҳодат хоҳанд дод, ки Исо ҳоло Подшоҳи пурқудрат аст. Иштироки боғайратонаи шумо ба ҳамаи мушоҳидакунандагон — дар минтақа, ба ҳамроҳонатон ва муҳимаш ба Яҳува нишон медиҳад, ки шумо ба фидияи атошуда хеле миннатдоред (Қӯл. 3:15).