Эълонҳо
◼ Шоми ёдбуд рӯзи панҷшанбе, 5-уми апрели соли 2012 баргузор мегардад. Агар вохӯриҳои ҷамъомад ё гурӯҳатон одатан рӯзи панҷшанбе гузаранд, кӯшиш кунед, ки ин вохӯриро ба рӯзи дигари ҳафта гузаронед. Нутқ ва муҳокимаҳои вохӯрии хизматиро, ки бахусус барои ҷамъомад ё гурӯҳатон сазовори истифодаанд, метавон ба барномаи вохӯрии хизматии навбатӣ ҳамроҳ кард.
◼ Ба наздикӣ дар вохӯриҳои хизматӣ ду видеофилми «Саволҳои ҷавонон» (рус.) муҳокима карда мешавад, ки чунин ном доранд: «Чӣ тавр дӯстони ҳақиқиро ёфтан мумкин аст?» ва «Ҳаётамро ба чӣ бахшам?» Агар лозим бошад, ин филмро ба воситаи ҷамъомад ҳар чӣ зудтар дархост кунед.