Барнома барои ҳафтаи аз 1-уми октябр
ҲАФТАИ АЗ 1-УМИ ОКТЯБР САРШАВАНДА
Суруди 3 ва дуо
□ Омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад
rk саҳ. 26, 27 (30 дақ.)
□ Мактаби таълими мавъиза
Хониши Китоби Муқаддас: Дониёл 4–6 (10 дақ.)
№ 1: Дониёл 4:18–28 (4 дақ. ё камтар)
№ 2: Чаро масеҳиёни ҳақиқӣ аз ҷодугарӣ қатъиян дурӣ меҷӯянд (5 дақ.)
№ 3: Дар интихоби дӯстон чӣ тавр хирад зоҳир кунем (lv саҳ. 31, 32, сарх. 12–15) (5 дақ.)
□ Вохӯрии хизматӣ
Суруди 19
5 дақ. Сар кардани омӯзиши Китоби Муқаддас дар якум шанбеи моҳи октябр. Пешниҳоди ин саҳифаро истифода бурда, нишон диҳед, ки чӣ тавр дар якум шанбеи моҳи октябр омӯзиш сар кардан мумкин аст. Ҳамаро барангезед, ки омӯзиш пешниҳод кунанд.
15 дақ. Дар соли гузаштаи хизматӣ мо кадом натиҷаҳоро ба даст овардем? Нутқи нозири хизматӣ (ё дар асоси маълумоте, ки нозири хизматӣ додааст). Фаъолияти ҷамъомадро дар соли гузашта қайд кунед. Бештар ба он чизҳои хубе, ки ба даст оварда шуданд, диққат диҳед ва барои ин ҷамъомадро таъриф кунед. Аз як ё ду воизе, ки бо онҳо воқеаҳои рӯҳбаландкунанда рӯй доданд, мусоҳиба гиред. Як ё ду ҷиҳати хизматро, ки ҷамъомад дар соли оянда беҳтар иҷро карда метавонад, қайд кунед ва пешниҳоди амалие пешкаш намоед.
10 дақ. Сӯҳбат дар асоси Китоби Муқаддас. Муҳокима. Фаҳмонед, ки чаро ин пешниҳодот ба маҳалли шумо мувофиқанд. Нишон диҳед, ки чӣ тавр яке аз пешниҳодотро дар хизмати хона ба хона ва дигарашро дар кӯча метавон истифода бурд. Дар ҳар ду намоиш нишон диҳед, ки чӣ тавр барои боздид асос гузоштан мумкин аст.
Суруди 26 ва дуо