Барнома барои ҳафтаи аз 7-уми январ
ҲАФТАИ АЗ 7-УМИ ЯНВАР 2013 САРШАВАНДА
Суруди 65 ва дуо
□ Омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад
wt боби 4 сарх. 12–15 (30 дақ.)
□ Мактаби таълими мавъиза
Хониши Китоби Муқаддас: Матто 1–6 (10 дақ.)
№ 1: Матто 5:21–32 (4 дақ. ё камтар)
№ 2: Ман ба ҳокимияти кӣ бояд итоат кунам? (lv саҳ. 42, чорчӯба) (5 дақ.)
№ 3: Яҳуваро «ҳиссаи» худ донистан чӣ маъно дорад? (Ад. 18:20) (5 дақ.)
□ Вохӯрии хизматӣ
Суруди 38
10 дақ. Сӯҳбат дар асоси Китоби Муқаддас. Муҳокима. Фаҳмонед, ки чаро ин пешниҳодот дар маҳалламон мувофиқ аст. Аз шунавандагон пурсед, ки дар хизмат боз кадом саволҳои шавқбедоркунанда ва оятҳоро истифода бурда метавонанд ва чӣ тавр сӯҳбатро давом додан мумкин аст. Ҳар як пешниҳодро кӯтоҳ намоиш диҳед.
10 дақ. Ниёзҳои маҳаллӣ.
10 дақ. Шумо сарчашмаи тасалливу рӯҳбаландӣ буда метавонед (Рум. 1:11, 12). Нутқ ва муҳокима бо шунавандагон. Шумораи пешравони доимии ҷамъомадатонро гӯед. Роҳҳоеро номбар кунед, ки бо он пешравонро рӯҳбаланд кардан мумкин аст. Масалан, онҳоро таъриф кардан, дар бораи ҷиҳатҳои мусбии хизмати пешравӣ сӯҳбат намудан, ҳамроҳашон дар хизмат иштирок кардан, онҳоро ба хӯрокхӯрӣ таклиф намудан, роҳкирояшонро қисман рӯпӯш кардан. Аз пешравони доимӣ пурсед, ки чӣ тавр дигар бародарону хоҳарон онҳоро рӯҳбаланд мекунанд. Агар дар ҷамъомад пешравони доимӣ набошанд, муҳокима кунед, ки чӣ тавр пешравони ёварро рӯҳбаланд карда метавонем.
Суруди 13 ва дуо