Такрори мавзӯъҳои Мактаби таълими мавъиза
Саволҳои зерин, ки дар ҳафтаи аз 31-уми декабри с. 2012 саршаванда мегузарад, муҳокима хоҳанд шуд. Дар барномаи такрори мавзӯъҳо санае илова карда шудааст, ки дар он фикри манфиатбахш дида баромада мешавад.
1. Пешгӯие, ки дар Юил 2:1–10, 28 оиди ҳуҷуми ҳашаротҳо навишта шудааст, чӣ тавр иҷро шуд? [5 нояб., w07-U 1.10, саҳ. 13, сарх. 1]
2. Пешгӯии Омӯс 8:11 дар кӣ иҷро шуд ва мо, ки бо ғизои фаровони рӯҳонӣ таъмин мебошем, ба худ бояд кадом саволро диҳем? [12 нояб., jd-U, саҳ. 60, 61, сарх. 9]
3. Чӣ метавонист сабаби худбовар шудани адӯмиён гардад ва мо бояд чиро ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунем? (Убд. 3, 4) [19 нояб., w07-U 1.11, саҳ. 14, сарх. 1]
4. Ба кадом маъно Яҳува аз офате ки ба сокинони Нинве расониданӣ буд, пушаймон шуд? (Юнус 3:8, 10) [19 нояб., w07-U 1.11, саҳ. 15, сарх. 2]
5. Бо исми Худо равона шудан, чӣ тавр дӯстии байни мову Ӯро мустаҳкам мекунад? (Мик. 4:5) [26 нояб., jd-U, саҳ. 88, сарх. 12]
6. Иҷрошавии пешгӯии Наҳум 2:6–10 моро ба чӣ боварӣ мебахшад? [3 дек., w07-U 15.11, саҳ. 9, сарх. 2; w88-E 15.2, саҳ. 28, сарх. 7]
7. Суханони Ҳаҷҷай 1:6 чӣ маъно доранд ва аз онҳо мо бояд ба худ чӣ дарс гирем? [10 дек., w06-U 15.4, саҳ. 22, сарх. 12–15]
8. Дар Закарё 7:10 ба мо маслиҳати фоиданок дода шудааст, ки «дар дили худ ба зидди якдигар бадӣ» наандешем. Мо онро чӣ тавр ба кор бурда метавонем? [17 дек., jd-U, саҳ. 113, сарх. 6; w07-U 1.12, саҳ. 11, сарх. 2]
9. Чаро суханони Закарё 4:6, 7 хизматгорони имрӯзаи Яҳуваро тасаллӣ мебахшанд? [17 дек., w07-U 1.12, саҳ. 10, сарх. 7]
10. Бо назардошти суханони Малокӣ 3:16 чаро мо бояд ҳеҷ гоҳ хоҳиши нигоҳ доштани беайбиамонро суст накунем? [31 дек., w07-U 15.12, саҳ. 29, сарх. 3]