Такрори мавзӯъҳои Мактаби таълими мавъиза
Саволҳои зерин дар «Мактаби таълими мавъиза», ки дар ҳафтаи аз 29-уми апрели с. 2013 саршаванда мегузарад, муҳокима хоҳанд шуд. Дар барномаи такрори мавзӯъҳо санае илова карда шудааст, ки дар он фикри манфиатбахш дида баромада мешавад, ҳамин тавр иштирокчиёни мактаб ҳангоми тайёрӣ тадқиқот гузаронда метавонанд.
1. Мувофиқи Марқӯс 10:6–9, Исо дар бораи издивоҷ чиро ба таври ҷиддӣ хотиррасон кард? [4 март, w08-U 15.2, саҳ. 30, сарх. 8]
2. Бо тамоми ҷон ба Яҳува хизмат кардан чӣ маъно дорад? (Марқ. 12:30) [4 март, w97-U 15.10, саҳ. 13, сарх. 4]
3. Зери калимаи «дардҳо», ки дар Марқӯс 13:8 зикр шудааст, чӣ дар назар дошта шудааст? [11 март, w08-U 15.3, саҳ. 12, сарх. 2]
4. Луқо ҳангоми тартиб додани Инҷили навиштааш аз кадом манбаъҳо истифода мебурд? (Луқ. 1:3) [18 март, w09-U 15.3, саҳ. 32, сарх. 4]
5. Донистани он ки Шайтон барои озмудани беайбии мо «муддат»-и муносиб меҷӯяд, моро ба чӣ водор мекунад? (Луқ. 4:13) [25 март, w11 15.1, саҳ. 23, сарх. 10]
6. Чӣ тавр мо суханони дар Луқо 6:27, 28 навишташударо ба кор бурда метавонем? [25 март, w08-U 15.5, саҳ. 8, сарх. 4]
7. Чаро Исо гуноҳҳои занро бахшид, гарчанде он вақт ҳаёташро барои кафорати гуноҳҳо қурбон накарда буд? (Луқ. 7:37, 48) [1 апр., w10-U 15.8, саҳ. 6, 7]
8. Ба кадом маъно пайравони Масеҳ аз хешовандонашон «нафрат» мекунанд? (Луқ. 14:26) [15 апр., w92-U 15.7, саҳ. 9, сарх. 3–5]
9. «Дар офтоб ва моҳ ва ситорагон [пайдо шудани] аломатҳо» ба одамон чӣ гуна таъсир хоҳад кард? (Луқ. 21:25). [22 апр., w97-U 1.4, саҳ. 15, сарх. 8, 9]
10. Чӣ тавр мо ҳангоми бо озмоишҳои бениҳоят сахт дучор шудан ба тарзи дуогӯии Исо пайравӣ карда метавонем? (Луқ. 22:44) [29 апр., w07-U 1.8, саҳ. 6, сарх. 2]