Эълонҳо
◼ Барномаи вохӯрии хизматиро, ки пеш аз ҳафтаи анҷумани вилоятӣ гузаронда мешавад, иваз кардан мумкин аст, то ки маслиҳат ва ёдраскуниҳое, ки дар давоми ҳафтаи аз 22 апрел саршаванда муҳокима шуда буд, аз нав дида баромада шаванд. Як ё ду моҳ пас аз анҷумани вилоятӣ дар «Ниёзҳои маҳаллӣ» фикрҳои анҷуманро, ки барои беҳтар гардонидани хизмат фоиданоканд, муҳокима кардан мумкин аст.
◼ Ҳамаи воизонро бармеангезем, ки бо дуо андеша кунанд, ки оё ба анҷумани вилоятие, ки дар давлати дигар мегузарад, ташриф оварда метавонанд. Онҳое ки аллакай рафта буданд, рӯҳбаландии зиёд гирифтанд. Агар бохирадона нақша кашед, шояд шумо низ ин имкониятро ба даст хоҳед овард (Мас. 21:5). Агар ба шумо ҷои зист лозим бошад, дар ёд доред, ки дархости худро ақаллан панҷ ҳафта пеш аз анҷуман фиристодан муҳим аст.