Намуна барои пешниҳодот
Сар кардани омӯзиши Китоби Муқаддас дар якум шанбеи моҳи май
«Ҳамаи мо ба хатогӣ роҳ медиҳем. Лекин баъзеҳо амалҳои даҳшатангез содир мекунанд. Ба фикри шумо оё Худо чунин амалҳоро бахшида метавонад? [Ба ҷавоб гӯш диҳед.] Каломи Худо нишон медиҳад, ки Худо ҳатто гуноҳҳои ҷиддиро бахшида метавонад, агар мо ба ин гуноҳҳо назари дуруст дошта бошем. [Ишаъё 1:18-ро хонед.] Агар хоҳем, ки Худо моро бахшад, ба мо зарур аст, ки дар бораи Ӯ дониш гирем ва мувофиқи роҳҳо ва маслиҳатҳои Ӯ зиндагӣ кунем. Шахсоне, ки аз рафтори бади худ тавба карда, барои ислоҳ шудан кӯшиш менамоянд, Худо чунин шахсонро саховатмандона мебахшад. [Аъмол 3:19-ро хонед.] Аз ин рӯ бароямон илтифоти Худоро ба даст овардан на он қадар душвор аст. Худо сустиҳои моро медонад. Ӯ раҳмдил ва меҳрубон аст». Дар бораи вохӯрии навбатӣ маслиҳат кунед, то ки саволи зеринро муҳокима намоед: «Чӣ тавр мо оиди роҳҳо, маслиҳатҳо ва талаботҳои Худо маълумоти бештар гирифта метавонем?»
Сӯҳбат дар асоси Китоби Муқаддас
◼ Бисёр одамон мегӯянд, ки офатҳои табиӣ ин ҷазо аз ҷониби Худо мебошад. Шумо бо ин суханон розиед?
Ишаъё 63:9 — Худо нисбати ранҷу азобҳои инсоният бепарво нест.
1 Юҳанно 5:19 — Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки ҷаҳони имрӯза зери ҳукмронии Шайтон аст.
◼ Бисёр занҳо аз танҳо гаштан метарсанд, хусусан бегоҳиҳо. Барои пешгирӣ кардани чунин душворӣ кадом чораҳо андешидан лозим аст?
Масалҳо 22:3 — Пешакӣ муайян кунед, ки дар кадом маврид ҳолатҳои хатарнок ба миён омада метавонад.
Забур 36:10, 11 — Каломи Худо ваъда медиҳад, ки ба наздики тамоми намуди ҷинояткорӣ аз байн хоҳад рафт.