Барои «дар имон мустаҳкам» мондан ба онҳо ёрӣ диҳед
Дидани он ки чӣ гуна Яҳува кори ҷамъовариро баракат дода истодааст, хело ҳам хурсандиовар аст. Ба ҳисоби миёна ҳар сол 250 000 нафар одамон таъмид мегиранд (Такр. Ш. 28:2). Модоме ки омӯзанда таъмид гирифтааст, шояд воиз фикр кунад, ки бо ӯ омӯзишро давом додан шарт нест, беҳтараш диққаташро ба кӯмаки дигарон равона созад. Эҳтимол омӯзанда ҳам, хоҳиш дорад, ки барои вақти бештарашро ба мавъиза сарф кардан, омӯзишро бас кунад. Ба ҳар ҳол барои омӯзандагони Китоби Муқаддас муҳим аст, ки онҳо таҳкурсии хуби ҳақиқатро дошта бошанд. Ба омӯзандагон зарур аст, ки дар Масеҳ «реша давонда... дар имон мустаҳкам» шаванд (Қӯл. 2:6, 7; 2 Тим. 3:12). Барои ҳамин, пас аз он ки омӯзанда таъмид мегирад, ба ӯ лозим аст, ки омӯзиши Китоби Муқаддасро, то тамом кардани китобҳои «Таълимот» ва «Муҳаббати Худо» давом диҳад. (Ба «Хизмат ба Салтанати Худо» аз моҳи апрели с. 2011, саҳ. 2 нигаред.)