Воқеа аз «Солномаи 2015» (рус.), саҳ. 90, сарх. 1—3
«Як рӯз не як рӯз онҳоро меёбем»
Пабло Гонсалес, ки дар водии Сибао зиндагӣ мекард, ба хондани Китоби Муқаддас тақрибан солҳои 1935 шурӯъ намуд. Муддате ӯ ба як гурӯҳи протестанӣ ҳамроҳ шуд, лекин баъдтар вақте дид, ки рафтори аъзоёни он бо гуфтаҳои Китоби Муқаддас мувофиқат намекарданд, онро тарк кард. Аммо ӯ худаш омӯзиши Каломи Худоро давом медод ва ҳар чизе ки мефаҳмид ба дигарон нақл мекард. Шунавандагони аввалини ӯ аъзои хонавода ва ҳамсояҳояш буданд. Баъдтар ӯ ба дигар одамоне, ки дар қишлоқҳои гирду атроф зиндагӣ менамуданд, нақл мекардагӣ шуд. Барои пеш бурдани хизмати худ ӯ ферма ва гову молашро фурӯхт.
То соли 1942 Пабло ҳамоно ягон Шоҳиди Яҳуваро вонахӯрда бошад ҳам, ба маҳалҳои наздик рафта, камаш бо 200 оила омӯзиш ва мунтазам вохӯрӣ мегузаронд. Ӯ одамонро даъват мекард, ки Китоби Муқаддасро омӯзанд ва аз рӯи он амал кунанд. Бисёриҳо ба суханони ӯ гӯш доданд: онҳо сигоркаширо бас карда аз бисёрзанӣ даст кашиданд. Дар миёни онҳое ки хушхабарро гӯш карданд, Селест Росарио буд. Он зан ба хотир меорад: «Вақте ман 17 сола будам, холабачаи модарам, Негро Хименес ба яке аз гурӯҳҳое ки Пабло Гонсалес ташкил дода буд, тааллуқ дошт. Рӯзе Негро ба хонаи мо омада аз Китоби Муқаддас якчанд оят хонд. Ҳамин оятҳо аллакай кифоя буданд, ки ман калисои католикиро тарк кунам. Зеро дар калисо ҳама чизро бо забони лотинӣ мехонданд ва мо ҳеҷ чиз намефаҳмидем. Баъдтар худи Пабло Гонсалес ба хонаи мо омад. Суханони ӯ моро рӯҳбаланд кард. Ӯ чунин гуфт: “Мо ба ягон динҳои машҳур тааллуқ надорем, лекин аниқ медонем, ки дар кунҷу канори дунё бародарони мо ҳастанд. Ҳарчанд ҳоло мо намедонем, ки онҳо кистанд ва чӣ ном доранд, вале як рӯз не як рӯз онҳоро меёбем”».