Офаридгори меҳрубон ба мо ғамхор аст
1. ОФАРИДГОР ОФТОБРО БАР МО ТУЛӮЪ МЕКУНОНАД
Оё шумо ҳаётро бе нури офтоб тасаввур карда метавонед? Аз равшанӣ ва гармии офтоб дарахтон барг мебароранд, гул мекунанд, мева меоранд, дона ва тухмӣ мебанданд. Инчунин аз таъсири нурҳои офтоб решаи дарахтон обро аз хок ҷаббида ба танаи дарахт мефиристанд ва он ба баргҳо тақсим шуда, сипас чун ҳаври об хориҷ мешавад.
2. ОФАРИДГОР БАР ЗАМИН БОРОН МЕБОРОНАД
Борон неъмати Худо аст, ки аз он замин сероб гардида ба мо ғизо мерӯёнад. Худо аз осмон борон меборонад ва фаслҳои серҳосил мебахшад, ки аз онҳо мо бо ғизо таъмин мешавем ва дилҳоямон аз хурсандӣ пур мегардад.
3. ОФАРИДГОР БА МО РИЗҚУ РӮЗӢ МЕДИҲАД ВА МОРО МЕПӮШОНАД
Одатан падар ғам мехӯрад, то оилааш аз хӯроку пӯшок танқисӣ накашад. Худованд низ ба мо чун ба фарзандонаш ғамхорӣ мекунад. Аҳамият диҳед, ки Навиштаҳои Муқаддас чӣ мегӯяд: «Ба паррандагони осмон бодиққат назар кунед — онҳо на мекоранд, на медараванд ва на дар анборҳо захира мекунанд, бо вуҷуди ин Падари осмонии шумо ризқу рӯзиашонро мерасонад. Магар шумо аз онҳо пурарзиштар нестед?» (Матто 6:25, 26).
«Аз савсанҳои саҳро ибрат гиред, ки чӣ тавр месабзанд... аммо ман ба шумо мегӯям, ки ҳатто [шоҳ] Сулаймон дар тамоми ҷалоли худ мисли яке аз онҳо либос напӯшида буд. Пас, агар Худо алафи саҳроро... ин тавр пӯшонад, наход шуморо... пӯшонида натавонад?» (Матто 6:28–30).
Агар ки Худо моро бо ризқу рӯзӣ ва либос таъмин карда тавонад, пас Ӯ қодир аст, ки дигар эҳтиёҷоти зарурии моро низ қонеъ кунад. Вақте мо ба иҷро кардани хости Худо кӯшиш мекунем, Ӯ ҳаракати моро барои аз замин ғизо рӯёндан баракат медиҳад, ё кӯмак мекунад, ки кор ёбем ва чизҳои лозимаро харида тавонем (Матто 6:32, 33).
Оре, вақте мо дар бораи офтоб, борон, паррандагон ва гулҳо мулоҳиза меронем, воқеан ҳам мебинем, ки Худо то чӣ андоза ғамхор аст. Албатта, аз ин муҳаббати мо ба Ӯ зиёдтар мегардад. Мақолаи навбатӣ мефаҳмонад, ки Офаридгор бо одамизод чӣ тавр муошират мекунад.