БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Шабакаҳои иҷтимоӣ. Аз хатарҳо бехабар намон
ЧАРО ИН МУҲИМ АСТ: Шабакаҳои иҷтимоӣ, ба монанди дигар чизҳо, метавонанд фоида ё ин ки зарар оранд. Баъзе масеҳиён аз онҳо тамоман даст кашиданд, баъзеи дигар бошанд, ин шабакаҳоро барои муошират бо аъзоёни оила ва дӯстон истифода мебаранд. Лекин Шайтон мехоҳад, ки мо онҳоро бехирадона истифода барем ва обрӯямон резад. Ғайр аз ин, ӯ мехоҳад, ки муносибатамон бо Яҳува вайрон шавад. Мо низ ба монанди Исо метавонем бо ёрии Каломи Худо хатарҳоро пай барему аз онҳо даргурез бошем (Лқ 4:4, 8, 12).
ХАТАРҲО:
Истифодаи аз ҳад зиёд. Соатҳои дароз истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ вақти моро дуздида барои ба Яҳува наздиктар шудан халал мерасонад
Фикрҳо аз Калом: Эф 5:15, 16; Фп 1:10
Дидани маводҳои зарарнок. Аз назар гузаронидани расмҳои бешармона ба он оварда мерасонад, ки шахс ба тамошои порнография сахт одат мекунад ва ба бадахлоқӣ даст зада метавонад. Хондани маълумоте, ки осиён дар шабакаҳои иҷтимоӣ ё онлайн-рӯзномаҳо (блогҳо) ҷой медиҳанд, имони шахсро суст мекунад
Гузоштани суратҳо ё шарҳҳои ношоиста. Дили инсон маккор аст, барои ҳамин шахс метавонад дар шабакаҳои иҷтимоӣ суратҳои ноҷо гузораду шарҳҳои ношоиста нависад. Лекин ин метавонад обрӯи касеро резонад ё сабаби рӯҳан суст шудани дигарон гардад
ВИДЕОНАВОРИ «ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ. КАЛЛАРО КОР ФАРМО»-РО ТАМОШО КУНЕД. ГӮЕД, КИ ЧӢ ТАВР ОҚИБАТҲОИ ЗЕРИНРО ПЕШГИРӢ КАРДАН МУМКИН АСТ: