БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Ҳадия барои Яҳува
Чӣ тавр мо имрӯз барои Яҳува ҳадия оварда метавонем? (1Вқ 29:5, 9, 14). Барои дастгирӣ кардани фаъолияти Шоҳидони Яҳува дар баъзе давлатҳо аз роҳҳои зерин истифода бурдан мумкин аст.
ХАЙРИЯҲО, КИ БА ҚУТТИҲО Ё БА ВОСИТАИ ИНТЕРНЕТ КАРДА МЕШАВАД, БА МАҚСАДҲОИ ЗЕРИН ИСТИФОДА МЕШАВАНД:
КОРИ УМУМИҶАҲОНӢ
сохтмон ва истифодаи биноҳои филиалҳо ва офисҳои дурдасти тарҷумонӣ
гузаронидани мактабҳои бар Навиштаҳо асосёфта
дастгирӣ кардани ходимони махсуси пурравақт
кӯмак ба осебдидагони офатҳои табиӣ
чопи адабиёт, истеҳсоли видеоҳо ва тайёр кардани адабиёти электронӣ
ХАРОҶОТИ ҶАМЪОМАДИ МАҲАЛЛӢ
хароҷоти ҷамъомад, ки бо хизматрасониҳои коммуналӣ ва нигоҳубини ибодатгоҳ алоқаманд аст
мувофиқи қарори ҷамъомад барои мақсадҳои зерин ба филиал фиристодани маблағ:
сохтмони Ибодатгоҳи Шоҳидони Яҳува ва Толори анҷуманҳо дар тамоми ҷаҳон
барномаи умумиҷаҳонии кӯмак
дигар корҳои умумиҷаҳонӣ
АНҶУМАНҲО
Хайрияҳоеро, ки дар анҷумани минтақавӣ карда мешаванд, барои дастгирӣ кардани кори умумиҷаҳонӣ мефиристанд. Хароҷоти анҷуманҳои минтақавӣ, махсус ва байналхалқӣ аз ҳисоби маблағи кори умумиҷаҳонӣ рӯйпӯш мегарданд.
Хайрияҳое, ки барои ноҳия карда мешаванд, барои иҷора гирифтан, истифода ва нигоҳубин кардани толори анҷуманҳо ва рӯйпӯш кардани дигар хароҷоти ноҳия истифода мешаванд. Ноҳия метавонад қарор кунад, ки маблағи худро барои кори умумиҷаҳонии Шоҳидони Яҳува фиристонад.