ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО | АЪМОЛ 6–8
Ҷамъомади нав зери озмоиш қарор гирифт
Бевазанҳои юнонизабоне, ки нав таъмид гирифта буданд ва дар Ерусалим муддати бештар монданд, бо беадолатӣ рӯ ба рӯ шуданд. Оё ин занони масеҳӣ аз Яҳува дур шуданд ё пурсаброна интизор шуданд, ки кай Яҳува ин беадолатиро бартараф мекунад?
Баъд аз он ки Истефанусро сангсор карданд, пайравони Масеҳ дар Ерусалим бо таъқиботи сахт дучор шуда, ба ҳар гӯшаю канори Яҳудия ва Сомария гурехтанд. Оё пас аз ин ғайрати онҳо дар хизмати Худо суст шуд?
Бо дастгирии Яҳува ҷамъомади нави масеҳиён дар озмоиш устувор монд ва рӯз аз рӯз меафзуд (Ам 6:7; 8:4).
АЗ ХУД ПУРСЕД: «Чӣ тавр ман озмоишҳоямро паси сар карда истодаам?»