ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
Тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • mwb19 октябр саҳ. 5
  • Рафтори хуб ва ҳурмату эҳтиром дилҳоро моил мекунад

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Рафтори хуб ва ҳурмату эҳтиром дилҳоро моил мекунад
  • Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2019)
  • Маводи монанд
  • Бо ҳамсаратон эҳтиромона муносибат кунед
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2011
  • Барои издивоҷи хушбахт роҳнамоии Худоро ҷӯед
    Оилаи шумо хушбахт шуда метавонад
  • Ба якдигар вафодор бошед
    Оилаи шумо хушбахт шуда метавонад
  • Чӣ тавр бо наздикон сулҳро нигоҳ доштан мумкин аст?
    Оилаи шумо хушбахт шуда метавонад
Маълумоти бештар
Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2019)
mwb19 октябр саҳ. 5

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Рафтори хуб ва ҳурмату эҳтиром дилҳоро моил мекунад

Заноне, ки Шоҳиди Яҳува ҳастанд, одатан шавҳарони худро бо рафтори хубашон ба ҳақиқат оварданд. Лекин барои ин шояд лозим омад, ки солҳои зиёд душвориҳоро паси сар кунанд (1Пт 2:21–23; 3:1, 2). Агар шумо беадолатона азоб кашида истода бошед, пас, бо некӣ мағлуб кардани бадиро давом диҳед (Рм 12:21). Рафтори хуби шумо метавонад, чунон таъсир расонад, ки бо сухан ҳеҷ гоҳ карда намешуд.

Ҳаракат кунед, ки ба масъала аз нуқтаи назари ҳамсаратон нигоҳ кунед (Фп 2:3, 4). Дилсӯзӣ ва ҳамдардӣ нишон диҳед ва кӯшиш кунед, ки вазифаи худро чун зан иҷро намуда ба шавҳаратон эҳтиром нишон диҳед. Шунавандаи хуб бошед (Яқ 1:19). Пурсабрӣ зоҳир намуда ба ҳамсаратон нишон диҳед, ки то чӣ андоза ӯро дӯст медоред. Ҳатто агар ҳамсаратон дар ҷавоб ҳеҷ гоҳ ба шумо некӣ накунад ва эҳтиром нишон надиҳад ҳам, боварӣ дошта бошед, ки Яҳува вафодории шуморо қадр мекунад (1Пт 2:19, 20).

ВИДЕОНАВОРИ «ЯҲУВА МАДАДГОРИ МАН АСТ»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Вақте ки Грейс Ли нав оиладор шуд, ҳаёташ чӣ хел буд?

  • Чӣ ӯро ба ҳақиқат ҷалб кард?

  • Чӣ тавр хоҳар Грейс баъди таъмид гирифтанаш дар озмоишҳо истодагарӣ кард?

  • Хоҳар Грейс дар бораи шавҳараш дар дуо чӣ гуфт?

  • Ба туфайли рафтори пок ва ҳурмату эҳтиром хоҳар Грейс соҳиби кадом баракатҳо шуд?

Саҳнаҳои зерин аз видеонавори «Яҳува мададгори ман аст» нишон медиҳанд, ки чӣ тавр хоҳар Грейс Ли пешравӣ мекард: 1. Грейс дар тагкӯчае гиря карда истодааст. 2. Хоҳаре бо Грейс омӯзиш мегузаронад. 3. Грейс бо фарзандонаш аз қаҳвахонаашон баромада ба ҷамъомад меравад. 4. Грейс бо 9 нафар аъзои оилааш дар Ибодатгоҳ.

Рафтори хуб ва ҳурмату эҳтиром қуввати бузург дорад

Рафтори хуб ва ҳурмату эҳтиром ҳамчунин вақте ёрӣ расонда метавонад, ки агар ҳамсари шумо таъмид гирифта ҳоло рӯҳан суст бошад. Видеонавори «Ҳамсари худро “бе сухан” ба амал барангезед»-ро тамошо кунед.

Хоҳаре ба шавҳараш, ки ғайрифаъол гаштааст, нигоҳ мекунад
    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • Тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан