ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • hf қисми 2 саҳ. 6-8
  • Ба якдигар вафодор бошед

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Ба якдигар вафодор бошед
  • Оилаи шумо хушбахт шуда метавонад
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • 1 ИЗДИВОҶАТОНРО ДАР ҶОИ АВВАЛ ГУЗОРЕД
  • 2 ДИЛАТОНРО ҲИФЗ КУНЕД
  • Барои издивоҷи хушбахт роҳнамоии Худоро ҷӯед
    Оилаи шумо хушбахт шуда метавонад
  • Бо ҳамсаратон эҳтиромона муносибат кунед
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2011
  • Чӣ тавр бо наздикон сулҳро нигоҳ доштан мумкин аст?
    Оилаи шумо хушбахт шуда метавонад
  • Душвориҳоро чӣ тавр бояд ҳал кард?
    Оилаи шумо хушбахт шуда метавонад
Маълумоти бештар
Оилаи шумо хушбахт шуда метавонад
hf қисми 2 саҳ. 6-8
Шавҳаре чатрро дошта, барои ба мошин савор шудани занаш кӯмак карда истодааст

ҚИСМИ 2

Ба якдигар вафодор бошед

«Пас он чиро, ки Худо ба ҳам пайвастааст, одам набояд ҷудо кунад» (Марқӯс 10:9).

Яҳува ба мо амр медиҳад: «Хиёнат накунед» (Малокӣ 2:16). Махсусан дар издивоҷ хиёнат накардан, яъне ба якдигар вафодор будан муҳим аст, зеро агар дар оила вафодорӣ набошад, ба якдигар боварӣ ҳам намешавад. Ва боварӣ бошад, барои инкишоф додани муҳаббат зарур аст.

Имрӯз вафодорӣ дар издивоҷ зери фишор қарор дорад. Барои издивоҷатонро муҳофизат кардан, шумо бояд бо омодагӣ ду чизро иҷро намоед.

1 ИЗДИВОҶАТОНРО ДАР ҶОИ АВВАЛ ГУЗОРЕД

КИТОБИ МУҚАДДАС ЧУНИН МЕГӮЯД: «Дарк намоед, ки чӣ беҳтар аст» (Филиппиён 1:10). Издивоҷи шумо яке аз чизҳои муҳим дар ҳаётатон мебошад. Дар ҳақиқат издивоҷро дар ҷои аввал гузоштан арзанда аст.

Яҳува мехоҳад, ки шумо диққататонро ба ҳамсаратон равона карда, якҷоя «аз зиндагӣ лаззат» баред (Воиз 9:9). Ӯ аниқ мегӯяд, ки шумо ба ҳамсаратон набояд ҳеҷ гоҳ беаҳамиятӣ кунед. Баръакс, бояд роҳҳоеро ҷӯед, ки ҳар яки шуморо хушбахт гардонад (1 Қӯринтиён 10:24). Тавре амал намоед, ки ҳамсаратон худро шахси азиз ва боқадр ҳис кунад.

Шавҳаре барои занаш нӯшокие меорад; шавҳаре ба хона омада занашро машғули пухтупази хӯрок мебинад

ЧУНИН КАРДА МЕТАВОНЕД:

  • Мунтазам бо якдигар вақт гузаронед ва таваҷҷӯҳи худро пурра ба ҳамсаратон равона созед

  • Танҳо дар бораи худ фикр накунед

Зану шавҳар вақташонро якҷоя дар табиат мегузаронанд

2 ДИЛАТОНРО ҲИФЗ КУНЕД

КИТОБИ МУҚАДДАС ЧУНИН МЕГӮЯД: «Ҳар кӣ ба зане бо чашми шаҳватомез нигоҳ кунад, дар дили худ бо вай зино карда бошад» (Матто 5:28). Агар шахс дар бораи чизҳои бадахлоқона фикр кардан гирад, бо маъное вай ба ҳамсараш хиёнат мекунад.

Яҳува ба мо мегӯяд, ки «дили худро маҳфуз дор» (Масалҳо 4:23; Ирмиё 17:9). Барои инро кардан шумо бояд чашмони худро идора кунед (Матто 5:29, 30). Ба намунаи Айюб-пайғамбар пайравӣ кунед, ки ӯ бо чашмони худ аҳд баста буд, ки ҳеҷ гоҳ ба зани дигар бо шаҳват наменигарад (Айюб 31:1). Устуворона қарор кунед, ки ҳеҷ гоҳ порнография тамошо намекунед. Бо қатъият аз ҳар гуна ҳиссиётҳои ошиқона бо шахсе ки ҳамсари шумо нест, дурӣ ҷӯед.

Шавҳаре расми занашро дар рӯи мизи кориаш гузоштааст

ЧУНИН КАРДА МЕТАВОНЕД:

  • Ба дигарон аён созед, ки шумо ба ҳамсаратон пурра вафодор ҳастед

  • Дар бораи ҳиссиётҳои ҳамсаратон фикр кунед ва ҳар муносибатеро ки ҳамсаратон аз он нороҳат мегардад, дарҳол бартараф намоед

САҲМИ ХУДРО ГУЗОРЕД

Бо худ ростқавл бошед ва сустиҳои худро муайян созед (Забур 14:2). Аз кӯмак пурсидан шарм надоред (Масалҳо 1:5). Агар шумо фикрҳои нопок дошта бошед, бо онҳо мубориза бурданро давом диҳед. Рӯҳафтода нашавед (Масалҳо 24:16). Яҳува кӯшишҳои ба ҳамсаратон вафодор монданатонро баракат хоҳад дод.

АЗ ХУД БИПУРСЕД...

  • Чӣ тавр ман ба ҳамсарам бисёртар вақт ҷудо карда метавонам?

  • Оё ҳамсари ман бароям дӯсти беҳтарин аст?

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан