БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Чӣ тавр бо ёрии рисола сӯҳбатро сар кунем?
Аз моҳи январи соли 2018 сар карда дар саҳифаи аввали дафтари вохӯрии «Ҳаёт ва хизмат» намунаҳо барои сӯҳбат оварда мешавад. Бо кадом мақсад? Ин моро бармеангезад, ки ба одамон на фақат адабиёт диҳем, балки бо онҳо сӯҳбат кунем. Барои он ки воизон ин тарзи мавъизаро аз худ кунанд, видеонаворҳо омода мегарданд. Дар он нишон дода мешавад, ки чӣ тавр сӯҳбатро танҳо бо Китоби Муқаддас сар кардан мумкин аст. Вале оё ин маънои онро дорад, ки дар мавъизаи хона ба хона мо умуман набояд адабиётро истифода барем? Не албатта! Масалан, дар аввали сӯҳбат яке аз рисолаҳоро истифода бурдан хуб аст. Кадом рисолаеро, ки истифода набаред, аз рӯйи қадамҳои зерин амал намуда метавонед:
Саволеро диҳед, ки дар муқоваи рисола оварда шудааст ва вариантҳои ҷавобро хонед.
Ҷавоби Китоби Муқаддасро нишон дода оят(ҳо)еро, ки дар аввали саҳифаи дуюм оварда шудааст, хонед. Агар вақт бошад, маълумотеро, ки дар саҳифаи 2 ва 3 омадааст, хонда муҳокима кунед.
Ба шахс рисоларо дода гӯед, ки боқимондашро дар вақти барояш қулай хонад.
Пеш аз рафтан диққати шахсро ба саволе, ки дар саҳифаи охирон (зери сарлавҳаи «Дар ин бора фикр кунед») омадааст, равона карда гӯед, ки дафъаи дигар омада ҷавоби Китоби Муқаддасро муҳокима мекунед.
Ҳангоми боздид ҷавоби Китоби Муқаддасро муҳокима кунед ва гӯед, ки дафъаи дигар кадом саволро муҳокима карданиед. Шумо саволҳоро аз сайтамон ё аз адабиёте, ки дар саҳифаи охири рисола омадааст, ёфта метавонед. Дар вақти мувофиқ ба шахс брошураи «Худо барои мо хабарҳои нағз дорад!» ё дигар адабиёти омӯзиширо аз Маводи таълимӣ пешкаш кунед.