ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • km 4.14 саҳ. 6-7
  • Сохти аҷоиби рисолаҳои нав

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Сохти аҷоиби рисолаҳои нав
  • Хизмат ба Салтанати Худо 2014
  • Маводи монанд
  • Чӣ тавр бо ёрии рисола сӯҳбатро сар кунем?
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2020)
  • Каломи Худоро ба кор баред—он зинда аст!
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2014
  • Намунаи пешниҳодот
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2016)
  • Тарзи истифода бурдани брошураи «Худо барои мо хабарҳои нағз дорад!»
    Хизмат ба Салтанати Худо 2013
Хизмат ба Салтанати Худо 2014
km 4.14 саҳ. 6-7

Сохти аҷоиби рисолаҳои нав

1. Кадом адабиёт дар хизмат сохти нави аҷоибро гирифт?

1 Дар анҷуманҳои вилоятии соли 2013 бо номи «Каломи Худо ҳақ аст!» нашри панҷ рисолаи нав эълон гардид. Ғайр аз ин «Пайғоми Салтанат» № 38, бо номи «Оё дар ҳақиқат мурдагон аз нав зинда мешаванд?» ба ин силсилаи рисолаҳо илова карда шуд. Ҳамаи ин шаш рисолаҳо сохти нави аҷоиб доранд. Барои тартиб додани сохти нав чӣ сабаб шуд? Кай мо онро хона ба хона тақсим мекунем ва чӣ тавр аз ин сохти нав пурра истифода бурда метавонем?

2. Мақсади сохти нави рисолаҳо дар чист?

2 Чаро сохти нав. Пешниҳоди самаранок барои мавъизаи хона ба хона одатан аз чор қадамҳои зерин иборат аст: 1) Барои сар кардани сӯҳбат пурсидани нуқтаи назар. 2) Аз Навиштаҳо гуфтани фикр. 3) Ба соҳибхона гузоштани адабиёт барои хондан. 4) Гузоштани саволи кушода ва боздид кардан. Рисолаҳо бо сохти нав ба мо кӯмак мекунанд, ки аз рӯи ин чор қадам бе ягон душворӣ амал намоем.

3. Чӣ тавр мо метавонем дар хизмат яке аз рисолаҳои навро пешниҳод кунем?

3 Чӣ тавр аз он истифода бояд кард. 1) Пас аз салому алейк ба соҳибхона аз муқоваи рисола саволи диққатҷалбкунандае, ки варианти ҷавобро пешниҳод мекунад, нишон диҳед ва нуқтаи назарашро пурсед. 2) Рисоларо кушода «Китоби Муқаддас чунин мегӯяд»-ро муҳокима кунед. Ва агар имконият бошад оятро аз худи Китоби Муқаддас хонед. Агар соҳибхона вақт дошта бошад, «Ин барои шумо чӣ маъно дорад»-ро бо ӯ муҳокима намоед. 3) Рисоларо ба соҳибхона дода ӯро барои дар вақти холигиаш хондани он барангезед. 4) Пеш аз рафтан ба ӯ саволеро, ки дар пушти рисола, дар таҳти «Дар ин бора фикр кунед» омадааст, нишон диҳед ва оиди дафъаи дигар омада муҳокима кардани ҷавоби Китоби Муқаддас ба ин савол, гапзанон кунед.

4. Агар шахс шавқ зоҳир кунад, мо дар боздид чӣ гуфта метавонем?

4 Бо ин рисола боздид кардан ҳам, хеле осон аст. Танҳо оятҳои дар пушти рисола овардашударо истифода бурда, ба саволи кушодае, ки дафъаи охирон монда будед, ҷавоб диҳед. Пеш аз рафтанатон ба расми брошураи «Хабарҳои нағз» диққати соҳибхонаро равона карда дарси дар рисола ишорашударо, ки маълумоти бештарро дар бар мегирад, нишон диҳед ва онро ба ӯ пешниҳод намоед. Агар вай брошураро гирад, дар бораи дафъаи дигар омада муҳокима кардани он гапзанон кунед. Ана, шумо омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кардед! Ё ин ки ба ҷои додани брошура шумо метавонед дигар рисоларо пешниҳод намоед ва дар бораи дафъаи дигар муҳокима кардани он гапзанон кунед.

5. Рисолаҳо дар хизмати мо чӣ нақш мебозанд?

5 Рисолаҳо дар хизмати мо зиёда аз 130 сол боз истифода бурда мешаванд. Нигоҳ накарда ба он ки ҳаҷм ва сохти рисолаҳо дигаргун шаванд ҳам, онҳо дар шаҳодатдиҳӣ нақши муҳимро мебозанд. Биёед, аз ин рисолаҳои сохти нав ба таври пурра истифода бурда паҳн кардани дониши Китоби Муқаддасро дар тамоми дунё давом диҳем (Мас. 15:7а).

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан