БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Аз меҳру вафои Яҳува дилпур бошед
Шумо дар назари Яҳува қадру қимати баланд доред (Иш 43:4). Ӯ ҳар яки шуморо ба худ ва ташкилоташ ҷалб кард. Вақте шумо ҳаётатонро ба Худо бахшида таъмид гирифтед, аз они Яҳува шудед. Ӯ ба шумо ҳатто дар вақтҳои душвор ҳамчун ганҷи барчидаи худ ғамхорӣ мекунад ва меҳру вафои худро ба воситаи ташкилоташ нишон медиҳад (Зб 25:10).
Вақте мо мебинем, ки ташкилоти Яҳува дар офатҳои табиӣ чӣ корҳоро анҷом медиҳад, миннатдориамон ба меҳру вафои Яҳува зиёд мегардад.
ВИДЕОНАВОРИ «ҲИСОБОТИ КУМИТАИ КООРДИНАТОРОН БАРОИ СОЛИ 2019»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:
Чӣ тавр Кумитаи координаторон филиалҳои тамоми ҷаҳонро ба офатҳои табиӣ тайёр кард?
Вақте дар Индонезия ва Нигерия офати табиӣ рӯй дод, чӣ хел ташкилоти Яҳува онҳоро роҳнамоӣ намуда кумак расонд?
Шумо дар муносибати ташкилот ба КОВИД-19 чиро қадр мекунед?