ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • mwb22 январ саҳ. 11
  • Ҷавонон, дили худро ба волидонатон кушоед

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Ҷавонон, дили худро ба волидонатон кушоед
  • Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2022)
  • Маводи монанд
  • «Падару модаратро иззату ҳурмат кун»
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2018)
  • Хурсандии оила дар дасти шумост
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2023)
  • Волидон, меҳри Яҳуваро дар дили фарзандонатон ҷо кунед
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2022
  • Хушбахтии оила. Қисми 2
    То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
Маълумоти бештар
Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2022)
mwb22 январ саҳ. 11

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Ҷавонон, дили худро ба волидонатон кушоед

Чаро шумо бояд дили худро ба волидонатон кушоед? (Пнм 23:26). Чунки Яҳува онҳоро вазифадор кардааст, ки дар бораатон ғамхорӣ намоянд ва шуморо роҳнамоӣ кунанд (Зб 127:3, 4). Агар ҳама чизро дар дилатон гирифта гардеду ба онҳо нагӯед, ба волидонатон дар бораи шумо ғамхорӣ кардан душвор мегардад. Ғайр аз ин, шумо аз таҷрибаи онҳо чизеро ёд намегиред. Магар шарт аст, ки ҳама чизро ба волидонатон гӯед? Не, лекин эҳтиёт шавед, ки ба онҳо гапи дурӯғ назанед ва аз онҳо маълумотеро, ки ба донистанаш ҳақ доранд, баҷо накунед (Пнм 3:32).

Чӣ тавр шумо бо волидонатон гап зада метавонед? Вақтеро ҷудо кунед, ки ҳам барои шумо ва ҳам барои онҳо қулай аст. Агар ин душвор бошад, шумо метавонед ба ягонтои онҳо нома навишта ҳиссиётатонро гӯед. Лекин онҳо дар бораи мавзуе, ки шумо суҳбат кардан намехоҳед, гап задан хоҳанд-чӣ? Дар ёд доред, ки онҳо ғами шуморо мехӯранд. Ба волидонатон ҳамчун дӯст нигаред, на душман. Агар имрӯз кӯшиш карда бо волидонатон кушоду равшан муошират кунед, аз он ҷовидона баҳра мебаред (Пнм 4:10–12).

ВИДЕОНАВОРИ «АЙЁМИ НАВРАСИАМ. ЧӢ ТАВР БО ВОЛИДОНАМ ГАП ЗАНАМ?»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

  • Саҳна аз видеонавори «Айёми наврасиам. Чӣ тавр бо волидонам гап занам?» Духтари наврасе бо гӯшмонак дар компютераш чизеро гӯш мекунад ва бо модараш гап задан намехоҳад.

    Эстер ва Партик дар бораи худ чиро фаҳмиданд?

  • Саҳна аз видеонавори «Айёми наврасиам. Чӣ тавр бо волидонам гап занам?» Духтари наврасе бо модараш суҳбат карда чизеро аз телефонаш нишон дода истодааст.

    Шумо аз мисоли Исо чӣ дарс мегиред?

  • Саҳна аз видеонавори «Айёми наврасиам. Чӣ тавр бо волидонам гап занам?» Модаре кори хонаро як сӯ монда бо писарчааш бозӣ карда истодааст.

    Чӣ тавр волидони шумо ғамхориашонро нишон медиҳанд?

  • Саҳна аз видеонавори «Айёми наврасиам. Чӣ тавр бо волидонам гап занам?» Тренери дастаи баскетболбозон роҳу равиши бозиро кашида истодааст.

    Волидонатон ба шумо тамоми некиҳоро хоҳонанд

    Кадом принсипҳои Китоби Муқаддас барои бо волидонатон гап задан ба шумо кумак мерасонанд?

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан