ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • mwb23 июл саҳ. 11
  • Хурсандии оила дар дасти шумост

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Хурсандии оила дар дасти шумост
  • Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2023)
  • Маводи монанд
  • Барои хушбахтии оила чӣ даркор аст?
    Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?
  • Тарбия изҳори муҳаббати Яҳува мебошад
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2021)
  • Маслиҳатҳои Китоби Муқаддасро ба кор бурда ба фарзандонатон кумак кунед, ки комёб шаванд
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2023)
  • «Падару модаратро иззату ҳурмат кун»
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2018)
Маълумоти бештар
Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2023)
mwb23 июл саҳ. 11
Расмҳо: Саҳнаҳо аз видеонавори «Дар оилаатон хурсандӣ кунед». 1. Духтарон дар сари як пиёла чой суҳбат кардани волидонашонро мушоҳида доранд. 2. Духтарон дар парастиши оилавӣ ба якдигар табассум доранд. 3. Яке аз духтарон ба модарашон, ки бемор аст, нигоҳ карда истодааст.

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Хурсандии оила дар дасти шумост

Яҳува мехоҳад, ки ҳама оилаҳо хушбахт бошанд (Зб 127:3–5; Пг 9:9; 11:9). Лекин вазъиятҳои ногувори ин ҷаҳон ва хатоҳои аъзои оилаамон хурсандии моро дуздида метавонанд. Ҳар як узви хонавода барои хурсандии оила чӣ кор карда метавонад?

Шавҳар зани худро эҳтиром мекунад (1Пт 3:7). Ӯ бо ҳамсари азизаш вақт мегузаронад, нисбат ба вай серталаб нест ва барои корҳое, ки занаш барои ӯву дигар аъзои оилаашон мекунад, миннатдорӣ баён менамояд (Қл 3:15). Шавҳар нишон медиҳад, ки занашро дӯст медорад ва ӯро таърифу таҳсин мекунад (Пнм 31:28, 31).

Зан дар навбати худ ҳамеша кӯшиш мекунад, ки шавҳарашро дастгирӣ намояд (Пнм 31:12). Ӯ ба шавҳараш фармонбардор аст, ба вай ёрдам мекунад ва аз ӯ маслиҳат мепурсад (Қл 3:18). Зан бо шавҳараш меҳрубонона гап мезанад ва ба дигарон дар бораи ӯ суханони нек мегӯяд (Пнм 31:26).

Волидон бо фарзандони худ вақт мегузаронанд (5Мс 6:6, 7). Ба кӯдаконашон мегӯянд, ки онҳоро дӯст медоранд (Мт 3:17). Ҳангоми таълиму тарбияи кӯдак муҳаббат ва фаҳмиш зоҳир менамоянд (Эф 6:4).

Фарзандон падару модари худро ҳурмат карда, ба гапашон гӯш медиҳанд (Пнм 23:22). Онҳо ба волидонашон фикру ҳиссиёташонро мегӯянд, тарбияву насиҳати онҳоро қабул мекунанд ва ба онҳо эҳтиром зоҳир менамоянд (Пнм 19:20).

ВИДЕОНАВОРИ «ДАР ОИЛААТОН ХУРСАНДӢ КУНЕД»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БА САВОЛИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:

Ҳар як кас барои хурсандии оила чӣ кор карда метавонад?

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан