ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • mwb25 март саҳ. 4-5
  • 17–23 март

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • 17–23 март
  • Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2025)
Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2025)
mwb25 март саҳ. 4-5

17–23 МАРТ

ПАНДНОМА 5

Суруди 32 ва дуо | Пешгуфтор (1 дақ.)

ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО

1. Аз бадахлоқӣ дурӣ ҷӯед

(10 дақ.)

Васвасаи ба бадахлоқӣ даст задан пурзӯр буда метавонад (Пнм 5:3; w00 15.7 саҳ. 29, сарх. 1).

Касоне, ки ба бадахлоқӣ даст мезананд, оқибати талхро мечашанд (Пнм 5:4, 5; w00 15.7 саҳ. 29, сарх. 2).

Аз бадахлоқӣ дурӣ ҷӯед (Пнм 5:8; w15 15.6 саҳ. 22, 23, сарх. 8–10).

Хоҳари ҷавонамон ба мактаббачае рақами телефонашро надода истодааст

2. Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом

(10 дақ.)

  • Пнм 5:18, 19 — Назари Яҳува ба муносибати маҳрамона чӣ гуна аст? (lff дарси 41, қисми 1).

  • Аз хониши Китоби Муқаддас барои ин ҳафта шумо кадом ганҷҳоро ёфтед?

3. Хониши Китоби Муқаддас

(4 дақ.) Пнм 5:1–23 (th дарси 5).

ДАР ХИЗМАТ БОҒАЙРАТ БОШЕД

4. Суҳбатро сар кунед

(3 дақ.) ХИЗМАТ ДАР ҶОЙҲОИ ҶАМЪИЯТӢ. Шахсеро, ки масеҳӣ нест, ба Шоми ёдбуд даъват кунед ва дар сомонаи jw.org ҷойи маросимро, ки ба вай наздиктар аст, нишон диҳед (lmd дарси 6, қисми 4).

5. Шавқмандонро хабар гиред

(4 дақ.) ХИЗМАТИ ХОНА БА ХОНА. Суҳбат бо шахсе, ки даъватномаи Шоми ёдбудро гирифта, ба ин маросим шавқ зоҳир карда буд (lmd дарси 9, қисми 5).

6. Шогирд тайёр кунед

(5 дақ.) lff дарси 16, бахшҳои «Фикрҳои асосӣ», «Такрор» ва «Мақсад». Омӯзанда мепурсад, ки «оё Исо зан дошт?». Ба ӯ нишон диҳед, ки чӣ тавр ба ин савол ҷавоб ёфтан мумкин аст (lmd дарси 11, қисми 4).

БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД

Суруди 57

7. Дар вақти мулоқот покиро нигоҳ доред

(15 дақ.) Муҳокима.

Мулоқот ин давраест, ки зану мард ба хотири нағзтар шинохтани якдигар бо ҳам вақт мегузаронанд. Дилдодагон худашон қарор мекунанд, ки чӣ тавр суҳбат мекунанд: дар алоҳидагӣ ё дар доираи ёру дӯстон, бо телефон ё шабакаҳои иҷтимоиву паёмакҳо. Ба онҳо шарт нест, ки дар бораи мулоқоташон ба дигарон гӯянд. Барои масеҳиён мулоқот вақтхушӣ нест, он қадами ҷиддиест, ки сӯйи издивоҷ мебарад. Бародар ва хоҳар новобаста ба синну сол барои покиро нигоҳ доштан кадом чораҳои эҳтиётиро андешида метавонанд? (Пнм 22:3).

Дилдодагон дар тарабхона нишаста аз муоширати якдигар баҳра мебаранд.

ВИДЕОНАВОРИ «Омодагӣ ба издивоҷ (Қисми 1). Оё ман ба мулоқот тайёрам? (порча)»-ро монед. Сипас аз шунавандагон пурсед:

  • Чаро касе, ки ҳоло ба издивоҷ тайёр нест, ба мулоқот кардан саросема нашавад? (Пнм 13:12; Лқ 14:28–30).

  • Волидон ба духтарашон чӣ тавр кумак карданд ва чаро ин кори онҳо ба шумо маъқул шуд?

Аз шунавандагон хоҳиш кунед, ки Панднома 28:26-ро хонанд. Сипас саволҳои зеринро диҳед:

  • Чӣ тавр касоне, ки мулоқот мекунанд, аз ҳолатҳое, ки ба бадахлоқӣ тела медиҳад, дурӣ ҷуста метавонанд?

  • Чаро дилдодагон бояд пешакӣ муайян кунанд, ки то чӣ андоза ба якдигар меҳру муҳаббат нишон медиҳанд, масалан, дастбадаст гирифта мегарданд ё якдигарро мебӯсанд?

Аз шунавандагон хоҳиш кунед, ки Эфсӯсиён 5:3, 4-ро хонанд. Сипас саволи зеринро диҳед:

  • Чаро касоне, ки мулоқот мекунанд, бояд дар вақти бо телефон ё интернет муошират кардан эҳтиёт бошанд?

8. Омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад

(30 дақ.) bt боби 24, сарх. 1–6

Суханони хотимавӣ (3 дақ.) | Суруди 152 ва дуо

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан