Мавод барои дафтари вохӯрии «Ҳаёт ва хизмат»
© 2024 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
3–9 МАРТ
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО ПАНДНОМА 3
Ба Яҳува таваккал кунед
ijwbv мақолаи 14, сарх. 4, 5
Панднома 3:5, 6 — «Ба ақли худ такя накун»
«Ба Яҳува бо тамоми дилат таваккал намо». Агар аз рӯйи роҳнамоиву таълими Яҳува зиндагӣ кунем, нишон медиҳем, ки аз ӯ дилпурем. Мо бояд ба Яҳува бо тамоми дил бовар кунем. Дар Китоби Муқаддас калимаи «дил» одатан ба вуҷуди инсон, яъне ба эҳсосот, ният ва афкори ӯ ишора мекунад. Бо тамоми дил ба Яҳува таваккал намуданамон танҳо ҳиссиёти холӣ нест. Мо ба ӯ таваккал мекунем, чунки дилпурем, ки Офаридгорамон бароямон зиндагии беҳтаринро хоҳон аст (Румиён 12:1).
«Ба ақли худ такя накун». Нокомилӣ ба ақлу фаҳмиши мо таъсир расонидааст, барои ҳамин ба Яҳува такя карданамон хеле муҳим аст. Агар танҳо ба худ такя кунем ё ба эҳсосот дода шавем, қарорҳоеро қабул карда метавонем, ки дар назарамон хуб метобанду оқибаташон баданд (Панднома 14:12; Ирмиё 17:9). Хираду дониши Худо аз хираду дониши мо садчандон болотар аст (Ишаъё 55:8, 9). Аз ин рӯ, агар аз рӯйи гуфтаҳои Худо амал кунем, дар ҳаёт комёб мешавем (Забур 1:1–3; Панднома 2:6–9; 16:20).
ijwbv мақолаи 14, сарх. 6, 7
Панднома 3:5, 6 — «Ба ақли худ такя накун»
«Дар ҳама роҳҳоят ӯро пеши назар ор». Ҳар қадаме, ки мо дар зиндагӣ мемонем ва ҳар қарори муҳиме, ки дар ҳаёт мебарорем, бояд бо фикрҳои Яҳува ҳамоҳанг бошанд. Барои ин ба мо лозим аст, ки дар дуо аз ӯ роҳнамоӣ пурсем ва аз рӯйи Каломаш амал намоем (Забур 25:4; 2 Тимотиюс 3:16, 17).
«Ӯ роҳҳоятро ҳамвор хоҳад кард». Худо ба мо кумак мекунад, ки мувофиқи меъёрҳои одилонааш зиндагӣ кунем, ҳамин тавр ӯ роҳҳои моро ҳамвор мегардонад (Панднома 11:5). Дар натиҷа мо бар сангҳои сари роҳамон пешпо нахӯрда дар амон мемонем ва хушбахттар мешавем (Забур 19:7, 8; Ишаъё 48:17, 18).
be саҳ. 76, сарх. 4
Кӯшиш кунед, ки пешрафт кунед
Шахсе, ки гармиву сардии зиндагиро дидааст, шояд, ба худ чунин гӯяд: «Ман гурги борондидаам, ин хел вазъият аллакай аз сарам гузаштааст, барои ҳамин чӣ кор карданамро нағз медонам». Оё чунин тарзи фикрронӣ оқилона аст? Дар Панднома 3:7 омадааст: «Дар назари худ доно набош». Албатта, таҷриба ба мо ёрдам мекунад, ки пеш аз қабул кардани ягон қарор масъаларо ҳаматарафа баркашем. Лекин, агар мо рӯҳан пешравӣ карда бошем, таҷриба ба мо ёрдам мекунад, то дар гӯшамон халқа кунем, ки бе дастгирии Яҳува барака намеёбем. Хулоса, пешрафти мо дар он маълум мешавад, ки дар ҳаёт мо ба худ такя намекунему бештар ба Яҳува ва роҳнамоияш рӯ меорем. Бале, вақте мо дилпурем, ки ҳама чиз зери назорати Яҳува аст ва кӯшиш мекунем, ки бо ӯ дӯстии наздикро нигоҳ дорем, нишон медиҳем, ки пешрафт карда истодаем.
Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом
w06 15.9 саҳ. 17, сарх. 7
Фикрҳои манфиатбахш аз китоби Панднома
3:3. Чи хеле ки гарданбанди гаронбаҳои ҷилодор зуд ба чашм метобад, ҳамин хел ҳам меҳру вафою ростиро дӯст доштани мо бояд дар рафторамон баръало маълум гардад. Ғайр аз ин, мо ин хислатҳоро бояд дар дил чунон ҷой кунем, ки як ҷузъи ҳастиямон гарданд.
10–16 МАРТ
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО ПАНДНОМА 4
«Дили худро ҳимоя намо»
Чӣ тавр мо дили худро муҳофизат карда метавонем?
4 Дар Масалҳо 4:23 калимаи «дил» ба ботини инсон ё олами дарунии ӯ ишора мекунад. (Забур 50:8-ро хонед.) Дигар хел карда гӯем, «дил» гуфта, фикру ҳиссиёт, ният ва хоҳишҳои инсон дар назар дошта шудааст. Он асосан на чизҳои ба чашм аён, балки ботинан чӣ гуна инсон будани моро нишон медиҳад.
Чӣ тавр мо дили худро муҳофизат карда метавонем?
10 Барои дили худро муҳофизат кардан, мо бояд хатарҳоро муайян намуда, зуд худро эҳтиёт кунем. Ин ба коре, ки дидбон дар замони қадим мекард, монанд аст. Дар рӯзҳои Сулаймон, дидбон дар болои девори шаҳр истода, гирду атрофро назорат мекард ва ҳамин ки хатареро медид, дигаронро огоҳ мекард. Ин ҳолатро тасаввур намудан ба мо кӯмак мекунад, то фаҳмем, ки бояд чӣ кор кунем, то Шайтон фикрронии моро фосид накунад.
11 Дар замони қадим дидбон ва дарвозабонони шаҳр бо ҳам зич ҳамкорӣ мекарданд (2 Подш. 18:24–26). Вақте ягон душман ба шаҳр наздик мешуд, дидбон инро дида хабар медод ва дарвозабонон ҳар чи зудтар дарвозаҳоро мебастанд, то шаҳрро муҳофизат кунанд (Наҳемё 7:1–3). Виҷдони аз рӯйи Китоби Муқаддас тарбияёфтаи мо метавонад чун дидбон амал кунад. Вақте Шайтон ба дили мо роҳ ёфтан мехоҳад ё дигар хел карда гӯем, вақте вай ба фикрҳои мо, ҳиссиёт, ниятҳо ва хоҳишҳоямон таъсир расонданӣ мешавад, виҷдонамон метавонад, моро аз он огоҳ созад. Ҳар вақте ки виҷдон аз хатаре огоҳ кунад, мо бояд ба он гӯш дода, дарвозаҳои дили худро бандем.
Чӣ тавр мо дили худро муҳофизат карда метавонем?
14 Барои муҳофизати диламон мо бояд чизҳои бадро ба он роҳ надиҳем. Лекин ин кифоя нест. Мо ҳамчунин бояд гузорем, ки чизҳои хуб ба он дароянд. Бори дигар мисоли деворҳои шаҳрро ба хотир оред. Вақте ки душман наздик мешуд, дарвозабон дарҳоро мебаст, вале дар дигар вақтҳо ӯ онро мекушод, то ки ба шаҳр озуқа ва маҳсулоти хӯрока дохил гардад. Агар дарвозаи шаҳр доим маҳкам бошад, сокинони шаҳр аз гуруснагӣ мемурданд. Ба ин монанд, мо ҳам бояд мунтазам дарҳои дили худро барои қабул кардани фикрҳои Худо кушоем.
w12 1.5 саҳ. 32, сарх. 2
«Дили худро ҳимоя намо»
Чаро мо бояд дили рамзиямонро ҳимоя кунем? Зери илҳоми Худо пайғамбар Сулаймон чунин навишт: «Беш аз ҳар чизи ҳимояталаб дили худро ҳимоя намо, зеро чашмаҳои ҳаёт аз он аст» (Панднома 4:23). Ҳаёти имрӯза ва ояндаи мо аз ҳолати дили рамзиямон вобастагӣ дорад. Чаро? Чунки Худо дили одамро мебинад (1 Подшоҳон 16:7). Барои Яҳува «ороиши дарунии» мо, яъне ботинамон муҳимтар аст. Ӯ ба диламон назар карда, ба мо баҳо медиҳад (1 Петрус 3:4).
Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом
Оё шумо Яҳуваро босаброна интизорӣ мекашед?
4 Дар Панднома 4:18 чунин гуфта шудааст: «Роҳи росткорон мисли нури дурахшони саҳар аст, ки то нисфирӯзӣ торафт равшан мешавад». Ин суханон маънои онро дорад, ки Яҳува оҳиста-оҳиста нияташро ба халқи худ мекушояд. Лекин ин оят ҳамчунин ба мо ёрдам мекунад, то фаҳмем, ки чӣ тавр масеҳӣ дар ҳаёташ дигаргунӣ дароварда, ба Яҳува наздик шуда метавонад. Барои он ки шахс ба Яҳува наздик шавад, вақт лозим аст. Агар мо бодиққат омӯзиш карда маслиҳатҳои Каломи Худо ва ташкилоти ӯро ба кор барем, мо оҳиста-оҳиста хислатҳоеро, ки Масеҳ дорад, дар худ инкишоф медиҳем. Инчунин дониши мо дар бораи Худованд зиёд мешавад. Аҳамият диҳед, ки чӣ тавр Исо инро бо мисоле фаҳмонд.
17–23 МАРТ
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО ПАНДНОМА 5
Аз бадахлоқӣ дурӣ ҷӯед
w00 15.7 саҳ. 29, сарх. 1
Дар ин ҷаҳони нопок, пок мондан имконпазир аст
Дар ин масал одами бероҳа чун «зани ғайр» ё фоҳиша тасвир шудааст. Ӯ бо суханони мисли асал ширин ва мисли равғани зайтун нармаш дили одамро мафтун мекунад. Бисёр корҳои бадахлоқона аз ҳамин хел дилбозиҳо сар шудаанд, ҳамин хел не? Духтари зебое бо номи Эми, ки 27 сол дораду котиба шуда кор мекунад, дар ин бора мегӯяд: «Як ҳамкорам ба ман аз ҳад зиёд ғамхорӣ менамояд ва доим бо ҳар баҳона таъриф мекунад. Албатта, вақте ягон кас ба ту таваҷҷуҳ мекунад, ин форам аст. Лекин ман нағз мефаҳмидам, ки фикру зикри ӯ танҳо алоқаи ҷинсӣ кардан аст. Ман ба доми фиреби вай афтидан намехостам». Хушомадзании ҳилагар одатан ба гӯш мефорад, лекин, вақте дилу нияташро мефаҳмӣ, он нофорам мешавад. Чӣ ба мо ёрдам мекунад, ки найрангҳои ин гуна шахсонро пай барем? Фаҳму фаросат.
w00 15.7 саҳ. 29, сарх. 2
Дар ин ҷаҳони нопок, пок мондан имконпазир аст
Оқибати бадахлоқӣ мисли тахач талх ва мисли шамшери дудама тез аст. Он бо худ дард ва ҳатто марг меорад. Оқибати талхи бадахлоқӣ инҳо буда метавонанд: азоби виҷдон, ҳомиладории номатлуб ё бемориҳои сироятие, ки ба воситаи алоқаи ҷинсӣ мегузаранд. Акнун як лаҳза ҳамсари хиёнатдидаро пеши назар оред, ки бечора чӣ қадар аз дарду ҳасрат хуни ҷигар мешавад. Хиёнати кас аввалу охирон бор бошад ҳам, он метавонад дили ҳамсарро чунон захмдор кунад, ки ӯ аз дарду алам, шояд, як умр сӯзад. Оре, бадахлоқӣ ба кас дарди ҷонкоҳ меорад.
w15 15.6 саҳ. 22, 23, сарх. 8–10
Мо метавонем пок бимонем
8 Дар Масалҳо 5:8 мо мехонем: «Роҳи худро аз вай [зани зинокор] дур соз ва ба дари хонаи вай наздик нашав». Аз боби 7-уми китоби Масалҳо мо дар бораи як ҷавоне мехонем, ки шабона аз назди хонаи зани зинокор мегузашт. Ҳама ҷо торик буд. Дар гӯшаи кӯча аз пеши ӯ зане мебарояд, ки чун фоҳиша либос пӯшида буд. Ин зан ӯро ба оғӯш мегирад ва мебӯсад. Зан ба ҷавон суханонеро мегӯяд, ки дар ӯ хоҳиши нодурустро бедор мекунанд. Ӯ бо ин хоҳишҳо мубориза намебарад ва дар натиҷа ба зино даст мезанад. Равшан аст, ки ин ҷавон ба ин кор даст заданӣ набуд. Ӯ аз сабаби бетаҷрибагӣ ва норасоии дурандешӣ ин корро кард. Бо вуҷуди ин ҷавон оқибати бади рафторашро чашид. Кошки ӯ худро аз он зан дур мегирифт! (Мас. 7:6–27).
9 Агар дар бораи оқибати рафторамон фикр накунем, мо низ метавонем мисли он ҷавон қарори нодуруст қабул кунем. Масалан, шабона дар баъзе барномаҳои телевизионӣ чизҳои бадахлоқона нишон медиҳанд. Барои ҳамин хеле хатарнок мебуд, агар мо танҳо аз рӯи кунҷкобӣ барномаҳоро гузарондан гирем. Ҳамчунин хатарнок мебуд, агар мо ишораи ҳар гуна навиштаҷоти ношиноси интернетиро зер мекардем ё аз чатҳо ва сайтҳои интернетӣ, ки бадахлоқии ҷинсиро ташвиқ мекунанд ва ё ишора ба порнография доранд, истифода мебурдем. Дар чунин вазъиятҳо чизе ки мо мебинем, метавонад дар мо хоҳиши бадахлоқонаро бедор кунад, ин бошад, моро ба беитоатӣ ба Яҳува тела медиҳад.
10 Китоби Муқаддас ҳамчунин маслиҳат медиҳад, ки марду зан бояд нисбати якдигар чӣ гуна муносибат кунанд. (1 Тимотиюс 5:2-ро бихонед.) Масеҳиён ба шахсе ки ҳамсарашон нест ё шахсе ки бо ӯ оиладор шуданӣ нестанд, таваҷҷӯҳи нораво зоҳир намекунанд. Онҳо бо ҳиссиёти дигарон бозӣ намекунанд. Шояд баъзеҳо фикр мекунанд, ки агар онҳо бо имову ишора, ҳаракати бадан ва нигоҳи худ бо касе ишқбозӣ кунанд, ин зараре надорад, чунки онҳо ба якдигар даст намерасонанд. Лекин зоҳир кардани чунин таваҷҷӯҳ нисбати ҷинси муқобил ё ҷавоб додан ба он метавонад дар сари мо фикрҳои нопокро пайдо кунад ва моро ба содир кардани бадахлоқии ҷинсӣ тела диҳад. Пештар чунин ҳолатҳо рӯй дода буданд ва ҳоло ҳам рӯй дода метавонанд.
Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом
Назари Худо ба муносибати маҳрамона
Муносибати маҳрамона атои Яҳува аст. Ӯ мехоҳад, ки аз он марду зане хурсандӣ гиранд, ки бо ҳам оиладоранд. Ин ато на танҳо барои ба дунё овардани фарзанд дода шудааст, он ҳамчунин як роҳи нишон додани меҳру муҳаббат мебошад. Бинобар ин дар Каломи Худо гуфта шудааст: «Бо зани ҷавонии худ шод бошӣ» (Панднома 5:18, 19). Яҳува мехоҳад, ки ҳамсарон ба якдигар вафодор бошанд ва ҳеҷ гоҳ хиёнат накунанд. (Ибриён 13:4-ро хонед.)
24–30 МАРТ
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО ПАНДНОМА 6
Мо аз мӯрчаҳо чиро ёд мегирем?
it «Мӯрча»
«Хиради табиӣ». «Хиради» мӯрчаҳо аз бошуурияшон нест, балки табиаташон чунин аст, яъне Офаридгорамон мӯрчаҳоро чунин сохтааст. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки мӯрча «хӯроки худро тобистон тайёр мекунад ва ғизояшро дар мавсими ғунучини ҳосил захира менамояд» (Пнм 6:8). Дар Фаластин як намуди мӯрчаро, ки мӯрчаи даравгар (Messor semirufus) ном дорад, бештар вохӯрдан мумкин аст. Ин мӯрчаҳо баҳору тобистон меҳнат карда ғалла захира мекунанд, то дар рӯзҳои сахту сард, масалан, дар зимистон хӯрок дошта бошанд. Ин ҳашаротро бештар дар ҷойҳое, ки ғалла бисёр аст — хирмангоҳ ва анборхонаҳо, вохӯрдан мумкин аст. Вақте донаҳо аз борон нам мекашанд, мӯрчаҳои даравгар онҳоро берун бароварда, дар офтоб хушк мекунанд. Инчунин ин мӯрчаҳо ҷойи нешзадаи ғаллаҳоро мехоянд, то онҳо дар захирагоҳ насабзанд. Хонаи мӯрчаҳои даравгарро аз рӯйи пайраҳаҳои поймолшуда ва сабӯси донаҳо, ки дар даромадгоҳи хонаашон рехтаанд, ёфтан мумкин аст.
Дарс барои мо. Суханони дар боло зикршуда гуфтаҳои зеринро ҷон мебахшанд: «Эй танбал, назди мӯрча бирав, рафтори онро биомӯз ва бохирад шав» (Пнм 6:6). Мӯрчаҳо на танҳо бо қобилияти табиии захиракуниашон сазовори диққати моянд. Меҳнатдӯстӣ ва тобоварии онҳо низ ҷолиб аст. Ин мӯрчаҳои заҳматкаш бори аз худашон ду ё се баробар вазнинро мекашонанд ва зӯр зада вазифаи худро иҷро мекунанд. Ҳатто теппаҳои баланд пеши роҳи онҳоро гирифта наметавонанд. Онҳо ҳангоми ба теппа баромадан афтанд ҳам, ба по хеста, корашонро давом медиҳанд. Тартибу низоми мӯрчаҳоро дида кас лол мемонад. Онҳо хонаи худро тозаву озода нигоҳ медоранд ва дар ҳаққи ҳамкоронашон ғамхорӣ мекунанд, масалан, ба мӯрчаи хаста ё захмӣ барои то хона расиданаш кумак мерасонанд.
w09 15.4 саҳ. 5, сарх. 9, 10
Хиради Яҳува дар офаридаҳояш аён аст
9 Мо аз мӯрчаҳо чӣ дарсе омӯхта метавонем? Агар мо ба чизе муваффақ шудан хоҳем, мо ҳам бояд мисли онҳо саъю кӯшиш ба харҷ диҳем. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Назди мӯрча бирав, рафтори онро бингар ва ҳикмат биомӯз, ки вай қозӣ, мулозим ва ҳоким надорад, лекин хӯроки худро тобистон тайёр мекунад, ғизои худро дар мавсими дарав захира менамояд» (Мас. 6:6–8). Ҳам Яҳува ва ҳам Меъмори моҳири Ӯ — Исо меҳнатдӯст мебошанд. «Падари Ман то кунун кор мекунад,— гуфт Исо,— ва Ман низ кор мекунам» (Юҳ. 5:17).
10 Ба Худо ва Масеҳ пайравӣ намуда, мо низ бояд меҳнатдӯст бошем. Новобаста аз он ки дар созмони Яҳува кадом супоришро иҷро мекунем, мо ҳама бояд «дар кори Худованд ҷадал» намоем (1 Қӯр. 15:58). Аз ин рӯ, мо ба суханони Павлус, ки ӯ ба масеҳиёни Рум гуфта буд, гӯш медиҳем: «Ҷидду ҷаҳдро суст накунед; рӯҳи пурҳарорат дошта бошед; Худовандро бандагӣ намоед» (Рум. 12:11). Саъю кӯшише, ки мо дар иҷрои иродаи Худо ба харҷ медиҳем, беҳуда нест, зеро Китоби Муқаддас моро эътимод мебахшад: «Худо беадолат нест, ки кори шуморо, ва он меҳнати муҳаббатеро, ки ба исми Ӯ зоҳир... мекунед, фаромӯш кунад» (Ибр. 6:10).
Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом
w00 15.9 саҳ. 27, сарх. 3
Обрӯйи нек дошта бошед
Дар ин панднома паҳлуҳои гуногуни бадӣ — ҳафт намуди асосии он, оварда шудааст. Ба андешаи бад «чашмони ҳавобаланд» ва диле, ки «қасди бад мепарварад», ба гуфтори бад бошад, «забони дурӯғгӯй» ва шоҳиди дурӯғгӯе, ки «ягон гапи рост намегӯяд» дохил мешаванд. Рафтори бад дастонеро, ки «хуни ноҳақ мерезанд» ва пойҳоеро, ки «сӯйи бадӣ мешитобанд» дар бар мегирад. Яҳува, хусусан, аз онҳое нафрат дорад, ки одамонро ҷанг меандозанду худашон аз дур истода тамошо мекунанд ва ҳаловат мебаранд. Аз шаш ба ҳафт иваз шудани намуди бадӣ нишон медиҳад, ки ин ҷо рӯйхати нопурраи корҳои бад оварда шудааст, чунки одамон ҳар рӯз ба бадкории нав ба нав даст мезананд.
31 МАРТ — 6 АПРЕЛ
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО ПАНДНОМА 7
Аз вазъиятҳои васвасаангез даргурез бошед
w11 15.11 саҳ. 9, сарх. 16
«Ба хиради худ такя накун»
16 Дар мубориза бо васвасаҳо дуо гуфтан муҳим аст, аммо мо бояд донем, ки маҳз дар кадом лаҳза дуо гуфтан лозим аст. Мисоли ҷавонеро аз Масалҳо 7:6–23 дида мебароем. Ин ҷавон дар ними шаб ба кӯчае меравад, ки он ҷо зани фоҳиша зиндагӣ карданашро вай медонист. Ӯ бо суханони боваркунанда ва нармзабонии фоҳиша гумроҳ карда шуд ва мисли барзагове, ки барои куштан бурда мешавад, аз ақиби вай меравад. Чаро ин ҷавон ба он кӯча рафт? Аз сабаби «беақл», яъне «соддадил» буданаш, эҳтимол хоҳишҳои нодуруст ӯро сахт ба ташвиш меоварданд (Мас. 7:7). Дар кадом лаҳза дуо гуфтан барои ӯ манфиати бештар меовард? Албатта дар вақти бо ин васваса мубориза бурдан, барояш дар ҳар маврид дуо гуфтан муҳим буд. Аммо маҳз ҳамон вақт барои дуо гуфтан мавриди аз ҳама мувофиқ мебуд, вақте ки дар дилаш якум бор хоҳиши ба ин кӯча рафтан пайдо шуд.
w00 15.11 саҳ. 30, сарх. 4–6
«Амрҳои маро ба ҷо ору зинда мон»
Ин зан ширинзабонӣ мекунад. Ӯ берӯ аст ва бе ягон шарму ҳаё ҳарф мезанад. Вай як ба як суханонашро хуб фикр карда, дар гирди ҷавон тор метанад, то ӯро ба дом афтонад. Дар бораи қурбониҳои осоиштагӣ гап задани ин зан низ беҳуда нест, вай мехоҳад худро росткору худотарс нишон диҳад. Одатан барои қурбонии осоиштагӣ ба ибодатгоҳи Ерусалим гӯшт, орд, равған ва шароб меоварданд (3 Мӯсо 19:5, 6; 22:21; 4 Мӯсо 15:8–10). Шахс аз қурбонии овардааш метавонист, ки ҳиссае барои худ ва оилааш бигирад, яъне ин зан ҷавонро хабар карданист, ки дар хонааш барои ӯ зиёфат оростааст. Аниқу равшан ва фаҳмост, ки ин зан чунин гуфтан мехоҳад: «Биё кайфу софо кунем!». Ба назар чунин метофт, ки ӯ аз хона маҳз ба шикори ин ҷавон баромадааст. Ин зан худро ғамхорак нишон медиҳад ва умед дорад, ки ягон кас ба афсонааш бовар мекунад. Як олими Китоби Муқаддас мегӯяд: «Рост аст, ки ин зан роҳи касеро мепоид, лекин аниқ маълум нест, ки ӯ маҳз ҳамин ҷавонро интизор буд. Одатан ба доми чунин занҳо танҳо ин ҷавон барин одамони содаву беақл меафтанд».
Зани ҳилагар танҳо бо суханони нарму либоси ҷаззоб ва бӯсу канор диққати ҷавонро ба худ ҷалб карданӣ нест. Вай акнун мекӯшад, ки бо чизҳои хушбӯй ҷавонро мафтун кунад. Ӯ мегӯяд: «Бар ҷогаҳам матоъҳои базеб, катони мисрии ранга, паҳн кардаам, бар бистарам мурру уду дорчин пошидаам» (Панднома 7:16, 17). Ин зан ҳунари худро ба кор бурда, ҷогаҳашро бо катони мисрии ранга оро медиҳад ва ба он атрҳои беҳад хушбӯй, мурру уду дорчин, мепошад.
Ӯ суханашро давом дода мегӯяд: «Биё то саҳар аз ишқбозӣ сер шавем ва сармасти бӯсу канор гардем». Ин зан ҷавонро танҳо ба вохӯрии дӯстонаву хӯроки шом даъват намекунад. Вай ба ҷавон ваъда медиҳад, ки ин шомашон бо ишқбозӣ, яъне алоқаи ҷинсӣ, мегузарад. Ин пешниҳоди зан ба ҷавон дилкашу ҷолиб метобад. Зани маккор боз чунин мегӯяд: «Шавҳарам дар хона нест, ба сафари дур рафтааст. Ӯ бо худ халтаи пул гирифтааст ва то рӯзи моҳи пурра барнамегардад» (Панднома 7:18–20). Зан ҷавонро дилпур карданӣ аст, ки ба онҳо хатаре таҳдид намекунад — охир, шавҳараш ба сафари корӣ рафтааст ва чанд вақт дар хона намешавад. Шубҳае нест, ки ҳилаву найранги ин зан дар деги макр пухтааст. Зан «бо суханони дилфиреби бисёр ӯро гумроҳ месозад ва бо ширинзабонӣ фирефта мекунад» (Панднома 7:21). Агар ин ҷавон мисли Юсуф иродаи сангин дошта бошад, аз ин васваса гурехта метавонад (1 Мӯсо 39:9, 12). Оё ин ҷавонмард истодагӣ мекунад?
Минбаъд низ худотарс бошед!
10 Касоне, ки гирифтори балои зино мешаванд, якумр аз шармандагӣ, ҳисси нодаркорӣ, ҳомиладории нохоҳам ва пош хӯрдани оила азоб мекашанд. Барои ҳамин, агар боақл бошем, таклифи «зани аблаҳ»-ро рад мекунем. Бисёр касонеро, ки ба чанголи бадахлоқӣ афтодаанд, марги рӯҳонӣ интизор аст. Ба болои ин, онҳо ба бемориҳое мубтало мешаванд, ки оқибаташон марги аслӣ, марги бемаҳал, буда метавонад (Пнм. 7:23, 26). Боби 9-ум бо ояти 18 хулоса шудааст: «Меҳмонони вай дар чуқурии гӯр мебошанд». Набошад, барои чӣ бисёриҳо таклифи маргбори «зани аблаҳ»-ро қабул мекунанд? (Пнм. 9:13–18).
Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом
w00 15.11 саҳ. 29, сарх. 1
«Амрҳои маро ба ҷо ору зинда мон»
Пайғамбар Сулаймон суханонашро давом дода мегӯяд: «Онҳоро ба ангуштонат бибанд ва бар лавҳи дилат бинавис» (Панднома 7:3). Ангуштони дастамон ҳамеша пеши назарамон ҳастанд, мо бо онҳо бисёр корҳоро иҷро мекунем. Ба ин монанд, панду насиҳати Китоби Муқаддас бояд ҳамеша пеши назарамон бошанд ва хеле муҳим аст, ки доим аз рӯйи онҳо амал кунем. Ба мо лозим аст, ки чизҳои омӯхтаамонро дар лавҳи диламон нависем, то онҳо дар вуҷудамон ҷо шаванд.
7–13 АПРЕЛ
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО ПАНДНОМА 8
Хирадро аз Исо омӯзед
cf саҳ. 131, сарх. 7
«Ман Падарро дӯст медорам»
7 Дар ояти 22 «хирад» чунин мегӯяд: «Яҳува маро оғози роҳи худ сохтааст, ман аз амалҳои қадимааш аввалин будам». Ин ҷо сухан танҳо дар бораи хирад намеравад. Яҳува Худо ҳамеша вуҷуд дошт, ӯ аз аввал хирадманд буд, аз ин рӯ хирадаш оғоз надошт (Забур 90:2). Писари Худо бошад, «аввалин офаридааш» аст (Қӯлассиён 1:15). Ӯро аввалин маҳсули дасти Худо номидан мумкин аст. Чи хеле ки дар Панднома омадааст, Писари Худо пеш аз офарида шудани замину осмон вуҷуд дошт. Ӯ Калом буд, яъне ҳар як суханаш хиради Худоро комилан инъикос мекард (Юҳанно 1:1).
Ба кадом маъно Исои Масеҳ Писари Худо номида шудааст?
Ӯ ба Худо дар офаридани дигар мавҷудот дастёр буд. Исо дар назди Худо «дастпарвард» буд (Масалҳо 8:30). Дар Калом оиди Исо гуфта мешавад: «Ба воситаи ӯ ҳамаи чизҳои дигар дар осмон ва дар замин офарида шудаанд» (Қӯлассиён 1:16).
Худо ба воситаи Исо дигар мавҷудот, аз ҷумла фариштагон ва оламро офаридааст (Ваҳй 5:11). Аз як ҷиҳат, ҳамкории Худо ва Исоро бо ҳамкории меъмор ва бинокор муқоиса кардан мумкин аст. Меъмор тарҳи биноро мекашад, бинокор бошад, онро месозад.
w09 15.4 саҳ. 10, сарх. 14, 15
Исо — Довуди бузургтар ва Сулаймони бузургтар аст
14 Танҳо як инсон бечунучаро аз Сулаймон хирадмандтар мебошад. Ин Исои Масеҳ аст ва ӯ худро «Шахсе аз Сулаймон бузургтар» номид (Мат. 12:42). Исо «суханони ҳаёти ҷовидонӣ» мегуфт (Юҳ. 6:68). Масалан, Мавъизаи Болоикӯҳии ӯ принсипҳои баъзе масалҳои Сулаймонро чуқуртар мефаҳмонад. Сулаймон як қатор омилҳоеро номбар кард, ки ба хушбахтии ходимони Яҳува мусоидат мекунанд (Мас. 3:13; 8:32, 33; 14:21; 16:20). Исо таъкид кард, ки хушбахтии ҳақиқӣ аз чизҳое вобаста аст, ки бо ибодати Яҳува ва иҷрошавии ваъдаҳои Худо алоқаманданд. Ӯ гуфт: «Хушо мискинони рӯҳ, зеро ки Малакути Осмон аз они онҳост» (Мат. 5:3). Касоне, ки принсипҳои дар таълимоти Исо асосёфтаро ба кор мебаранд, ба Яҳува — «чашмаи ҳаёт» наздик мешаванд (Заб. 35:10; Мас. 22:11; Мат. 5:8). Масеҳ таҷассумкунандаи «ҳикмати Худост» (1 Қӯр. 1:24, 30). Ва чун Подшоҳи Масеҳоӣ, Исо дорои «рӯҳи ҳикмат ва хирад» аст (Иш. 11:2).
15 Чӣ тавр мо чун пайравони Сулаймони Бузургтар аз хиради илоҳӣ баҳра бурда метавонем? Азбаски хиради Яҳува дар Каломи Ӯ ниҳон аст, барои ҷустуҷӯи он мо бояд сахт кӯшиш кунем. Мо бояд Китоби Муқаддасро бодиққат омӯзем, хусусан ба суханони Исо аҳамият диҳем ва оиди маълумоти хондаамон мулоҳиза кунем (Мас. 2:1–5). Ғайр аз ин, аз Худо боисрор хирад пурсидан лозим аст. Каломи Худо моро итминон мебахшад, ки агар аз Худо самимона кӯмак пурсем, Ӯ дуоҳоямонро мешунавад (Яъқ. 1:5). Бо кӯмаки рӯҳулқудс мо дар Каломи Худо ганҷҳои ҳикматро хоҳем ёфт ва ин дар навбати худ кӯмак менамояд, ки мушкилиҳоро паси сар кунем ва қарорҳои оқилона қабул намоем (Луқ. 11:13). Сулаймон ҳамчунин «даъваткунандаи ҷамоат» (ТДН), номида шудааст, зеро ӯ халқи худро барои ибодат кардани Худо ҷамъ менамуд ва пайваста «донишро ба қавм» меомӯзонд (Воиз 12:9, 10). Исо низ даъваткунандаи ҷамоат аст, зеро ӯ чун Сарвари ҷамъомади масеҳӣ, пайравонашро ба ибодат кардани Яҳува даъват мекунад (Юҳ. 10:16; Қӯл. 1:18). Аз ин рӯ, мо бояд ба вохӯриҳои ҷамъомад, ки он ҷо доимо «дониш» меомӯзем, ташриф орем.
Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом
w22.10 саҳ. 18, 19, сарх. 1, 2
Ҳикмат нидо карда истодааст
1 ДАР бисёр давлатҳо воизони хушхабарро дидан мумкин аст, ки бо чеҳраи кушод дар кӯчаҳои серодам ба роҳгузарон адабиёт медиҳанд. Оё шумо ягон бор дар ин намуди хизмат иштирок кардаед? Агар ҳа, бешубҳа, оиди ибораи образноке фикр кардед, ки дар китоби Панднома гуфта шудааст. Он дар бораи ҳикматест, ки дар кӯча нидо мекунад, то одамон ба он гӯш диҳанд. (Панднома 1:20, 21-ро хонед.) Китоби Муқаддас ва адабиёти ташкилотамон ин «ҳикмат», яъне хиради Яҳуваро дар бар мегирад. Бояд гуфт, ки одамон онро бояд шунаванд, чунки танҳо дар ин ҳол барои бо роҳи ҳаёт рафтан қадами аввалро гузошта метавонанд. Барои ҳамин, вақте ягон кас адабиёти моро қабул мекунад, мо бениҳоят хурсанд мешавем. Лекин афсӯс на ҳама одамон онро қабул мекунанд. Баъзеҳо нисбати меъёрҳои Каломи Худо бепарвоянд. Дигарон бошанд, ба ҳоламон механданд. Онҳо фикр мекунанд, ки Китоби Муқаддас аллакай куҳна шудааст. Ин гуна одамон таълимоти Каломи Худоро дар бораи меъёрҳои ахлоқӣ танқид карда мегӯянд, ки касе аз рӯйи онҳо зиндагӣ кунад сахтгир асту худро одил метарошад. Бо вуҷуди ин Яҳува аз муҳаббат хиради ҳақиқиро ба ҳама одамон дастрас кардааст. Чӣ тавр?
2 Китоби Муқаддас як роҳест, ки одамон ба воситаи он хиради Яҳуваро шунида метавонанд. Ин китоб қариб ба ҳар як шахс дастрас аст. Дар бораи адабиёти ташкилотамон чӣ гуфтан мумкин? Шукри Яҳува он ба зиёда аз 1000 забон дастрас мебошад. Онҳое, ки ба ҳикмат гӯш медиҳанд, яъне чизҳои омӯхтаашонро ба кор мебаранд, манфиат мегиранд. Вале аксари одамон ба овози ҳикмат гӯш намедиҳанд. Масалан, вақте онҳо қарор мебароранд, ба худ ё дигар одамон такя мекунанд. Онҳо ба мо шояд ҳатто бо назари паст нигаранд, чунки мо мувофиқи гуфтаҳои Каломи Худо зиндагӣ мекунем. Дар ин мақола муҳокима мешавад, ки чаро одамон ин тавр рафтор мекунанд. Вале дар аввал биёед фаҳмем, ки чӣ хел хиради илоҳиро ба даст оварда метавонем.
14–20 АПРЕЛ
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО ПАНДНОМА 9
Бохирад бошед ва ба маслиҳат гӯш диҳед
«Суханони хирадмандонро бишнав»
4 Бояд гуфт, ки вақте ба мо ягон кас маслиҳат медиҳад, ба мо қабул кардани он махсусан душвор аст. Мо ҳатто хафа шуда метавонем. Чаро? Ҳарчанд мо тан мегирем, ки нокомилем, лекин вақте ягон кас ба хатоямон ишора мекунад, маслиҳаташро қабул кардан бароямон осон нест. (Пандгӯ 7:9-ро хонед.) Дар чунин мавридҳо мо шояд худро сафед кунем, нияти маслиҳатдиҳандаро зери шубҳа гузорем ё аз тарзи маслиҳат доданаш хафа шавем. Шояд ҳатто ба камбудии он кас ишора карда гӯем, ки «аввал гиребони худашро бӯй кунад, баъд гап занад». Ҳамин тавр маслиҳате, ки ба мо маъқул намешавад, рад мекунем. Сипас шояд шахсеро кобем, ки ба табъи диламон маслиҳат диҳад.
«Суханони хирадмандонро бишнав»
12 Барои қабул кардани маслиҳат мо бояд фурӯтан бошем ва дар ёд дорем, ки то чӣ андоза нокомилему баъзан қарорҳои бехирадона мебарорем. Чи хеле фаҳмидем, вақте Айюб назари нодурусташро ислоҳ кард, Яҳува ӯро баракат дод. Чаро? Чунки ӯ фурӯтаниро пеша кард. Ӯ маслиҳати Элиҳуро, ки аз ӯ хеле ҷавон буд, қабул карда нишон дод, ки шахси фурӯтан аст (Айюб 32:6, 7). Бале, фурӯтанӣ кумак мекунад, ки маслиҳатро қабул кунем, ҳатто агар фикр кунем, ки сазовори он нестем ё онро шахсе диҳад, ки аз мо дида ҷавонтар аст. Пири ҷамоате аз Канада мегӯяд: «Азбаски мо ба худ аз як тараф баҳо дода наметавонем, пас, чӣ хел ислоҳ шавем, агар ба мо маслиҳат надиҳанд?» Масалан, ба кадоме аз мо лозим нест, ки дар хизмат хислатҳои самари рӯҳро инкишоф диҳад? (Забур 141:5-ро хонед.)
13 Маслиҳатро чун нишонаи муҳаббати Яҳува қабул кунед. Яҳува беҳбудии моро мехоҳад (Пнм. 4:20–22). Вақте ӯ ба воситаи Каломаш, адабиёти бар он асосёфта ё масеҳии баркамоле ба мо маслиҳат медиҳад, бо ин муҳаббаташро изҳор мекунад. Дар Ибриён 12:9, 10 гуфта мешавад, ки «ӯ моро доимо ба фоидаи худамон ислоҳ мекунад».
14 Ба маслиҳат диққат диҳед, на ба тарзи додани он. Баъзан мо фикр карда метавонем, ки тарзи додани маслиҳат нодуруст буд. Албатта, шахсе, ки маслиҳат медиҳад, бояд кӯшиш кунад, ки қабул кардани он осон шавад (Ғал. 6:1). Лекин, вақте касе ба мо маслиҳат медиҳад, беҳтараш диққатро ба худи маслиҳат равона кунем, ҳатто агар ба ақидаамон тарзи додани он начандон дуруст буд. Дар ин гуна мавридҳо хуб мебуд аз худ пурсем: «Тарзи дода шудани маслиҳат ба ман маъқул нашуда бошад ҳам, оё аз он барои худ ягон манфиат гирифта метавонам? Оё метавонам ба нокомилии маслиҳатдиҳанда неву ба худи маслиҳат диққат дода аз он манфиат гирам?» Бале, агар мо роҳи аз маслиҳат манфиат гирифтанро ёбем, аз рӯйи хирад амал мекунем (Пнм. 15:31).
w01 15.5 саҳ. 30, сарх. 1, 2
Хирад рӯзҳои ҳаётатро зиёд мегардонад
Хирадманд ба танбеҳ мисли масхарагар бепарво нест. Пайғамбар Сулаймон гуфтааст: «Хирадмандро танбеҳ деҳ ва ӯ туро дӯст хоҳад дошт. Хирадмандро сабақ омӯз ва ӯ бохирадтар мешавад» (Панднома 9:8б, 9а). Одами бохирад медонад, ки «дар аввал ислоҳу сарзаниш ба кас на хурсандӣ, балки ғаму дард меорад, лекин баъд барои касе, ки аз он адаб меомӯзад, меваи осоиштагиву росткорӣ ба бор меорад» (Ибриён 12:11). Шояд, баъзан қабул кардани маслиҳат осон набошад. Лекин, агар маслиҳат моро хирадмандтар созад, пас, чаро ба он гӯш надиҳем?! Аз маслиҳат сарпечидан ё худро сафед кардан аз рӯйи хирад нест.
Шоҳи бохирад, Сулаймон, суханашро давом дода мегӯяд: «Росткорро таълим деҳ ва ӯ ба донишаш дониш зам мекунад» (Панднома 9:9б). Донишгириву хирадомӯзӣ дар ҳама синну сол даркор аст. Вақте мебинем, ки чӣ тавр пиронсолон ҳақиқатро омӯхта, ҳаёташонро ба Яҳува мебахшанд, қабат-қабат гӯшт мегирем. Биёед ҳамеша дар пайи донишандӯзӣ бошем ва ақлу фаросатро кор фармоем!
w01 15.5 саҳ. 30, сарх. 5
Хирад рӯзҳои ҳаётатро зиёд мегардонад
Хирадманд шудан ё нашудан дар дасти худи шахс аст. Пайғамбар Сулаймон ин фикрро тасдиқ кардааст: «Агар хирадманд шавӣ, ба фоидаи худат мешавӣ, агар нописанд шавӣ, азобашро худат мекашӣ» (Панднома 9:12). Одаме, ки хирад ба даст овардааст, ба худаш фоида меорад, масхарагару нописанд бошад, ба бало мепечад. Бале, чизе корем, ҳамонро медаравем. Пас, биёед «сӯйи хирад гӯш ба қимор» бошем! (Панднома 2:2)
Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом
w06 15.9 саҳ. 17, сарх. 5
Фикрҳои манфиатбахш аз китоби Панднома
9:17 — «Оби дуздӣ» чист ва чаро он ширин аст? Китоби Муқаддас муносибати маҳрамонаи зану шавҳарро ба нӯшидани оби софу зулоли чоҳ монанд мекунад. Аз ин рӯ «оби дуздӣ»-ро нӯшидани шахс маънои онро дорад, ки ӯ пинҳонӣ бо шахсе, ки ҳамсараш нест, алоқаи ҷинсӣ мекунад (Панднома 5:15-17). «Оби дуздӣ» барои зинокорон ширин аст, зеро онҳо фикр мекунанд, ки касе аз ин кори бадашон хабар намеёбад.
21–27 АПРЕЛ
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО ПАНДНОМА 10
Чӣ моро, дар ҳақиқат, сарватманд мегардонад?
w01 15.7 саҳ. 25, сарх. 1–3
Баракатҳои росткорон
Росткоронро боз дигар баракатҳо интизоранд. «Дасти танбал камбағал месозад, вале дасти меҳнаткаш сарватманд мекунад. Писари дурандеш тобистон ҳосил меғундорад, вале писари нанговар дар мавсими дарав масти хоб аст» (Панднома 10:4, 5).
Суханони шоҳ Сулаймон хусусан барои даравгарон аҳамияти зиёд дорад. Охир, мавсими дарав вақти дамгирӣ нест. Дар вақти дарав сустӣ намудан ҳеҷ мумкин нест, баръакс, аз субҳ то шом меҳнат кардан лозим аст.
Исо дар бораи дарави рӯҳонӣ — ҷамъоварии одамон, ба шогирдонаш чунин гуфт: «Ҳосил, дар ҳақиқат, бисёр аст, лекин коргарон кам. Барои ҳамин аз Нозири дарав илтимос кунед, ки барои дарав коргар фиристад» (Матто 9:35–38). Соли 2000-ум беш аз 14 миллион нафар ба Шоми ёдбуди ҳазрати Исо омаданд. Ин адад аз шумораи худи Шоҳидони Яҳува қариб ду баробар зиёд аст. Оё ин нишонаи он нест, ки «ҳосил барои дарав тайёр аст»? (Юҳанно 4:35). Ходимони ҳақиқии Худо мувофиқи дуоҳояшон амал карда, дар кори шогирдсозӣ боғайратона иштирок менамоянд ва аз Нозири дарав илтимос мекунанд, ки барои кумакашон дастёри бештар фиристад (Матто 28:19, 20). Яҳува кӯшишу ғайрати онҳоро баракат дода истодааст. Соли 2000-ум зиёда аз 280 000 одам таъмид гирифт. Акнун онҳо низ кӯшиш доранд, ки омӯзгори бомаҳорати Каломи Худо шаванд. Биёед дар кори шогирдсозӣ пурра иштирок намуда, аз кори дарав хурсандиву қаноатмандӣ гирем.
w01 15.9 саҳ. 24, сарх. 3, 4
Бо роҳи росткорӣ равона шавед
Пайғамбар Сулаймон муҳим будани росткориро қайд намуда, гуфтааст: «Дороии сарватманд шаҳри ҳисордори ӯст, нодории камбағалон шикасти онҳост. Амали росткор сӯйи ҳаёт мебарад, вале самари бадкор — сӯйи гуноҳ» (Панднома 10:15, 16).
Чи тавре ки шаҳри ҳисордор сокинонашро ҳимоя мекунад, ҳамин хел боигарӣ низ шахсро дар вазъиятҳои ғайричашмдошт то андозае эмин медорад. Аммо, агар ба сари камбағал ногаҳон ягон нохушие ояд, ӯ аз нодорӣ нобуд шуда метавонад (Пандгӯ 7:12). Шоҳи хирадманд, Сулаймон, шояд, бо ин суханонаш мехост хатари боигариву камбағалиро нишон диҳад. Одами бой, мумкин, танҳо ба сарвати худ такя намуда, хаёл кунад, ки он ӯро мисли «девори мустаҳкам» ҳимоя мекунад (Панднома 18:11). Камбағал бошад, фикр карда метавонад, ки аз пушти нодорияш оянда надорад. Ҳамин тариқ ҳар дуи онҳо дар назди Яҳува номи нек пайдо намекунанд.
it «Баракат»
Яҳува одамонро баракат медиҳад. «Одамро баракати Яҳува бой мекунад, ки бо худ дарду ғам намеорад» (Пнм 10:22). Яҳува онҳоеро, ки ризояшро соҳиб шудаанд, баракат медиҳад. Ӯ онҳоро ҳимоя менамояд, роҳнамоӣ мекунад, комёб мегардонад ва ниёзҳояшонро ба таври беҳтарин қонеъ месозад.
Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом
w06 15.5 саҳ. 30, сарх. 18
Онҳое, ки дар беайбӣ роҳ мераванд, соҳиби баракат мешаванд
18 «Баракати Яҳува» халқашро рӯҳан бой мегардонад. Китоби Муқаддас моро дилпур месозад, ки ин баракат «бо худ дарду ғам намеорад» (Панднома 10:22). Пас, чаро ходимони бовафои Худо бо озмоишҳои бисёр рӯ ба рӯ мешаванд? Ба азобу уқубат кашиданамон асосан се сабаб вуҷуд дорад: 1) майли гунаҳкоронаамон (1 Мӯсо 6:5; 8:21; Яъқуб 1:14, 15), 2) таъсири Шайтон ва девҳояш (Эфсӯсиён 6:11, 12), 3) ҷаҳони бадкор (Юҳанно 15:19). Дуруст аст, ки Яҳува ба бадӣ роҳ медиҳад, аммо бадӣ аз тарафи ӯ нест, мо бо айби ӯ азоб намекашем. Ҳақиқат ин аст, ки «ҳар як ҳадияи нек ва ҳар як атои комил аз боло, аз ҷониби Падари нурҳост» (Яъқуб 1:17). Бале, баракати Яҳува бо худ ғаму дард намеорад.
28 АПРЕЛ — 4 МАЙ
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО ПАНДНОМА 11
Аввал андеша, баъд гуфтор
w02 15.5 саҳ. 26, сарх. 4
Беайбӣ росткоронро роҳнамоӣ мекунад
Беайбии росткор ва бадии бадкор ба дигарон таъсир мерасонад. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Худобехабар бо даҳонаш ёри худро ба шикаст мерасонад, вале росткоронро дониш наҷот медиҳад» (Панднома 11:9). Магар туҳмат, ғайбат, дашном ва сафсатагӯйӣ зиёновар нестанд? Сухани росткор бошад, ба кас осеб намерасонад, баръакс, он поку санҷида ва пур аз эҳтиром аст. Дониш росткорро фаҳм мебахшад, ки дурӯғи туҳматзанонро пай барад. Ана ба ҳамин маъно дониш росткоронро наҷот медиҳад!
w02 15.5 саҳ. 27, сарх. 2, 3
Беайбӣ росткоронро роҳнамоӣ мекунад
Росткорон ба хушбахтиву осоиштагии наздиконашон мусоидат мекунанд ва онҳоро ба роҳи нек ҳидоят менамоянд. Ин гуна одамон «шаҳрро обод» мегардонанд. Туҳматгарон ва нешзабонон, хусусан, агар онҳо дорои ягон мавқеъ бошанд, дар ҳама ҷо тухми бадӣ мекоранд, мисли хавотириву бадбахтӣ, баҳсу ҷидол, норозигӣ ва ғайра. Аз пушти ин хел сокинон дар шаҳр бетартибию ришвахӯрӣ паҳн мешавад ва ахлоқу иқтисодиёт паст меравад.
Принсипе, ки дар Панднома 11:11 омадааст, ба халқи Худо низ дахл дорад. Зеро росткорону боинсофон дар ҷамоатҳо, ки ба шаҳр монанд аст, бо якдигар ҳамкорӣ мекунанд. Агар дар ҷамоат шахсони рӯҳан баркамол — росткороне, ки дар беайбӣ роҳ мераванд, бисёр бошанд, пас дар байни бародару хоҳарон хушиву хурсандӣ, ғайрат ва корҳои хайр зиёд мешавад. Ин гуна ҷамоатҳо Яҳуваро ҷалол медиҳанд, ӯ бошад, онҳоро баракат медиҳад, то гул-гул шукуфанд. Баъзан, шояд, дар ҷамоат касе шикваю шикоят намояд ва дар ҳаққи бародару хоҳарон бадгӯйӣ ё айбҷӯйӣ кунад. Китоби Муқаддас ин гуна одамонро ба «решаи заҳрнок»-е монанд мекунад, ки сабзида, дигаронро нопоку заҳролуд мекунанд (Ибриён 12:15). Одатан мақсади ин хел касон дар ҷамоат роҳбарӣ намудан ё мавқеи намоён доштан аст. Чунин беинсофон ҳатто дар ҳаққи пирон ва бародару хоҳарон овозаҳои бардурӯғро паҳн карда мегӯянд, ки онҳо адолатхоҳ нестанду ба одамони дигар халқу миллат рӯйбинӣ мекунанд. Суханони онҳо дар байни ҷамоат ҷудоӣ андохта метавонанд. Пас, биёед ба гапи ин гуна шахсон гӯш надиҳем ва рӯҳан боз ҳам баркамол шуда, дар ҷамоат сулҳу ягонагиро нигоҳ дорем.
w20.03 саҳ. 21, 22, сарх. 12, 13
Кай сухан гуфтан бамаврид асту кай не?
12 Фарз мекунем, бародар ё хоҳар ягон маълумоти махфиро медонад. Мо чӣ хел рафтор мекунем? Масалан, шумо бо ҳамимоне шинос мешавед, ки дар мамлакати онҳо фаъолияти Шоҳидон манъ аст. Шояд аз ҳисси кунҷкобӣ шумо ба ӯ бисёр савол дода муфассал фаҳмидан хоҳед, ки дар он ҷо бародару хоҳарон чӣ хел хизмат мекунанд. Албатта, шумо ягон нияти бад надоред. Ва мо бародаронро дӯст медорем ва донистан дар бораи онҳо барои мо шавқовар аст. Ҳамчунин мо дар ҳаққи онҳо аниқтар дуо гуфтан мехоҳем. Вале дар ин маврид мо бояд ҷилави забони худро кашем ва бисёр савол надиҳем. Агар мо шахсро ба гуфтани маълумоти махфӣ маҷбур кунем, ин аз рӯйи муҳаббат намешавад. Мо ба он шахс ва ба бародару хоҳароне, ки ба ӯ боварӣ доранд, беэҳтиромӣ нишон медиҳем. Азбаски дар чунин давлатҳо фаъолияти мо манъ аст, ҳеҷ кадомамон намехоҳем, ки ба душвориҳои онҳо душвориҳои нав зам кунем. Ҳамчунин худи Шоҳидоне, ки аз чунин ҷойҳо мебошанд, набояд дар бораи фаъолияташон ба дигарон нақл кунанд.
13 Асосан ба пирон муҳим аст, ки мувофиқи принсипи Масалҳо 11:13 амал карда маълумоти махфиро ба дигарон нагӯянд. (Оятро хонед.) Ин душвор буда метавонад, хусусан агар пири ҷамъомад оиладор бошад. Ҳамсарон одатан фикрҳои махфӣ ва ҳиссиёту ташвишҳои худро ба якдигар мегӯянд. Вале пири ҷамъомад медонад, ки набояд сирри аъзоёни ҷамъомадро ба касе ошкор кунад. Дар акси ҳол ӯ аз боварӣ мебарояд ва обрӯяш паст мешавад. Бародарони масъул ҳамимононро «бо гапҳояшон фиреб» намедиҳанд, яъне ба баъзеҳо як гапу ба дигарон дигар чӣ намегӯянд (1 Тим. 3:8, эзоҳ). Онҳо набояд айёр ё ғайбатчӣ бошанд. Агар пири ҷамъомад занашро дӯст дорад, маълумоти ба ӯ дахлнадоштаро намегӯяд.
Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом
g20.1 саҳ. 11, чорчӯба
Чӣ тавр ташвишу хавотириямонро камтар кунем?
«ХАВОТИРИРО БО ЯРОҚИ МЕҲРУБОНӢ БИКУШ».
«Одами меҳрубон ба ҷони худ некӣ мекунад, вале сангдил ба сари худ бало меорад» (ПАНДНОМА 11:17).
Як боби китоби «Ғалаба бар стресс» (Overcoming Stress) чунин ном дорад: «Хавотириро бо яроқи меҳрубонӣ бикуш». Ба гуфти муаллифи он, Тим Кантофер, вақте шахс ба дигарон меҳрубон аст, худро хушбахттару бардамтар ҳис мекунад. Лекин, агар одам бемеҳр ва бераҳм бошад, баръакс, худро бадбахт ҳис мекунад, чунки бо ин гуна рафтораш ӯ дигаронро аз худ дур месозад.
Ба ин монанд, агар нисбати худ некбину меҳрубон бошем, ташвишу хавотириамон камтар мешавад. Масалан, мо набояд аз худ серталаб бошему иҷрои кореро бар дӯш гирем, ки зӯрамон ба он намерасад. Ҳамчунин набояд худро ночизу паст ҳисобем. Боре пайғамбар Исо чунин гуфта буд: «Ёри худро мисли худ дӯст дор» (Марқус 12:31).