ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
Тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • wp21 № 1 саҳ. 3-4
  • Дар бораи дуо одамон чӣ мегӯянд?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Дар бораи дуо одамон чӣ мегӯянд?
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2021
  • Маводи монанд
  • Дар дуо ба Худо наздик шавед
    Таълимоти Китоби Муқаддас
  • Чӣ тавр бояд дуо гӯем?
    Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?
  • Дуо шуморо ба Худо наздик мекунад
    То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
  • Чӣ тавр метавон ба Худо наздик шуд
    Донише, ки роҳнамои ҳаёти ҷовидонист
Маълумоти бештар
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2021
wp21 № 1 саҳ. 3-4
Одамон аз гӯшаю канори гуногуни дунё ба Худо дуо гуфта аз ӯ роҳнамоӣ меҷӯянд.

Дар бораи дуо одамон чӣ мегӯянд?

«Вақте ман дуо мегӯям, ҳис мекунам, ки Худо гӯё дар барам аст ва вақте ки чӣ кор карданамро намедонам, Ӯ гӯё аз дастам дошта ба ман роҳ нишон медиҳад» (МАРИЯ).

«Ҳамсари ман 13 сол бо бемории саратон мубориза бурда оқибат вафот кард. Дар ёдам ҳаст, ки чӣ хел ман ҳар рӯз ба Худо дуо мегуфтам ва ҳис мекардам, ки Ӯ ҳақиқатан маро мешунавад ва дардамро мефаҳмад. Ҳамин тавр дили ман ором мешуд» (РАВШАНa).

«Дуо тӯҳфаи беҳамтои Парвардигор ба одамон аст» (АРНЕ).

Барои Мария, Равшан, Арне ва бисёриҳо дуо тӯҳфаи бебаҳои Худованд аст. Онҳо ҳис мекунанд, ки ба воситаи дуо метавонанд бо Худо гап зананд, ба Ӯ шукрона гӯянд ва аз Ӯ мадад пурсанд. Онҳо шубҳа надоранд, ки гуфтаҳои зерини Китоби Муқаддас дар бобати дуо ҳаққанд: «Дилпурии мо дар он аст, ки агар чизеро мувофиқи хости Худо пурсем, Ӯ моро мешунавад» (1 Юҳанно 5:14).

Вале бисёриҳо ба ин гуфтаҳои Китоби Муқаддас боварӣ надоранд. Стив мефаҳмонад: «Вақте ман 17-сола шудам, се дӯстам дар натиҷаи ҳодисаи нохуш аз олам гузашт,— якеаш дар садамаи автомобилӣ ҳалок гашт, ду нафари дигар дар баҳр ғарқ шуданд». Стив чӣ кор кард? «Ман ба Худо дуо гуфта фаҳмидан мехостам, ки чаро ин чизҳо рӯй доданд, лекин ҷавоб намеёфтам. Баъд хулоса кардам, ки ба Худо дуо гуфтан бефоида аст». Ба назари бисёриҳо чунин метобад, ки Худо ба дуоҳои онҳо ҷавоб намедиҳад, аз ин рӯ онҳо фикр мекунанд, ки дуо гуфтан ҳеҷ маъно надорад.

Боз аз сабабҳои дигар баъзеҳо дуо гуфтанро бефоида меҳисобанд. Баъзеҳо мегӯянд, ки азбаски Худо аз ҳама чӣ бохабар аст, Ӯ аллакай медонад, ки мо ба чӣ мӯҳтоҷем ё чӣ гуна проблема дорем, аз ин рӯ ҳамаи инро ба Ӯ гуфтан шарт нест.

Дигарон фикр мекунанд, ки аз сабаби гуноҳҳои пештараашон Худо дуоҳои онҳоро гӯш намекунад. Масалан, Ҷенни мегӯяд: «Ҳама гап дар сари он, ки ман худро аз ҳад носазовор ҳис мекунам. Афсӯс мехӯрам, ки пеш ман ба корҳои ношоиста даст зада будам. Барои ҳамин боварӣ надорам, ки Худо маро гӯш мекунад».

Дар калисое як зан ба осмон нигариста дуо гуфта истодааст, дигарон сарҳои худро хам карда дуо мегӯянд.

Шумо дар бобати дуо чӣ фикр доред? Агар шумо низ чунин саволҳо ва шубҳаҳо дошта бошед, ҷавобҳои қонеъкунандаи Китоби Муқаддас ба шумо тасаллӣ бахшида метавонанд. Ҳама чизе ки Китоби Муқаддас дар бораи дуоb мегӯяд, сад фоиз сазовори боварист! Ин китоб ба шумо кӯмак мекунад, ки ба саволҳои зерин ҷавоб ёбед:

  • Оё Худо дуоҳои моро дар ҳақиқат мешунавад?

  • Чаро баъзе дуоҳо беҷавоб мемонанд?

  • Чӣ тавр бояд дуо гӯем, ки Худованд моро шунавад?

  • Дуо ба шумо чӣ тавр ёрӣ медиҳад?

a Баъзе номҳо иваз шудаанд.

b Дар Китоби Муқаддас дуои бисёр хизматгорони Худо, аз он ҷумла ҳазрати Исо оварда шудаанд. Навиштаҳои Ибронӣ, ки мардум одатан онҳоро чун Таврот ва Забур мешиносанд, беш аз 150 дуоро дар бар мегирад.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • Тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан